фарҳанг
Шеъри тоҷик
дар Белорус
Дарахти дӯстии адабиёти белорусу тоҷик меваҳои нав бор овард. Нашриёти «Адиб» маҷмӯае аз эҷоди адибони имрӯзаи белорусро барои хонандаи тоҷик ва нашриёти белорусии «Адабиёт ва санъат» гулчине аз эҷоди адибони имрӯзаи тоҷикро ба забони белорусӣ ба чоп мерасонанд. Соли гузашта маҷаллаи «Полимя» очерки чашмрасе аз ҳаёти имрӯзи Тоҷикистон ба чоп дод. Ва инак, ба наздикӣ шумораи аввали имсолаи маҷаллаи «Полимя» пешкаши хонандагон гардид, ки дастагуле аз эҷоди шоирони тоҷикро ба бар дорад.
-Шеърҳои Мӯъмин Қаноат ва Аскар Ҳаким, ки бо эҳсоси гарму самимӣ сарашон кор гирифтам,- мегӯяд Микола Метлитский,- барои ман лаззати нави шеъри тоҷикро кушоданд. Сухани ноби бадеӣ, сӯзи шоир, албатта, ба дилҳо роҳ меёбад. Пули дӯстии белорусу тоҷик ба сабаби чопи тоза ба тозаи эҷоди ҳамдигарӣ устувор мегардад. Инро низ бояд бигӯям, ки ман ва хеле аз адибону хонандагони белорус дерсолаҳост дилбохтаи шеърҳои Мӯъмин Қаноатем. «Суруши Сталинград»-и ӯ имрӯз низ хонандаро ба ҳаяҷон меоварад.
Шеърҳоро аз тоҷикӣ ба белорусӣ Микола Метлитский- барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Белорус, сармуҳаррири маҷаллаи «Полимя», Микола Чернявский- соҳиби наздик ба 40 китоб барои кӯдакон, Анатолий Зеков- шоири базавқи лирик, муаллифи чандин маҷмӯаи ашъор ва достони «Садамаи виҷдон» (дар Белорус чун муаллифи Китоби сол эътироф гардид) ва шоири хушкалом Владимир Марик тарҷума кардаанд.
Алек КАРЛЮКЕВИЧ, адиб, узви Иттифоқи
нависандагони Белорус
P.S. Тавре қаблан хабар дода будем, Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китобҳои Белорус-2009», ки 11-12 феврал дар шаҳри Минск баргузор мегардад, даъват шудааст. Имрӯз намояндагони илму фарҳанги кишвар озими сафар шуда, 150 номгӯй китоби тозачопи нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб»-ро ба намоишгоҳ мебаранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 919