logo

барқияҳо

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон

8 ноябр аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ номаву барқияҳои зиёде ба номи Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон расиданд.
 
Дар барқияи шодбошии Президенти Туркия Абдулло Гул омадааст:

"Ҷаноби Президент, Бародари азиз!
Дар натиҷаи интихоботи президентӣ, ки дирӯз дар кишваратон баргузор гардид, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба мақоми Президентӣ бори дигар интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва аз номи халқи турк самимона бо беҳтарин таманниёт табрик мегӯям.
Баргузории бомуваффақияти интихобот дар шароити сулҳу оромӣ хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.
Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳоямон дар самтҳои гуногун бо пешвоии хирадмандонаи Шумо рушду таҳким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ Ҷаноби Олӣ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳанд дошт.
Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ, Бародари азизам, тандурустиву хушбахтӣ ва ба халқи дӯсту бародари тоҷик беҳбудиву хушнудӣ орзумандам".

* * *
Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, дар барқияи худ гуфтааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.
Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст.
Робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда,  ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд.
Ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои муштараки фаъол ҷиҳати татбиқи мувофиқатномаҳоямон, ки ба манфиати халқҳои бародари мо нигаронда шудаанд, баён менамоям.
Самимона ба Шумо муваффақият ва дастовардҳои арзанда дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоиро таманно дорам".

* * *
Дар барқияи табрикотии Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти самимии моро бинобар сабаби интихоби Шумо ба мақоми баланду масъули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Сифатҳои Шумо ҳамчун сиёсатмадори неруманд ва намоён, миқёси муайян намудани мақсадҳо ва вазифаҳои рушди мамлакат, муваффақиятҳои пайваста, маҳорати зери таъсири худ нигоҳ доштани вазъиятҳои мураккаб аз нав интихоби дурусти мардумро нишон доданд.
Хати машйи стратегие, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мегардад, ба афзоиши нақшу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мутмаинем, ки раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилаи серҷабҳа дар фазои созмон, сифати нави ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва миқёси нави муносибатҳоро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъмин намуда, ба ҳамкориҳо бо кишварҳои нозир ва шарикони муколама дар Созмони ҳамкории Шанхай такони тоза мебахшад.
Иҷозат диҳед ба Шумо тансиҳатӣ, комёбиҳои бузург, хонаободию саодатмандӣ, ба мардуми Тоҷикистон - сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфоиро таманно намоем".

* * *
Дар барқияи шодбошии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа омадааст:

"Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик гӯям.
Ғалабаи комили Шумо дар интихобот гувоҳи беҳтарини он аст, ки дар Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо талошҳо ҷиҳати таҳкими потенсиали кишвар, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии он, таъмини субот, амнияти байналмилаливу минтақавӣ аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд.
Бо самимият изҳори умед мекунам, ҳадафҳои СААД ҷиҳати талошҳои кишварҳои аъзо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои  амниятии дар миқёси АвруОсиё бавуҷудоянда ва  баланд бардоштани нуфузи созмони мо дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Шумо дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар иҷозат диҳед аз самими қалб дар самти амалӣ гардидани нақшаҳоятон муваффақиятҳои навин,  дар фаъолияти самаранок дар роҳи сулҳ, рифоҳ ва шукуфоии халқи тоҷик дастовардҳои бардавом орзу намоям".

* * *
9 ноябр Президенти Украина Виктор Янукович ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Таҳнияти маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.
Пирӯзии комили Шумо нишонаи ҷонибдории мардуми тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи Шумост, ки ба рушди устувори иқтисоди мамлакат ва некӯаҳволии мардуми он нигаронда шудааст. Бовар дорам, ки ҳамкориҳои созандаи миёни Украина ва Тоҷикистон дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд низ дар асоси муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд хоҳанд ёфт.
Ба  Шумо,  муҳтарам  Эмомалӣ  Шарифович, сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон саодатмандиву рифоҳро таманно дорам".

* * *
Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷеп Тайип Эрдоган омадааст:

"Ҷаноби Президент,
Бародари олиқадр!
Дар натиҷаи интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 баргузоргардида, бори дигар Ҷаноби Олӣ, ба мақоми Президентӣ интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва халқи турк Шуморо ва халқи бародари тоҷикро самимона бо беҳтарин таманниёт табрик мегӯям.
Баргузории муваффақонаи интихобот дар шароити оромии комил хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.
Орзумандам, ки дар ин марҳилаи нав инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту сиёсати кишваратон давом ёфта суботу рифоҳ афзоиш хоҳад ёфт. Кишвари Туркия то имрӯз мисли пештара низ кӯшиши ба рушду таҳким равоннамудаи Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.
Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав ҳамкорӣ ва равобити миёни Туркияву Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои мутақобила равнақ меёбад.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва халқи бародари Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳбудӣ орзумандам".

* * *
Дар номаи шодбошии Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев омадааст:

"Эмомалӣ Раҳмони гиромиқадр!
Бо бозгашт ба Маскав мехоҳам Шуморо аз самими қалб ба муносибати аз нав ба мансаби олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон муборакбод гӯям.
Ман ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шоҳиди ғалабаи комили Шумо дар интихоботи президентӣ будам.
Зери роҳбарии оқилонаи Шумо дар кишвар эҳёи иқтисодӣ, ислоҳоти иҷтимоиву маъмурӣ ҷараён дошта, демократикунонии ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ пойдор аст. Бо шарофати татбиқи мунтазами ин роҳи дурандешона ва стратегӣ Тоҷикистон дар хориҷи дуру наздик шуҳратёр гардида, фаъолият ва нақши он дар арсаи байналмилалӣ таҳким меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир интихобкунандагон интихоби худро карданд.
Аминам, ки фаъолияти Шумо дар мансаби президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дастовардҳои нави сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ расонида, минбаъд дар густариш ва таъмиқи ҷараёнҳои созандагӣ дар доираи ИДМ саҳм хоҳад гузошт.
Бо таҳнияти самимӣ ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ба Шумо аз самими қалб сиҳатии комил ва дар фаъолияти бисёрҷонибаи давлатӣ саодатмандию муваффақият таманно дорам".

* * *
Габриел Давидов, Президенти ифтихории Бунёди хайриявии "Тоҷикистон" дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

"Эмомалӣ Шарифовичи азиз!
6-уми ноябри соли 2013 аз нав барои ҳафт соли оянда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон дар ҳаёти халқи тоҷик ва дӯстони содиқи Тоҷикистон, ки сокини Амрикоянд, рӯйдоди басо муҳим буд. Ман аз номи оилаи худ, дӯстони амрикоиатон, инчунин аз номи ҷомеаи 50 ҳазор нафараамон Шуморо аз самими қалб ба муносибати ғалабаи комилатон дар интихобот табрик гуфта, ба Шумо, оилаатон ва кулли мардуми тоҷик саодатмандӣ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.
Мо, шаҳрвандони амрикоии мутаваллиди Тоҷикистон, бо Шумо - Сарвари давлат ифтихор дорем. Зеро таҳти роҳбарии Шумо аснои ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум истиқлолияти кишвар ҳифз гардида, дар Тоҷикистон бунёди муваффақонаи ҷомеаи демократӣ оғоз шуд ва Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки ҷонибдори ғояҳои демократӣ аст.
Дубора интихоб гардидани Шумо кафолати идомаи дӯстӣ бо Амрико ва итминон ба ҷонибдории минбаъдаи кишварҳоямон дар самти мубориза бо терроризми байналмилалист.
Мо, дӯстони содиқи Шумо, ҳамеша ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни мардуми Тоҷикистону Амрико, инчунин ҷиҳати болобурди сатҳи зиндагии мардуми тоҷик талош хоҳем кард.
Ба Шумо дар корҳои некатон, ки ба манфиати мардуми тоҷик равона гардидаанд, муваффақиятҳо таманно дорем".

* * *
11 ноябр Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Ҷаноби Олӣ!
Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати бори дигар интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худам самимона табрик намоям.
Бо истифода аз ин фурсат беҳтарин таманниёти худро ба Ҷаноби Олӣ иброз медорам ва идомаи муваффақиятҳо ва пешрафту рифоҳияти бештарро ба мардуми шумо хоҳонам ва итминон медиҳам, ки майли мо ба манзури тақвияти бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари мо давоми раёсати нави Шумо аст".

* * *
Дар барқияи шодбошии Сарвазир ва вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ омадааст:

"Ҷаноби Олӣ!
Хушоянд ҳастам, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба мақоми раёсатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гӯям ва таҳнияти самимонаро бо дарёфти комёбиҳо ва пешравиҳои бештар ба мардуми кишвари дӯст таманно намоям".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.13    №: 148    Мутолиа карданд: 661

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед