logo

маориф

ЧӢ ТАВР ТАРБИЯ БОЯД КАРД?

Абунасри Форобӣ дар рушди идеяҳои инсонпарварӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ақидаҳои ахлоқии  Форобӣ дар асарҳои «Ороу аҳлил - мадинат - ил - фазилат», «Ас - сиёсат - ал - маданийя», «Эҳё - ул - улум», «Ас - саодатӣ» ифода ёфтаанд. Дар ин асарҳо Форобӣ ақлу хирад ва ахлоқу одобро аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ мешуморад.   

Форобӣ дар ҷамъият то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани илму донишро тарғиб намуда, зарурати ба хизмати халқ равона сохтани онро таъкид мекунад. Омӯзиши илм ба воситаи таълим сурат мегирад.
Тарбияи ахлоқии инсон аз оила ва мактаб сарчашма мегирад, зеро дар ин давраи ҳаёт омӯхтани донишу ҳунар осонтар аст. Форобӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим бозидани устодро зикр месозад ва таъкид менамояд, ки фазилатҳои ахлоқии барои инсон лозим бо таъсири тарбияи устод ташаккул меёбанд. Форобӣ мефармояд: «Агар муаллим аз толибилмон ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ва ҳақиқатро талабад, бояд аввал худи ӯ чунин фазилат дошта бошад».  Ахлоқ роҳу рафтори инсонро нишон медиҳад. Форобӣ дар тарбияи насли наврас ду усули педагогиро ба инобат мегирад. Агар тарбиятгирандагон ба илму ҳунар мароқ зоҳир созанд, усули илмиро бояд ба кор бурд, агар худсарӣ ва бетартибӣ кунанд, усули танбеҳро истифода бурдан лозим аст.
Форобӣ мегӯяд, ки тарбиятгар бояд бадқаҳр, тундмизоҷу сахтмуомила набошад, зеро ин хислатҳо шогирдро бо устод зид мегардонанд. Муаллим бояд пуртоқат, боғайрат, суботкор бошад. Вазифаи асосии муаллим тарбияи хислатҳои хуб ва рафъи хислатҳои манфии инсон аст.
Одами боақл, - менависад ӯ, - бояд бо худ баҳс намояд, худро назорат кунад, рафтори худро санҷад. Фақат ҳамин хислатҳои нек ба роҳи рост мебарад. Ақидаҳои Форобӣ дар бораи тарбияи меҳнатӣ ва омӯхтани касбу ҳунар низ шоёни таҳсин аст. Дар назари олим ҳунар на танҳо омили ба даст овардани эҳтиёҷоти ҳаёт, балки воситаи тарбияи ахлоқ ҳам мебошад. Тамоми сифатҳои ахлоқӣ ва эстетикии инсон дар рафти заҳматкашӣ инкишоф меёбад. Ҳам инкишофи истеҳсолот, ҳам илму маданият, инчунин рушди инсон берун аз меҳнати эҷодӣ имконнопазир аст.
Дар маркази диққати Форобӣ масоили некахлоқӣ, саодат ва озодии одам меистад. Меҳвари асосии таълимоти ахлоқии файласуф таълимот дар бораи инсон буд. Ӯ чунин ақида дошт, ки таҳқиқи олам ва инсон ҳамчун заминаи ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ хизмат хоҳад кард. Дар ин бобат як қатор фикрҳои пешқадам ва ҷолиби диққат баён доштааст. Ба андешаи ӯ масъалаи хайр ва шарро фақат ақли инсон муайян карда метавонад. Бахту саодати одам ба дониш ва кӯшишу кори худи ӯ вобаста мебошад.
Дар таълимоти Форобӣ мафҳуми саодат на фақат аз мафҳумҳои марказист, балки бо умумияти худ аз дигар мафҳумҳо фарқ мекунад, чунки мафҳумҳои некӣ, шараф ва номус, адолат, виҷдон ва ғайра аз ҷиҳати дараҷа ва моҳияти худ дар нисбати мафҳуми саодат муайян  мешаванд. Ба ақидаи мутафаккир хушбахтӣ камолоти муайянест, ки инсон ба воситаи ақли фаъол, ки танҳо ба ӯ хос аст, соҳиб мегардад. Дар рисолаи «Ас - саодатӣ» овардааст, ки мақсади инсон хушбахт шудан аст.
Аз ин рӯ, инсон бояд донад, ки саодат чист ва барои ба он ноил гаштан чӣ кор бояд кард. Яке аз воситаҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинии инсон, ба гуфтаи олим, тарбия ва аз бар кардани дониш мебошад. «Худхоҳӣ ва шаҳватпарастии инсон, - менависад Форобӣ, - бо ёрии тарбияи маънавӣ ва ахлоқи пок бартараф мешавад. Ба туфайли илму дониш одам рафтору кирдори оқилонаро меомӯзад.
Хислатҳои ахлоқӣ, чи зишту чи нек, дар рафти ҳаёт пайдо мешаванд. Пас, инсон бояд ба он кӯшад, ки дар зиндагӣ ахлоқи нек дошта бошад ва  ин ба худи одам вобаста аст. Кирдори нек дар инсон як амри имконпазир аст. Омӯхтани илму дониш, ба гуфтаи Форобӣ, шарти зарурии ба саодат расидан мебошад. Ба ифодаи дигар, илм муқаддимаи саодат аст. «Касе, ки ба омӯхтани илм шурӯъ менамояд, -навиштааст Форобӣ, - бояд ҷавон, солим, боодоб, хоксор, покахлоқ, ростқавл, бовиҷдон, боирода, меҳнатдӯст, дур аз хиёнату макр бошад ва худро аз хулқҳои ношоиста нигаҳ дорад, илм ва мардумро эҳтиром кунад».
Форобӣ муҳитро тарбиятгари асосӣ, таъсири онро муҳимтарин омили инкишофу такомули одам мешумурд. Одам покахлоқ ё бадахлоқ тавлид намешавад ва ӯ зотан накӯкор, ё бадкирдор набуда, балки ботадриҷ, дар натиҷаи таъсири омилҳои муайян дорои хулқу атвори хос мегардад. Табиист, ки муҳити хубу вазъияти солими иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва ахлоқӣ муҳайё бошад, ба таълим ва тарбияи шахс таъсири хуб мерасонад. Дар чунин муҳит ҳар гуна рафторҳои ношоиста, беадолатӣ, бадахлоқӣ ва ғайра маҳкум ва фазилатҳои ахлоқи ҳамида таърифу тавсиф мешаванд. Агар муҳити иҷтимоӣ бад бошаду дар он рафторҳои зиддиҷамъиятӣ бошанд, бешубҳа, аз ин гуна муҳит таъсири мусбати тарбиявиро чашм доштан амри маҳол аст ва одами дар муҳити бад тарбия ёфта разилу бадахлоқ мешавад. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи  Форобӣ, одамон аз рӯзи таваллуд бо ҳамдигар баробаранд, вале бо таъсири муҳит тарбияи яке бо роҳи нек ва дигаре бо роҳи бад сурат мегирад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2014    №: 31    Мутолиа карданд: 1539
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед