“ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ”. ЧАНД БУРДИ ЯК ТАШАББУС
“Иқтисодиёти сабз” яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. “Иқтисодиёти сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли “энергияи сабз” вобастагии калон дорад. Бинобар ин, барои пешрафти он дар Тоҷикистон истеҳсоли “энергияи сабз”-ро афзун намудан лозим аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани истеҳсоли “энергияи сабз” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми октябри соли равон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим” иброз доштанд: «Бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли “энергияи сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».
Фаҳмиши “иқтисодиёти сабз”-ро вақтҳои охир олимону рӯзноманигорон, мутахассисону коршиносони соҳаи энергетика, кишоварзӣ хеле зиёд мавриди истифода қарор медиҳанд. Мувофиқи ақидаи коршиносони ташкилоти СММ, “иқтисодиёти сабз” чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамчунин, хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад.
Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷойи нуриҳои маъданӣ, истифодаи нуриҳои органикӣ – поруи чорвою паранда, хазони рустаниҳо, ба ҷойи заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб дорои манфиатҳои зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд. Дар ин ҳолат, фоида зиёд ва саломатии одамон ҳифз мешавад.
Дар Тоҷикистон баҳри солим нигоҳ доштани муҳити зист дар ояндаи наздик шароити хуб муҳайё мегардад. Баъди пурра ба кор оғоз намудани Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ имконияти истифодабарии нақлиёти барқӣ – троллейбусу электровозҳо бештар мешаванд. Роҳи дигари истифодаи “энергияи сабз” истифодаи автомобилҳои бо энергияи Офтоб ҳаракаткунанда ба шумор меравад.
Истифодаи “энергияи сабз” дар шароити имрӯза имконият медиҳад, ки миқдори манбаъҳои асосии ифлоскунандаи атмосфераро дар кишвар хеле кам намоем. Бо ин восита, мо оби нӯшиданию ҳавои нафаскашиамонро тоза нигоҳ медорем ва дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил мегардем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки доир ба алоқамандии “иқтисодиёти сабз” бо истифодаи самарабахши “энергияи сабз” ва саҳми он дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар дар ҷумҳурӣ ягон тадқиқоти мукаммал гузаронда нашудааст. Бинобар ин, гузарондани тадқиқоти мукаммал дар ин самт ба мақсад мувофиқ мебошад.
Истифодаи васеи троллейбусу электромобилҳо дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани ҳаракати троллейбусҳо то маркази шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Бохтар, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар баланд бардоштани “иқтисодиёти сабз” саҳми назаррас гузошта, боиси беҳтаршавии вазъи иҷтимоию экологӣ мегардад. Бо ин роҳ, ба шаҳри Душанбе омадани автомобилҳои бо газу бензин ва солярка ҳаракаткунанда хеле кам гашта, ҳавои пойтахт аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ дошта шуда, дар ҳифзи саломатии зиёда аз як миллион аҳолӣ саҳми арзанда гузошта мешавад.
Ҳамид МАҶИДОВ, профессори ДБССТ,
Ҷамшед ИСМОИЛОВ, устоди калони кафедраи
географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ