ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАБИАТ. АГАР ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ҲИФЗ НАШАВАНД...

ТАБИАТ. АГАР ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ҲИФЗ НАШАВАНД...

25 май 2023, Панҷшанбе
388
0
 
Кишвари мо дорои захираҳои бойи олами набототу рустаниҳои шифобахш буда, аз онҳо метавон дар саноати дорусозӣ ва косметология васеъ истифода бурд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4 ҳазор намуди рустании дараҷаи олӣ мавҷуд аст, ки аз ин 1500-тоаш шифобахш мебошад. 
“Канзи шифо”- и Абуалӣ ибни Сино аз он далолат медиҳад, ки аз қадим дар мо гиёҳдармонӣ ва истифодаи рустаниҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои табобат маъмул аст. Вале ҳоло дар замони технология ин сарватҳои табиӣ, ки дар дохил ва хориҷ талабгори зиёд доранд, пурра истифода ва коркард намешаванд, чаро?
РУСТАНИҲО ИҚТИДОРИ  БУЗУРГИ САНОАТӢ  ДОРАНД
Тавре маълум аст, мутахассисони соҳаи тиб, ҷангалпарварон ва шахсони алоҳида ба омӯзиши гиёҳҳо саъю кӯшиш намуда, барои аз онҳо тайёр кардани маводи доруворӣ корҳои зиёде ба сомон расонданд. Ин ҷо тавлидоти чойхалтаҳои дармонбахш, ҳар гуна маҳлулҳои аз гулу гиёҳ тайёршуда ва баъзан дар шакли ҳаб дору истеҳсол гардидаро нодида гирифтан нодуруст аст. Аммо, бо вуҷуди ин, бо он иқтидори табиие, ки кишвари мо доро мебошад, чунин вазъи дар истеҳсолот истифода шудани рустаниҳо қонеъкунанда нест.  
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 намуди рустаниҳо ҳамчун гиёҳҳои шифобахш барои коркард ва истифода ба сифати маводи доруворӣ тавсия дода мешавад. Мутаассифона, аз ин миқдор имрӯз танҳо 23 номгӯи гиёҳҳо барои табобат ҷамъоварӣ мешаванду халос. Асосан, гиёҳҳои шифобахш ба монанди чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, чоқула, ҳазориспанд, ширинбия, тахачи сафед, газанда, амонқара, роҳдавак ва ғайраҳо аз тарафи идораҳои ҷангал ва шахсони алоҳида ҷамъоварӣ мегарданд, вале онҳо барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ хеле нокифоя истифода мешаванд. 
Хусрав Халифаев, сардори шуъбаи стандартонии маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, изҳор намуд, ки олами наботот, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахш, асрҳост, ки ба саломатии инсон фоида расонда дар тибби халқӣ ва муосир мақоми махсусро ишғол менамояд. Солҳои охир талаботи корхонаҳои дорусозии кишвари мо ва ҷаҳон ба рустаниҳои  худрӯйи табобатӣ зиёд гардидаанд, вале бинобар пурра ба роҳ монда нашудани парвариш ва коркард, ҷамъоварии онҳо ҳанӯз хеле кам аст. 
– Захираҳои калони гиёҳҳои худрӯйи шифобахш дар заминҳои ғайри корам мавҷуд мебошанд ва ба танзими дуруст ниёз доранд,  – гуфт Хусрав Халифаев.
 
 
БАЪЗЕ  ГИЁҲҲО АЗ ҶИҲАТИ ИЛМӢ ҲАНӮЗ ҲАМ ПУРРА  ОМӮХТА НАШУДААНД 
Шифо Қурбонбекова, ходими илмии озмоишгоҳи экология ва захираи растании Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз иқтидори бузурги олами набототу рустаниҳои дар кишвар мавҷудбуда истифодабарии дурусти онҳо, махсусан дар саноат, ҳанӯз комилан муайян нашудааст. Яке аз сабабҳо он аст, ки рустаниҳои  ба монанди настаран, чоқула, мехчагул ё худ мухаллас, кокутӣ, камоли кӯҳистонӣ ва ғайраҳо аз ҷиҳати илмӣ пурра омӯхта нашудаанд. Дар ҳоле ки аз ин гиёҳҳо метавон дорувории воридотивазкунанда истеҳсол намуд. Масалан, аз мухаллас барои фишорбаландӣ ва аз кокутӣ  барои бемориҳои асаб, ки таъсири оромкунанда дорад, дору тайёр кардан мумкин аст. Илова бар ин, намудҳои авлоди камол хусусияти табобатӣ дошта, дар кишвари мо 37 номгӯи он мерӯяд ва барои истифода дар истеҳсолот мувофиқанд. Ё ин ки решаи ширинбия барои табобати касалиҳои зуком, узвҳои нафаскашӣ, бронхит, гастрит (дарди меъда), ҷароҳатҳои астма ва ғайраҳо истифода мешавад.
– Теъдоди ин гуна рустаниҳо бениҳоят зиёданд ва онҳо ба таҳқиқи дақиқ ниёз доранд, – таъкид дошт Шифо Қурбонбекова. 
Ба гуфтаи номбурда, яке аз омилҳои манфии таъсиррасон ба олами набототу рустаниҳо ин ғайримақсаднок ва нодуруст чиндани онҳо аз табиат мебошад. Рустаниҳо набояд ғайриоқилона аз табиат ҷамоварӣ шаванд, зеро бисёри онҳо худрӯй буда, ба худ муносибати хос металабанд. Боиси таассуф аст, ки дар бисёр маврид аз сабаби рафтори дағалонаи аҳолӣ ва хоҷагиҳои ҷангал нисбат ба олами набототу рустаниҳо теъдоди баъзе аз гиёҳҳо ба нестӣ рафтаанд. Аз қабили зираи форсӣ, камоли сумбул ва камоли муғулкӯҳ.
Воқеан, оқилона ва самаранок истифода бурдани рустаниҳо имконият медиҳад, ки дар табиат, пеш аз ҳама, захираи гуногуни гиёҳҳо нигоҳ дошта шуда, баъдан, ҳаҷми он барои истеҳсолот муайян гардад. Ин бисёр муҳим аст, зеро ҳоло аксари ширкатҳои коркарди гиёҳҳо ба ҳаҷми зиёди рустаниҳои фоидаовар ниёз доранд. Тавре гуфтем, яке аз воситаҳои нигоҳдорӣ ва зиёд кардани захираи рустаниҳои шифобахш ин ба роҳ мондани кишти онҳо мебошад. Чанд сол қабл ширкатҳои маъмули фармасевтӣ дар 800 гектар замин парвариш ва кишти гиёҳҳоро ҳам таҷриба намуданд, аммо кор бенатиҷа анҷом ёфт: сабзиш ва ба воя расондани гиёҳҳоро таъмин карда натавонистанд.
 
РОҲБАРОНИ ХОҶАГИҲОИ ҶАНГАЛ ЧӢ МЕГӮЯНД?
Иноят Фаттоҳов, сармутахассиси раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, пешниҳод менамояд, ки чиндани гиёҳҳои шифобахшро дар давоми аз 2 то 5 сол манъ кардан зарур аст, чунки дар ин давра рустаниҳо аз нав барқарор гардида, хавфи дар табиат нест шудани онҳо то як андоза кам мегардад. Ҳоло бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва манзили зист, ҳамчунин, дигар мушкилоти деҳот таъсири манфӣ ба ҳифзу нигоҳдории рустаниҳо сол ба сол меафзояд. Аз ин рӯ, дар чиндани гулу гиёҳҳо низ, бояд меъёри муайян риоя карда шавад. 
Барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқарорсозии гулу гиёҳҳо хоҷагиҳои ҷангалро зарур аст, ки дар ин самт корро беҳтар ба роҳ монанд. Пештар хоҷагиҳои ҷангал заминҳоро барои бунёду барқарорсозӣ самаранок истифода бурда, онҳоро ҳамчун чарогоҳ пешниҳод менамуданд, ҳоло ин корро камтар анҷом медиҳанд. Худи мушкили тақсимоти номуайяни заминҳои ҷангал, ки ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад, ба олами набототу рустаниҳо таъсиргузор аст. 
Умуман, олами набототу рустаниҳо, аз ҷумла гиёҳҳои табобатӣ, ба танзими ҷиддӣ ва барқарорсозӣ тавассути таҳия ва амалисозии нақшаи мукаммал ниёз дорад. Қаблан дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005 – 2014 амал мекард. Вале, мутаассифона, Барномаи мазкур аз сабаби маблағгузорӣ нашудан пурра иҷро  нагашт.
Ҳамин тариқ, яке аз воситаҳои ҳифзу нигоҳдорӣ ва зиёд намудани захираи рустаниҳои шифобахш ин ба роҳ мондани усули парвариши онҳо мебошад. Бо роҳи кишт рустаниҳо зиёд ва таъминоти саноати дорусозии мамлакат бо ашёи хом беҳтар мегардад. Дар ин самт бояд ҳамоҳангии илм бо истеҳсолот дуруст ба роҳ монда шавад. 
Табиати биҳиштосои Тоҷикистонро мо бояд ҳифзу нигаҳдорӣ намоем, на каси дигар. Табиат ҳам ба муносибати хуб – ба муҳаббат ниёз дорад.  Аз ин рӯ, бояд донист, ки табиат чи  мегӯяд, вагарна он баъдан қасд мегирад...
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив