logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим, 9 октябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!
Ҳар вақте ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хоса ба ноҳияи Ишкошим сафар мекунам, аз мулоқот бо сокинони зиндадилу хушзавқ ва аз дидани табиати зебову хушманзараи ин гӯшаи дилрабои кишварамон рӯҳу илҳоми тоза мегирам ва бори дигар бовар мекунам, ки Худованд воқеан ҳам ба мардуми сарбаланду хушбахти тоҷик сарзамини биҳиштосо ато намудааст. Дар воқеъ, ноҳияи Ишкошим мавзеи зебоманзару меҳрофарин ва махзани обҳои шифобахши табиӣ мебошад.
Имрӯз баробари ташриф овардан ба ноҳия мо боздидро аз майдони картошказори мавзеи Дашти Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбеков оғоз кардем. Соли гузашта деҳқонони асили хоҷагии мазкур дар як қисми замин картошка кишт намуда, ҳосили хуб гирифтаанд ва имсол низ бинобар даромаднок будани картошка майдони онро васеъ карда, нақша доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 250 - сентнерӣ расонанд.
Ҳамчунин соли гузашта дар қисми боқимондаи замин кишти зироатҳои ғалладонаву сабзавот ва дигар намуди зироат гузаронида, фоидаи калон ба даст оварданд. Бовар дорам, ки хоҷагиҳои дигари ноҳия ва вилоят низ дар ҳолати самаранок истифода бурдани замину об ва таҷрибаи хоҷагии Рустамбек Юсуфбеков метавонанд ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гарданд.
Ҳозирини арҷманд!
Давлат ва Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ишкошим ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии сокинони он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Чунонки таҳлили вазъи молиявии ноҳияи Ишкошим нишон медиҳад, нишондиҳандаҳои буҷети ноҳия ҳамасола афзоиш ёфта, ин ҳолат, бешубҳа, барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Масалан, агар буҷети ноҳия дар соли 2000 ҳамагӣ 448 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли равон ба 18 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2000 қариб 40 баробар зиёд мебошад. Инчунин дар соли 2000 маблағҳои мақсадноки буҷет ҳамагӣ 370 ҳазор сомониро ташкил дода буд, вале имрӯз ин рақам ба 16 миллион сомонӣ расидааст, ки назар ба солҳои қаблӣ 42 баробар зиёд мебошад.
Тавре ки медонед, тибқи қарори Ҳукумат дар ноҳияи Ишкошим минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ба ноҳия нахустин анҷумани иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисону коршиносони 28 давлати дунё иштирок намуданд.
Дар анҷуман стратегияи рушди самарабахши Бадахшон ва имкониятҳои густариш додани тиҷорат дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, инчунин тавсияҳои мутахассисону коршиносон доир ба бунёд кардани инфрасохтори зарурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар баробари ин, ба Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самарабахши соҳибкорон ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар зарфи ин солҳо дар ноҳия бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ шароити мусоид муҳайё гардида, ҳамзамон барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Аз ҷумла, соли 2012 бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои ноҳия аз ҷониби бонкҳо 10 миллион сомонӣ ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳафт миллион сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шудаанд.
Дар натиҷа соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 84 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми муомилоти мол ва хизматрасониҳо ба панҷ миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум 130 фоиз зиёд мебошад.
Дӯстони азиз!
Зиёда аз 80 фоизи сокинони ноҳияи Ишкошим чун дигар сокинони вилоят ба соҳаи кишоварзӣ машғуланд. Кишоварзони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли ғаллаву картошка ва сабзавотро аз чор то ҳафт баробар афзоиш додаанд.
Соли ҷорӣ заҳматкашони ноҳия ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дар майдони 1850 гектар ғалла, 600 гектар картошка ва 50 гектар сабзавот кишт кардаанд. Чунонки маълум аст, яке аз василаҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ аз худ намудани заминҳои нав мебошад. Кишоварзони ноҳия дар ин самт ғайратмандона саъю кӯшиш намуда, бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ 280 гектар заминҳои навро аз худ кардаанд, ки ин, албатта, имконоти соҳаи кишоварзии ноҳияро вусъат мебахшад.
Дар баробари ин, то имрӯз сехҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва гиёҳҳои шифобахши ноҳия ба миқдори беш аз се миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба солҳои пеш 12 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон бо ин, корҳои созандагиву ободкорӣ дар ноҳия васеъ ба роҳ монда шуда, ҳоло бунёди 18 иншооти хурду бузург бо харҷи шаш миллион сомонӣ идома дорад.
Инчунин то имрӯз дар ноҳия се неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии 240 киловатт - соат сохта шуда, Неругоҳи барқи обии Намадгут бо иқтидори иловагии 300 киловатт - соат ба маблағи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки неругоҳҳои барқи обӣ алҳол ҳаҷми тавлиди неруи барқ дар ноҳия ба чор миллион киловатт - соат расонида шуда, эҳтиёҷоти сокинон ба қувваи барқ таъмин карда шуд. Ғайр аз ин, дар ду соли охир дар деҳаҳои Врангу Андароб ва маркази ноҳия ба маблағи сеюним миллион сомонӣ зеристгоҳҳои барқӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳои ҷустуҷӯиву омӯзишӣ дар конҳои талки деҳаи Мулвоҷ, тантали Намадгут ва мармари деҳаи Лангар босуръат идома доранд. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик ин конҳо мавриди истифода қарор гирифта, барои баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф пайваста маблағгузориро зиёд намуда, дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2012 ҳаҷми онро 45 фоиз афзоиш додааст. Бояд гуфт, ки бо ғамхорӣ ва дастгирии доимии Ҳукумат фаъолияти босамари кори муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, маркази эҷодии наврасон таъмин гардида истодааст.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат бинои иловагии мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳия бо 140 ҷойи нишаст ба маблағи қариб як миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар баробари таъмин гардидани шароити мусоиди таълим ҳамзамон аз мураббиён ва омӯзгорони муҳтарам тақозо мегардад, ки ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон боз ҳам ҷиддӣ муносибат намоянд ва нагузоранд, ки фарзандон аз доираи мактаб берун монанд. Зеро, агар мо имрӯз фарзандонро ба таълиму тарбияи дуруст фаро нагирем, фардо аллакай дер мешавад ва ҷавонон ба доираи фарҳанги бегона ҷалб мегарданд, ки ислоҳи оқибатҳои он нисбатан мушкил мешавад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷараёни татбиқи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳудуди ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аҳолӣ ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ медиҳад. Дар натиҷаи робитаи хуб ва ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа сатҳи дониши толибилмон ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ торафт беҳтар шуда истодааст.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустии ноҳия низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи қариб се миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, шуъбаҳои он таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Умуман дар ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шаш бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, барои таъмири асосии муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ қариб панҷ миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, кумаку дастгирии ятимону бепарасторон ва шахсони камбизоату ниёзманд таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар зарфи ду соли охир ба 765 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат кумакҳои молиявӣ расонида, инчунин ба 1470 оилаҳои камбизоати ноҳия барои истифодаи қувваи барқ ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Ишкошим дар масири шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, дар ҳудуди он мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ ҷойгиранд.
Тавре ки маълум аст, Бадахшон ҳамеша бо табиати пурасрору нотакрори худ таваҷҷуҳи ҳазорон олимону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Аз ҷумла рушди туризм дар Бадахшон тавассути густариш додани бахшҳои кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва муолиҷа аз тариқи обҳои шифобахш таъмин мегардад.
Солҳои охир дар осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Бибӣ Фотимаи Заҳро», “Ширгин” ва “Зонг” шароити мусоид барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст. Бо бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ шароити табобату истироҳати мизоҷон ва фаъолияти шифохонаҳо нисбатан беҳтар шуда, ин иқдом метавонад дар маҷмӯъ ба рушди туризми минтақа такони ҷиддӣ бахшад.
Дар воқеъ, туризм ва сайёҳӣ соҳаи фоидаовари иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ободу тамошобоб гардидани мавзеъҳои таърихиву истироҳатӣ нақши муҳиму созанда мебозад. Итминон дорам, ки дар солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди туризм ноҳияи Ишкошим ба яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад.
Бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавии ноҳия равобити дуҷониба бо давлати Афғонистони ҳамсоя таҳким ёфта, чанд сол пеш бо ибтикори кишвари мо бозори байнисарҳадӣ бо вулусволии Ишкошими Афғонистон ба фаъолият оғоз кард. Бозори мазкур дар як моҳ чор маротиба фаъолият карда, то се ҳазор нафар шаҳрвандони ду давлат ба тиҷорат машғул мешаванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки таъсиси чунин бозорҳо барои мардуми дурдасти кӯҳистон манфиатнок буда, ҷиҳати баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ҳар ду ҷониб, рушди босуръати мавзеъҳои сарҳадӣ, ҳамлу нақли озодонаи молу маҳсулот, инчунин барои таҳкими дӯстиву ҳамкории ду халқи ҳамфарҳанг мусоидат менамояд.
Мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири рафъи мушкилоти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Итминон дорам, ки сокинони ноҳияи Ишкошим ҷавобан ба чораҷӯиву дастгириҳои Ҳукумат дар оянда низ барои ободиву пешрафти сарзамини муқаддаси худ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа кӯшишу ғайрати ватандӯстонаашонро дареғ намедоранд.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо - сокинони иззатманду меҳмоннавози ноҳияи Ишкошим дар иҷрои нақшаву ниятҳои некатон ба хотири пешрафти кишвари азизамон тансиҳативу хонаи обод ва пирӯзиҳои нав орзу менамоям.
Доимо сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 572

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед