logo

суханрониҳо

ВАҲДАТ ФАРҲАНГСОЛОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО ТАҶАССУМ МЕНАМОЯД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат дар маросими гузоштани санги асос барои сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Истиқлолияти шаҳри Ваҳдат, 15 апрели соли 2014


Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам роҳбарон ва намояндагони мардуми сарбаланди шаҳри Ваҳдат!
Сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳре, ки ба ифтихори яке аз дастовардҳои бузургу таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон - ваҳдати ҷовидонаи миллӣ номгузорӣ шудааст ва мулоқоти мо бо шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат дар оғози бистусеюмин баҳори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани муқаддасамон қарзи инсониву имонӣ ва ватандӯстонаи хешро софдилона иҷро карда истодаанд.
Ва боиси хушҳолист, ки ин раванди некро сокинони заҳматқарини шаҳри Ваҳдат бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории миллӣ ҷонибдорӣ карда, дар фазои орому осудаи кишвар ва шароити муҳайёсохтаи давлату Ҳукумати мамлакат барои ободу зебо гардонидани диёри худ мунтазам саъю талош мекунанд.
Тавре ки дар хотир доред, соли гузашта зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар назди роҳбарону масъулони мақомоти дахлдор доир ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳалталаб дастуру супоришҳои зарурӣ гузошта будам.
Аз ин лиҳоз, имрӯз тасмим гирифтем, ки бо мақсади бевосита шинос шудан бо ҷараёни иҷрои супоришҳои додашуда, вазъи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва оғози корҳои кишоварзӣ, инчунин оғоз кардани сохтмони як силсила иншооти нав ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ анҷом диҳем.
Бояд гуфт, ки рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар маркази диққати доимии Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар давоми солҳои охир доир ба ободонии ин гӯшаи зебои диёрамон хеле тадбирҳои созанда амалӣ карда шудаанд.
Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастархони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт торафт афзуда истодааст.
Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳри Ваҳдат низ мунтазам афзуда, дар даҳ соли охир дар маҷмӯъ қариб 600 миллион сомониро ташкил додааст. Барои рушди иқтисодиёти шаҳри Ваҳдат ва ҳалли масъалаҳои бахшҳои гуногун дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то имрӯз зиёда аз 300 миллион сомонӣ аз худ гардида, алҳол 8 лоиҳаи дигар ба маблағи 60 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ соли гузашта ба субъектҳои соҳибкориву хоҷагидори шаҳр 142 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ дода шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2012-ум 21 фоиз зиёд мебошад. Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои давлатӣ дар давоми даҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 39 корхонаи саноатии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз таъсис дода