logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод

29 январи соли 2009 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Сардорони ду кишвари дӯст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони  ин равобит чораҳои  мушаххас хоҳанд андешид.
Рафти сохтмони  пружаҳои  ҳамкорӣ дар соҳаҳои  гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо иродаи худро ҷиҳати қабл аз мӯҳлати  пешбинишуда ба итмом расонидани  онҳо  изҳор намуданд.
Зимни гуфтугӯ мавзӯъҳои ҳамкориҳои низомиву амниятӣ дар маркази таваҷҷӯҳи тарафайн қарор доштанд. Сардорони ду кишвар  таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарурӣ ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.
Масоили  минтақавӣ  ва байналмилалии  мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн низ аз мавзӯъҳои муколамаи  телефонӣ буд. Президенти Тоҷикистон  баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ширкат дар ин ҷаласа иброз дошт.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Эронро ҷиҳати ба кишвари мо расонидани кӯмаки бародарона иборат аз сӯзишвориву дигар  маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои  ӯ аз ҷониби Сардори давлати Тоҷикистон бо сипосу қадрдонӣ истиқбол гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 710

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед