logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013, шаҳри Душанбе, 15 январи соли 2013

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2012 собит менамоянд, ки соли гузашта барои мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ соли пурфайзу бобарор буд.
Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки минбаъд низ бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо пешрафти ҳамаҷониба ва устувору дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин намоем. Яъне ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Соли 2012 бо вуҷуди омилҳои идомаёбандаи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар тамоюлҳои манфии ҷойдошта рушди бонизоми иқтисодӣ дар кишварамон таъмин гардид, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ вусъат ёфта, дар натиҷа суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шуд. Ин аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012-ум 7,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 36,2 миллиард сомонӣ баробар гардид. Инчунин сатҳи таваррум дар ҳолати муътадил қарор дошта, 6,4 фоизро ташкил намуд ва қурби пули миллӣ устувор нигоҳ дошта шуд.
Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки ҷараёни ислоҳоту дигаргунсозиҳоро дар тамоми самтҳо, бахусус дар таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, афзун намудани самаранокии истифодаи моликияти давлатӣ, инчунин дастрасӣ ба бозорҳои сармоя ва молу маҳсулот ҳамаҷониба амалӣ намоянд.
Ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди муҳими соли гузашта арзёбӣ мегардад. Узвият дар ин созмони бонуфуз ба субъектҳои соҳибкории ватанӣ дастрасии бозорҳои молу хизматрасониҳои минтақавию ҷаҳониро осон гардонида, тавассути ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва воридоти технологияҳои муосир ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва қобили рақобат ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Таъкид бояд кард, ки воситаву имкониятҳои дохилии боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои бахши воқеии иқтисодиёт тавассути зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар кишварамон хеле зиёданд.
Аз соли 2004 инҷониб дар мамлакат ҷиҳати роҳандозӣ намудани рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар беш аз 160 барномаи гуногуни тараққиёти соҳаҳои иқтисоди миллӣ қабул карда шудаанд. Вале дар самти амалишавии онҳо як қатор камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷараёни татбиқи ҳамаи барномаҳои давлатиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Вобаста ба ин, тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки татбиқи сифатноку саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва маҳаллии мамлакатро мунтазам таъмин намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Инчунин бо дарназардошти вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, буҳронҳои идомаёбандаи иқтисодиву сиёсӣ, коҳишёбии нархҳо ба молҳои асосии содиротии киш