logo

сиёсат

ВАҲДАТ САОДАТ АСТ

Дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати бештар касб намуда, мардумро ба ҳифзи арзишҳои ҳаётӣ даъват месозанд. Барои мардуми шарафманди тоҷик чунин воқеаи фараҳбахши таърихӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки 21 сол муқаддам ба сарзамини аҷдодии мо сулҳу суботро ба армуғон овард.
Ва имрӯз агар,  тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро ба ин неъмати бузург - ваҳдати миллӣ  нисбат диҳем, хато намешавад. Зеро, маҳз баъд аз таъмини сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам ба гардиш даромада, садҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд. Ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва гузашта аз ин, ташаббускори ҳалли масоили глобалии ҷаҳон шинохта шуд.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз ба сифати ҳуҷҷати нодире қадр мешавад, ки солҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофарию ба эътидол овардани авзои даргир, ки бо фазли Пешвои муаззами миллат иттифоқ афтод мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Борҳо Созмони Милали Муттаҳид ин таҷрибаи нодири таърихиро ба кишварҳои гирифтори даргирии дохилӣ ҳамчун дастур барои ба эътидол овардани вазъи дохилиашон тавсия кардааст, барои мо қобили ифтихор мебошад. 
Барҳақ, ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии замони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, сароғози нусрату саодати халқ аст. Танҳо ваҳдату ягонагӣ буд, ки кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Агар замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба делели вазъи амниятӣ аз сафар ба кишвари мо худдорӣ мекарданд, кунун онро дар минтақа мамлакати амнтарин барои сайру саёҳат медонанд ва ҳамасола сайёҳони зиёде ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Агар дар гузашта бозтоби ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар расонаҳо Тоҷикистонро дар чашми мардуми олам як давлати ҷангзада муаррифӣ мекард, имрӯз ба ҷойгоҳи баланди он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама дастовардҳои азим ҳосили талошҳои судманду боровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҷаҳони ноороми имрӯз ҳифзи ин дастовардҳои воқеан таърихӣ вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
Хуршед МАҲМАДЗОДА, судяҳои суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2018    №: 117    Мутолиа карданд: 394

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед