logo

барқияҳо

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Бо андуҳи гарон хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделаро дарёфт намудам.
Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд. Барандаи мукофоти сулҳи Нобел барои ватанаш зист, вале кору пайкори ӯро башарият дурахшандатарин рамзи зиндагонии озоди Банӣ Одам донист.
Ҷои ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд.
Ҷаноби Олӣ!
Маротиби тасаллият ва таъзияи самимиву амиқи инҷонибро қабул фармоед.
Ба халқи Африқои Ҷанубӣ ва ҳамаи мардуми сайёра Парвардигор сабру таҳаммул ато фармояд. Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ва ҳар яки моро ба наздикону пайвандон, дӯстон ва ҳамаи дӯстдорони марҳум бирасонед".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.13    №: 159    Мутолиа карданд: 596

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед