logo

илм

СИМО ЗЕБО, ПАЙКАР ТАВОНО БОШАД

Дар давраҳои гуногуни таърих забони модарии мо барои дигар қавму халқҳои минтақа, мақоми забони илму адаб, коргузорӣ, расмӣ ва байналмилалиро ба уҳда дошта ва имрӯз  дар раванди барпо кардани давлати навини тоҷикон ҳамчун як рукни асосӣ нақши муассир ва сарнавиштсоз бозида  истодааст.
Нахуст, бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир дар чорабиниҳои сиёсӣ ва  илмиву фарҳангӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифт ва вазифаи забони муоширати байни халқҳои сокини кишварро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар сохторҳои давлативу ҳукуматӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодҳои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст овард ва нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намуд.
Дувум, дар даврони истиқлол забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ ҳам дар бахши  илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Инчунин, таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии  мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.
Махсусан, нашри асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат- ҳастии миллат”. Китоби якум “Ба сӯйи боландагӣ”, ки дар остонаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пешкаши хонандагони сершумори тоҷик шуд, армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида,   рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳоди онҳо аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.
Ба шарофати сиёсати ватангароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтирому эътиқод ба арзишҳои маънавии миллӣ муассиса ва мақомоте, ки масъули ҳифз ва такомули арзишҳо ва авлавиятҳои миллӣ ва маънавӣ ва махсусан бахши забони давлатӣ ҳастанд, дастгирӣ ёфта ва кори онҳо муназзаму пурсамартар гардид. Имрӯз  мо дар симои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии  ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳоеро мебинем, ки қудрату тавоноии худро афзун намуда, барои рушду такомули забони тоҷикӣ ва танзими раванди инкишофи он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Падидаҳои мазкур гувоҳи он ҳастанд, ки эътибори илми суханшиносии тоҷик рӯз то рӯз боло меравад ва ҷумҳурии мо мақоми худро ба ҳайси яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар соҳаи филология ва шарқшиносӣ тадриҷан барқарор месозад.
Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем. Мероси бузургу гаронбаҳои адабӣ, фалсафӣ ва динии ниёгон ва  дастовардҳои донишмандони ҳамзамону ҳамзабонони мо, ки имрӯз бидуни ҳеҷ маҳдудияти сиёсиву мафкуравӣ мавриди баҳрабардории мутахассисони кишвари мо қарор гирифтаанд, дастоварди дигари сиёсӣ ва фарҳангии  давлати  ҷавони мо дар ин солҳо ба ҳисоб меравад. 
Дар  чунин шароити фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ моро зарур аст, ки дурнамои забони давлатии худро барои солҳои оянда  муайян намуда, роҳҳои минбаъдаи  густариши  онро ба шакли як барномаи умумӣ  тарҳрезӣ намоем.
Забони давлатии мо бояд ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеаи мо ҷавобгӯй  буда, ба василаҳои  мухталифи иттилооти техникӣ роҳ ёбад ва тавоноии бозтоби  мафҳумҳои  илми муосирро дошта бошад. Ин ниёзмандиҳо зарурати ба забони илм табдил додани забони давлатиро ба миён меорад. Забони илмӣ бояд забони тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад. Агар гунаҳои форсиву дарӣ дар ҷаҳон аз лиҳози илмӣ будан ҷои  17 - умро ишғол кунад, пас забони тоҷикии мо ҳанӯз ҳам пояҳои илмии худро мустаҳкам карда натавониста истодааст. Ба ин ҷараён пеш аз ҳама ҳанӯз ҳам навиштани рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ ва ҳимояи онҳо ба ин забон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар чи зудтар бо навиштани рисолаҳои илмӣ, танзими истилоҳоти илмӣ ва таблиғу тарвиҷи забони илмии тоҷикӣ бештар рӯ биорем. 
То замони истиқлол мо тақрибан имконияти гирдоварӣ ва омӯзиши сарватҳои маънавии тоҷикзабонони хориҷи кишварро надоштем ва агар ҳам коре ё пажӯҳише сурат мегирифт, хеле маҳдуд буд. Акнун замони он расидааст, ки дар бораи хусусиятҳои  забонӣ ва адабиёти шифоҳиву зистшиносии тоҷикони муқими Осиёи Миёна ва кишварҳои дигар, ки ҷузъи таърих ва забони мо ҳастанд, фикр кунем. Барои омӯзиш ва мустаҳкам гардондани пайвандҳои миллию суннатӣ ба ҳамзабонони худ бояд ҳамкориҳоро дар соҳаи пажӯҳишҳои майдонӣ ё худ экспедитсияҳои  фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва лаҳҷашиносӣ бо кишварҳое, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд (Чин, Покистон, Арабистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайра), ба тадриҷ ба роҳ монем.
Барои амалӣ кардани ин иқдомот бояд олимони ҷавонро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар мамлакатҳои пешрафта чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо  тарбия намоем, то ки онҳо донишҳои замонавӣ андӯхта,  сипас дар соҳаҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар кор ва фаъолият намоянд. Ҳамчунин, ба андешаи мо ба  мақсад мувофиқ аст, агар шумораи ҷоизаҳоро барои таҳқиқотҳои барҷастаи илмӣ ва мукофотҳои ҳавасмандкуниро барои олимони ҷавон бештар намоем. Бо мақсади  муаррифии васеи  забону адаб ва фарҳанги  тоҷикон ба назари мо бояд беҳтарин корҳои илмии олимони тоҷикро илова бар илмҳои дақиқ дар соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, фолклор, таърих ва мардумшиносӣ ба забонҳои  русию англисӣ низ  тарҷума ва паҳн намоем.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва таълимӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон, фразеологизмҳо ва дигар бахшҳои забон) яке аз масъалаҳои бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошанд, ки ҳамчунин бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мутахассисони ин соҳа бошанд.
Зеро бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин, барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғайра)   муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим мебошад. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди таҳқиқотӣ ба анҷом расидааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун таҳқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин, меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди таҳқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.
Имрӯз бар дӯши забони тоҷикӣ вазифаи хеле пурмасъулият, яъне масъулияти забони давлатӣ вогузор шудааст. Он  рамзи симо ва пайкари миллати мо мебошад, аз ин рӯ ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад. 
Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 11010

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед