logo

маориф

МАҚОМИ ОМӮЗГОР БАЛАНДТАР МЕГАРДАД

Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимтарин нуктаҳо оид ба рушди соҳаи маориф баён мешуданд. Инчунин вобаста ба он Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор мегардид, ки барои беҳтар намудани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф бештар аз пештар маблағ ҷудо намояд. Аз ин рӯ, дар чанд соли охир маоши мо – омӯзгорон зиёд гардид. Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, мутахассисони ояндаи мамлакат, саҳми арзанда мегирифтем.
Ҳанӯз фаромӯш  нашудааст, ки дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бар асари хуб набудани таъминоти иҷтимоӣ шумораи зиёди омӯзгорон тарки пеша намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд. Насли нав ба ин соҳа он қадар таваҷҷуҳ надошт. Дар натиҷа нарасидани омӯзгорону мутахассисон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бараъло эҳсос мешуд. Аз рӯи зарурат ба таълим нафароне ҷалб мегардиданд, ки маълумоти омӯзгорӣ надоштанд. Ин то ҷойе ба раванди таълиму тарбия таъсири манфии худро гузошт.
Шукр, ки вазъ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Омӯзгорон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Муҳаббат ба ин пешаи пуршараф дар ҳоли афзудан мебошад. Ба сифати таълиму тарбия ҷиддӣ назорат бурда мешавад.
Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав мақоми омӯзгорро расману қонунан муайян кард. Дар ин асос барои омӯзгорон имтиёзҳои зиёд пешбинӣ гардид.
Дар Паёми имсола Президенти кишвар махсусан вобаста ба иҷрои ин қисмати қонун чунин таъкид карданд: «… ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд».
Чунин таъкид, албатта, моро умедвор месозад, ки иҷрои қонуни мазкур зери назорати махсуси Сарвари давлат мебошад. Дар ин сурат шукуфоӣ ва пешрафти соҳа бо дилпурӣ метавон умед баст.
Мусаллам аст, ки ин соҳа ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон қарор дошт. Чаро? Ба ин пурсиш бори дигар посухи дурусту қотеъро аз Паёми имсола дармеёбем: «Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».
Воқеан, бо тамоми масъулият наслҳои ояндасози миллат бояд дуруст таълиму тарбия дода шаванд, то онҳо давомдиҳандагони асили анъанаву суннатҳои пурифтихори миллиамон гарданд. Инчунин барои пойдории миллату давлат, рушди тамоми соҳаҳои кишвар донишу таҷрибаҳои андӯхтаашонро бехато истифода бурда тавонанд. Барои ин тамоми имконот фароҳам оварда мешавад. Тавре Президенти кишвар дар Паём изҳор доштанд: «Маҳз  ба  ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем».
Фикр мекунам, ки аз ин пештар ҳеҷ вақт ба рушди ин соҳа ҷудо намудани чунин маблағи зиёд пешбинӣ нашуда буд. Яъне соҳаи мазкур ба тағйироту пешрафти фараҳбахшкунанда рӯ ба рӯст. Ва мо - омӯзгорон ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо шинохти масъулияти бештару беҳтар аз пештар бояд фаъолият намоем, донишу таҷрибаамонро такмил дода, ба сифати таълиму тарбия аҳамияти махсус бидиҳем.

Муҳаммади ДАВЛАТЁР,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Восеъ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2014    №: 78    Мутолиа карданд: 676

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед