logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4,  мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8,  мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665;  с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12,  қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501;   с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 5 моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5) Ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст.".
2. Моддаи 57 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 57. Мусодираи молу мулк
1) Мусодираи  молу  мулк  ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерин мебошад:
а) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани  ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаи 132, қисми 2 моддаи 150, моддаи 1531 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 156, 1561, 167, қисми 2 моддаи 171 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар ҷиноят бо мақсади ғаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар ҷиноят бо ғараз содир шуда бошад), моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 183, 1844, 185, 186, 187, 188, 193, 194, 195, 200, 201, 202, 2021, 2022, 204, 205, 206, 230, 232, 238, 239, 240, 241, 2591, 262, 273, 277, 278, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 279, қисми 3 моддаи 280, моддаҳои 281, 282, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 308, 309, 310, 313, 314, 319, 3351, 3352, 351, 352, 353, 397 ва қисми 3 моддаи 401 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё предмети контрабанда (қочоқ) мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур ҷавобгарӣ муқаррар намудааст ва ҳама гуна даромадҳо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадҳо аз он, ки бояд ба соҳиби қонунӣ баргардонида шаванд;
б) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки ба онҳо молу мулки дар натиҷаи содир намудани ақаллан як ҷинояти бо моддаҳои дар банди а) қисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадҳо аз ин молу мулк қисман ё пура табдил дода ё ба шакли дигар  гардонида шудаанд;
в) маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд;
г) олот ва (ё) воситаҳои содир намудани ҷиноят, ки ба шахси гунаҳгор тааллуқ доранд.
2) Агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ бадастомада ҳамроҳ карда шуда бошанд, он қисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ мебошад.
3) Молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро қабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст.
4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар қисмҳои 1- 3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лаҳзаи қабули қарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурӯш ё бо сабаби дигар ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд.
5) Ҳангоми ҳалли масъалаи мусодираи молу мулк мутобиқи қисмҳои 1 - 4 моддаи мазкур, дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда, ҳал карда шавад.
6) Дар ҳолате, ки шахси гунаҳгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбиқ гардад, надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда аз арзиши молу мулки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикршуда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
7) Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад.".
3. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 1792 пас аз калимаи "нагарданд," калимаҳои "инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акти (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад," илова карда шаванд.
4. Ба моддаи 180 пас аз калимаҳои "оварда мерасонад" калимаҳои "ё ба амнияти ҳавопаймо ва шиноварии бехатари киштии обӣ таҳдид мекунад" илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 262:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.".
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";
- ба эзоҳ бандҳои 8) ва 9) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"8) Ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи мазкур новобаста аз ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахс аз рӯи ҷиноятҳои асосӣ, ки дар натиҷаи онҳо даромадҳо бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, фаро мерасад.
9) Ҷиноятҳои асосӣ - ҷиноятҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда, ки пеш аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир гардида, дар натиҷаи онҳо даромадҳо ба даст оварда шудаанд."
6. Аз санксияҳои моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур калимаҳои "бо мусодираи молу мулк", "ва мусодираи молу мулк ё бидуни он", ", ба мусодираи молу мулк" ва "ва мусодираи молу мулк" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе 13 июни соли 2013, № 965


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                 Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 майи соли 2013,
№1198

 

Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон          М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 12 июни соли 2013 №496


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.13    №: 87-88    Мутолиа карданд: 1218

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед