logo

номаҳо

ЗАМИНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИАМОНРО ҒАСБ КАРДАНД

Мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъи зиндагии халқ  аввал 50 ҳазор гектар, сипас 25  ҳазор гектар заминро ба мардуми деҳот тақсим карданд. Ин амали ҷавонмардона ҳазорҳо нафарро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Мо, Ибодулло Ҷӯраев, Додохон Муродов, Қаюм Умаров, ҷамъ 15 нафар сокини деҳаи Янгитурмуши Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» дар қатори 107 оила аз 19 январи соли 1996 ва 30 майи соли 1998 дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар қонунӣ соҳиби қитъаҳои замини президентӣ гардидем. Вақте ки колхози «Коммунизм» - и ноҳия таҷдид шуда, ба якчанд хоҷагиҳои хурд тақсим гашт,  дар истифодабарии заминҳои президентӣ нофаҳмиҳо рӯй доданд. Сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминҳои мо, ки дар харитаи баҳисобгирии заминҳои соли 2011 дар зери тарҳи 493 қарор дошт, «гум» шуданд, яъне аз 107 нафари соҳиби заминшуда,  замини президентии 15 нафар «ба осмон парид». Албатта, ин дар рӯи коғаз  чунин маъно гирифт. Дар асл замини Парвардигор, ки бо фармони Президент ба мо барои истифодаи бемуҳлат дода шуда буд, шукр, барқарор аст, аммо акнун аз мо нест. Замини 15 нафарро  Рустам Ниёзов ва Маҳмаднабӣ Ниёзов аз худ кардаанду се сол боз намегузоранд, ки дар қитъаҳои қонуниамон кишту кор кунем.
Аз сабаби он ки дар ноҳия касе ба шикояти мо гӯш наандохт, ба Кумитаи заминсозӣ ва прокуратураи вилояти Хатлон шикоят овардем. Онҳо ҳуҷҷатҳои моро қонунӣ дониста, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, прокуратура ва Кумитаи заминсозии ноҳияи Бохтарро вазифадор намуданд, ки заминҳои президентиро ба соҳибонашон, яъне ба мо баргардонанд. Аммо масъала бо ин роҳ ҳал нашуд ва мо аз болои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи заминсозии ноҳия сокини деҳаи Янгитурмуши Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» Р. Ниёзов ба суди ноҳияи Бохтар мактуби даъвоӣ навиштем.
Мутаассифона, судя  Анвар Қурбонов сер-тификатҳои ҳуқуқи истифодабарии бемуҳлати заминро аз 11 феврали соли 2005, ки ба мо аз ҷониби Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, баъди 9 сол аз эътибор соқит кард. Ҳатто судя аз Р. Ниёзов напурсид, ки чаро дар замини президентӣ хона месозад. Ҳамчунин муайян накард, ки чаро дар деҳа ба дигарон барои хонаи истиқоматӣ 0,08 га қитъа ҷудо шудаасту барои ӯ дар 0,12 гектар. Ба мо, 15 нафар, ки ҳама мардуми одием, раиси деҳоти «Меҳнатобод»  Рӯшангул  Давлатова,  раиси  хоҷагии  «Кишоварз»  Р. Маҳмадалиев, раиси Кумитаи заминсозӣ Ҳайдар Нуралиев, корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар Комилҷон Турғунов зид баромадаанд, онҳо ҳатто санадҳои прокуратура ва Кумитаи заминсозии вилояти Хатлонро ба эътибор нагирифтанд.
Аз ин рӯ, ба суди вилояти Хатлон аризаи кассатсионӣ навиштем ва умед дорем, ки ин мақом дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи тақсими заминҳои президентӣ масъаларо қонунӣ ҳал карда, ба доди мо мерасад.


Асадулло ҶӮРАЕВ, омӯзгор,
аз номи 15 сокини деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Бохтар 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2014    №: 41    Мутолиа карданд: 855
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед