logo

маориф

Барнома пурра иҷро нашуд. Чаро?

Ба мақсади рушди китобхонаҳои маҳалливу давлатӣ, баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ, мукаммал намудани хазинаи китоб бо адабиёти тозанашри  тоҷикӣ ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба китобхониву китобдӯстӣ Ҳукумати кишвар соли 2005 «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»-ро қабул намуд. Баъдтар, соли 2010 ба мақсади таҷҳизондани китобхонаҳо бо технологияи компютерӣ  «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» қабул гардид. Баъди қабули ин ду барнома дар китобхонаҳои  кишвар дигаргунии зиёд ба вуҷуд омад. Тӯли панҷ соли охир бинои беш аз 50 китобхонаи навоҳии дурдаст таъмир гардида, бо  рафи китобмониву мебел таҷҳизонда шуданд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва баъзе навоҳии дигари кишвар 20 китобхонаи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Солҳои қаблӣ дар китобхонаҳо 70 - 80 дарсади китобҳо бо забони русӣ ва дигар забонҳо  буд. Адабиёти тоҷикӣ хеле кам ба назар мерасид. Дар ҷараёни татбиқи барнома ин мушкил низ то ҷое рафъ гардид. Ба китобхонаҳои кишвар беш аз як миллион китоб бо забони тоҷикӣ ворид шуд. Дар ин кор пеш аз ҳама  «Корвони китоб», ки бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таъсис ёфт, нақши зиёд дорад, зеро ин миқдор адабиёти тозанашр тавассути он, ки ба навоҳии кишвар сафар дошт, ройгон ба китобхонаҳо тақдим гардид.
- Ба ҳар ноҳияе, ки «Корвони китоб» - ин кулвори маънӣ  сафар мекунад, ташнагони илму дониш онро  бо хушӣ мепазиранд, - мегӯяд Сафар Шосаидов,- сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангу фароғатӣ ва рушди ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг ва меафзояд: «То қабули барнома хазинаи китобхонаҳои  кишвар  676 ҳазору 775 нусхаро ташкил медод. Баъди татбиқи барнома он ба 18 миллиону 200  нусха расид. Теъдоди китобхонаҳои бачагона низ афзуда, ба 72 адад расид. Баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои китобдорон наздики 30 дастури методӣ, луғатҳо, маҷмуаҳои илмӣ доир  ба фаъолияти китобдорӣ чоп шуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва баъзе китобхонаҳои вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон бо компютеру принтер таъмин гардиданд».
Агар ба факту рақамҳо бингарем,  маълум мегардад, ки солҳои охир дар фаъолияти китобхонаҳои кишвар пешравӣ зиёд аст. Бино ба иттилои китобдорон баъди таъмини китобхонаҳо бо адабиёти тозаинтишор таваҷҷуҳи хонандагон  ба  китобу китобхонаҳо зиёд гардидааст, ки дар ин кор, албатта, барномаҳои қабулгардида нақши ҳалкунанда доранд. Аммо таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи китобдории кишвар ҳанӯз мушкилоти зиёде мавҷуд мебошад ва ҳамаи бандҳои барномаҳои қабулшуда пура иҷро  нагардидаанд. Масалан, нарасидани мутахассисони касбӣ ҳамоно чун мушкили асосии соҳа боқӣ мондааст ва ин норасоӣ қариб, ки дар ҳама навоҳии кишвар ба назар мерасад.
-  Ба хотири рафъи ин мушкил соли 2008 дар назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода факултаи такмили ихтисоси китобдорон таъсис ёфт. Давоми 5 соли охир дар факулта наздики 100 нафар китобдорони манотиқи гуногуни кишвар дониши назариявӣ ва малакаи касбии худро  такмил доданд. Аммо бо вуҷуди ин дар ин самт бояд, ки корҳои зиёд анҷом ёбад - мегӯяд Бозорбой Холов, номзади илмҳои  педагогӣ, профессор, устоди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ин муассисаи таълимӣ.
Дар ноҳияҳои Тавилдара, Дарвоз, Мастчоҳ ва баъзе ноҳияҳои дигар то ҳол аз сабаби надоштани бинои асосӣ қисме аз китобхонаҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд ё ба таъмири асосӣ ниёз доранд. «Барномаи давлатии компютеркунонии  китобхонаҳои давлатию  оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» низ пура иҷро нашуд. Мувофиқи нақша - чорабиниҳои барнома, китобхонаҳои кишвар на танҳо бо компютер таъмин мегардиданд, балки бо шабакаи интернет пайваст мешуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, ВМКБ, Хатлон бояд, ки  китобхонаҳои вилоятро ба 8- тоӣ компютеру принтер таъмин менамуданд. Мутаассифона, дар ин муддат ба ҳамаи китобхонаҳои кишвар танҳо 220 компютеру  280 принтер харида шуд ва ин ҳам аз ҳисоби маблағи барнома. Масъулини вилоятҳо барои анҷоми ин кор чораҳои зарурӣ наандешиданд. Танҳо 10 китобхона, аз ҷумла  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва баъзе китобхонаҳои марказии  вилояти Суғду Хатлон ба  интернет пайваст шуданд.
Сабаби дигари комилан иҷро нашудани барномаро Сафар Шосаидов дар пура ҷудо нашудани маблағи пешбинишуда арзёбӣ кард. Гуфт, ки «аз ҷониби Вазорати молия аз 544 миллион сомонии пешбинишуда то имрӯз танҳо як миллион сомонии он  ҷудо гардидааст».
Аз суҳбат бо Сабзалӣ Мирзоев, директори китобхонаи марказии ноҳия Рӯдакӣ, дарёфтем, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои харидани компютер ба китобхонаи марказӣ ва 36 китобхонаи маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардидааст. «Баъди қабули барнома китобхонаҳое, ки дар ҳолати бад қарор доштанд, таъмир гардиданд» - гуфт Сабзалӣ Мирзоев ва илова намуд: «Масалан,  китобхонаҳои Ҷамоати деҳоти Зайнабобод, Ҷамоати деҳоти Султонобод ва Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳия бо дастгирии раисони ҷамоат таъмир гардиданд. Дар ин кор соҳибкорони маҳаллӣ низ кумак намуда, барои ду китобхонаи ноҳия компютер хариданд. Барои  харидани адабиёти тозаинтишор мақомоти иҷроия соли 2009  20 ҳазор  сомонӣ, соли 2010 10 ҳазор сомонӣ, соли 2011 низ 10 ҳазор сомонӣ, соли 2012 6 ҳазор сомонӣ  ҷудо намуд, ки бо ин маблағ барои  китобхонаҳои ноҳия 6918 адабиёти тозаинтишор харида  шуд. Ба ҷуз ин «Корвони китоб» соли гузашта 230  адабиёти тоҷикӣ ба китобхонаҳои ноҳия ворид намуд. Имсол барои харидани китоб аз ҳисоби маблағи буҷети ноҳия зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо ин маблағ китобхонаи бачагонаи ноҳияро ба адабиёти нави бачагона таъмин месозем».
Ҳама гуна барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар  қабул мегарданд, ба хотири пешравии ин ё он соҳа ва ободиву шукуфоии Ватан аст. Масъулон барои иҷрои он бояд, ки чораҳои зарурӣ биандешанд. Агар роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Мастчоҳ, Тавилдара, Дарвоз ҳар сол барои таъмину барқарорсозии  китобхонаҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо мекарданд ва ё  масъулони вилояти Хатлон, ВМКБ, Суғд бо масъулияти баланд вазифаи барзимаашон бударо иҷро менамуданд, ё барои анҷоми ин кор соҳибкорони маҳаллиро ҷалб месохтанд,  бешубҳа, шумораи китобхонаҳои таъмирталаб сол то сол кам мегашт ва бо компютер таъмину бо шабакаи интернет пайваст мегардид.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.13    №: 141    Мутолиа карданд: 1062

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед