logo

маориф

"Забони модарӣ" бенуқс бошад

Ҳар боре, ки китоби "Забони давлатӣ"-и духтарчаамро ба даст мегирам, ҷумлаю вожаҳои хароб ва ғалатҳои зиёди имлоию мантиқии он табъамро хира мегардонад. Азбаски китоби "Забони давлатӣ" барои синфҳои ғайритоҷикӣ омода мешавад ва хонанда бояд матнҳоро ба забони дигар (русӣ ё ӯзбекӣ) тарҷума намояд, чунин ноҳамвориҳо барояш мушкил эҷод мекунад. Масалан, дар китоби "Забони давлатӣ", синфи 3 омадааст: "Трактор заминро меронад". Албатта, манзури муаллифро одами калонсол зуд мефаҳмад, вале барои кӯдаке, ки  тоза ба забони адабии тоҷикӣ сари кор гирифтааст, фаҳми он душвор аст. Агар "Трактор заминро шудгор мекунад" менавиштанд, дарку тарҷумааш барои кӯдак осонтар мебуд. Ин танҳо як намунаест аз китоби мазкур, ки ҳамакнун ба хотирам расид.

Мутаассифона, чунин ноҷӯриву носуфтагиҳои баён дар китобҳои дарсии "Забони модарӣ" барои синфҳои тоҷикӣ низ ба чашм мерасанд. Ба хотири баррасии ин масъала Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи "Назаре ба ҳусну қубҳи китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик барои синфҳои 1-6" маҷлиси васеъ баргузор намуд.
Дар оғоз Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, иброз дошт, ки панҷ сол қабл роҷеъ ба ин мавзӯъ ҷаласа доир шуда буд. Мутаассифона, аён  гардид, ки нуқсонҳои дар китобҳои дарсӣ ҷойдошта ҳанӯз пурра ислоҳ нашудаанд. Аз ин хотир, зарурати баррасии дигарбораи мавзӯи мазкур ба миён омадааст. Камол Насрулло, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, таъкид намуд, ки "ҳадафи мо эродгирӣ ба кори муаллифони китобҳои дарсӣ нест. Онҳо кори заҳматталабе анҷом додаанд. Мо мехоҳем бо онҳо ҳамкорӣ дошта бошем, то ҳар китобе ба нашр расад, бар суди кӯдакон бошад. Зеро донишу маърифате, ки наврасон айёми таҳсил дар дабистон мегиранд, як умр дар лавҳи хотирашон нақш хоҳад баст. Навиштани китоби дарсӣ бояд кори муқаддасу масъулиятноктарин бошад". Ӯ гуфт, ки дар таҳияи китобҳои дарсии мавриди гуфтугӯ чандин адиб ба ҳайси мушовир саҳм гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ба сифати китобҳо метавон эрод гирифт.
Шоир Алӣ Бобоҷон зимни баррасии китоби "Алифбо" эътироф намуд, ки аз ҷиҳати ороиш ва сифат онро метавон хубу ҷолиб баҳогузорӣ намуд. Вале аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво баъзе ғалату камбудиҳо ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар бештари маврид муаллифони шеърҳо зикр нагардидаанд. Ҳамзамон, дар интихоби пораҳои шеърӣ баъзан ба саҳлангорӣ роҳ дода, ашъори каммояву заиф ва аз нигоҳи вазну қофия ноқисро дар саҳифаҳои китоб ҷой додаанд:
Дар хона пистаи нағз,
Пистаи нағзи пурмағз.
Камтар аз он гирифтам,
Камтар бодом гирифтам.
Дар мисраи сеюму чорум қофия вайрон шудааст.
Ё мисоли дигар:
Баррача, о баррача,
Каллачаат кадуча.
Ин чашмакат олуча.
Ин лабакат гул барин,
Он лабакат гул барин,
Овозаки форамат
Хониши булбул барин.
Аввалан, ин шеър чаро ҳафт мисраъ? Як сатр афтодааст. Мазмуни шеър низ ноқис аст. Сониян, равшан нест, ки чаро каллаи баррачаро ба кадуча ташбеҳ дода, таҳқираш кардаанд. Калларо каду гуфтан маънии манфӣ дорад. Лабони барра ба гул чӣ нисбат дорад, шарҳ наёфтааст. 
Дар ин китоб вожаҳое низ истифода шудаанд, ки барои кӯдакон номафҳуманд. Баъзе сатрҳо носуфтаанд.
Шоир Гулназар бар ин назар аст, ки чунин ғалатҳо дар китоби дарсии "Забони модарӣ", синфи 1 низ вомехӯрад. Дар ин китоб хатоҳои имлоӣ зиёданд, ҷумлаҳо аз ҷиҳати баёну услуб ва фасоҳату балоғат нуқс доранд. Баъзе пораҳои шеърӣ таҳрирталабанд. Масалан:
Чашми моро дидаи бино намонд.
Дар чистони зерин парандаро "ҷонвар" номидаанд ва вожаи "месарояд"-ро бо "намояд" ҳамқофия кардаанд, ки хушоянд нест:
Як ҷонваре бидидам,
Аҷаб хуш месарояд.
Сари шоха нишаста,
Шабро саҳар намояд.
Ба ақидаи шоир Гулназар, муаллифони китобҳои дарсӣ ба адабиёти бадеии тозанашр дастрасӣ надоранд. Аз ин боис шеърҳои тасодуфиро низ дар китоб ҷой медиҳанд. Завқи баланд ва шинохти зебоии шеърро дар кӯдак аз хурдӣ тарбия бояд кард.
Шоир Камол Насрулло дар тақвияти гуфтаҳои Гулназар иброз намуд, ки муаллифон аз майдони китобҳои дарсӣ суиистифода мекунанд ва бештар шеъру ҳикояҳои худашонро дар маводи таълимӣ ҷой медиҳанд.
Шоҳзамон Раҳмонов, доктори илми филология, ки муҳтавои китоби "Забони модарӣ", синфҳои 3-4 -ро баррасӣ мекард, гуфт: - Дар китобҳои дарсӣ матнҳо аз рӯзномаву маҷаллаҳо низ истифода шудаанд. Мо бояд завқи кӯдаконро бо матнҳои нолоиқ олуда насозем. Ҳамзамон аз адабиёти классикӣ матнҳое иқтибос шудаанд, ки зиёд вожаҳои арабӣ доранд ва баъзе аз онҳоро ҳатто худи омӯзгорон намефаҳманд.
Шоир Низом Қосим низ ба таҳрирталаб будани матну пораҳои шеърии китоби "Забони модарӣ" барои синфи 4 таъкид намуда, изҳор дошт, ки муаллифон ба вазну қофия ва мақому мантиқи калимаҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, мавсуф аз он изҳори таассуф намуд, ки пораҳо аз адабиёти классикӣ ба сурати ноқис бозгӯ шудаанд. Иллати дигаре, ки дар ин китоб роҳ ёфтааст, нодуруст шарҳу тафсир ёфтани луғот аст. Аз ҷумла: "Дурдона - чизи қиматбаҳо, нифоқ - ҷангу ҷидол, қимат - пул, маблағ, гилем - қолин".
Шоир Ато Мирхоҷа зимни баррасии китоби "Забони модарӣ", синфи 3, изҳор дошт, ки дар ин китоб мавридҳое ба назар мерасанд, ки қоидаҳои имлои забон риоя нагардидаанд.
Мубашшири Акбарзод, адабиётшинос, зимни баррасии китоби дарсии "Забони модарӣ", синфи 5, тазаккур дод, ки панҷ сол пеш дар ҷаласаи марбути ҳамин мавзӯъ ғалатҳои китоби мазкурро таъкид ва дар гузорише ба Вазорати маориф пешниҳод кардааст. Вале он хатоҳо ислоҳ нашудаанд ва дар нашри такрории китоб низ роҳ ёфтаанд. Ӯ мегӯяд, дар китоби дарсии мазкур 500 ғалати нобахшиданӣ, аз ҷумла, шарҳи нодурусти луғот, нуқсу сакта, имло ва мазмуну мантиқ ба чашм мерасад.
Азимҷон Байзоев, номзади илми филология ва яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки адибон ба сифату муҳтавои китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва мекӯшанд дар рафъи нуқсонҳо саҳм дошта бошанд. Ӯ пешниҳод намуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба сифати беҳтари китобҳо бояд адибон на танҳо ба ҳайси  мушовир, балки чун ҳаммуаллиф ширкат варзанд. Дар он сурат, нуқсон камтар мешавад ва сатҳу сифати китобҳо баландтар хоҳад гардид. Ба иқрори мавсуф муаллифони китобҳои дарсӣ ба адабиёти кӯдакон пура дастрасӣ надоранд.
Дар фарҷом Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маориф, аз таваҷҷуҳу ҳамкории адибон дар нашру баррасии китобҳои дарсӣ изҳори сипос намуд. Ӯ ҳозиронро итминон бахшид, ки ғалатҳо ислоҳ хоҳанд шуд.

Барнои ҚОДИРДУХТ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.12    №: 154    Мутолиа карданд: 2412
15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед