logo

номаҳо

НА РОБИН ГУД, САЛМОНИ ХУД БИШАВ…

Пас аз хондани матлаби «Ман калон мешавам… Робин Гуд мешавам» - и Носирҷон Маъмурзода дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (12.02.2014) ба хулоса омадам, ки дар ин бора ақидаи хешро баён намоям.

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир ин анису фурӯғи танҳоию доноӣ ва ёри беҳтарину ғамхори инсон худ ба гӯшаи танҳоию фаромӯшӣ афтида, муҳтоҷ ба таваҷҷуҳ шудааст. Махсусан ҷавонон бо пайдо шудани компютеру телефонҳои бесим ва филмҳои видеоӣ аз хондани китоб дар канор мондаанд. Ҳол он ки наврасону ҷавонон ҳар қадар, ки бештар китоб хонанд, эҳтирому масъулияташон ба донишу меҳнати фикрӣ, ба муаллиму дарс ва ба худашон зиёдтар мегардад. Дар давраи ташаккулёбӣ муҳим аст, ки дар ёду қалби наврасон симои қаҳрамонҳои китобе ҷойгир шавад, ки ҳаёти онҳо барояшон намунаи ибрат бошад. Масалан, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ғайр аз кони бузурги сухану луғат будан, мавзӯъҳои муҳаббат ба Ватан ва ҳимояи он, истиқлолиятхоҳӣ, мубориза бар зидди зулму истибдод ва ғалабаи некӣ бар бадиро фаро гирифта, Рустам ҳамчун қаҳрамони миллӣ таҷассуми тавоноӣ, ватандӯстӣ ва дигар сифатҳои неки ҷавонмардӣ аст. Сифатҳои Сиёвуши покхислат ё Рудобаю Таҳмина, Фарангису Гурдофариди зебою далеру ҷасур магар боиси пайравии наслҳои имрӯза нест?
«Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус ва «Бӯстон» - у «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ дар баъзе кишварҳои Осиё ва Аврупо чун дастури таълимӣ истифода шуда, аз киштии бузургтарини ғарқгаштаи ҷаҳонии «Титаник» дарёфт гаштани китоби рубоиҳои Умари Хайём, онро ба Моҳ бо худ бурдани яке аз кайҳоннавардони амрикоии «Апполон» бояд дар дили ҳар наврасу ҷавон шуълаи ифтихор аз адабиёту китоби тоҷикро ба аланга мубаддал гардонад. Аз ин рӯ, ҳар устод ба шогирдонаш дар дарсҳо бояд чунин муроҷиат кунад:
«Китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, гулбоғи адаб аст. Ба он ворид шав, раста – раста гулгаштҳо ва гулҳои тару тозаро мебинӣ. Аз ин растаи гулгаштҳо шитобон магзар, бо андешаву фаросат таваққуф намо, пас по гузор. Ҳаргиз аз ин гулистон дасти холӣ, бе гулдаста набаро! Дастаи гуле барои рӯзгори ояндаат гир! Вай дар шоҳроҳи ҳаёт бароят ҳамчун машъал раҳнамо, рӯҳбардору мададгор хоҳад гашт.
Китобатро хор мадор! Ифлос макун, варақҳояшро надарон! Зеро вай дӯсти ҷонӣ, дӯсти беминнати туст. Бесабаб нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ китобро аз ҳамаи сарвату дороиҳо боло гузоштааст.
Китоб бароят дари ганҷинаи маърифатро мекушояд. Аз ин рӯ, ин ганҷи хирад, ин хазинаи маърифатро дақиқназарона омӯз, то ки дар зиндагӣ мавқеъ ёбӣ ва ба халқу Ватан содиқона хизмат кунӣ, худшиносу худогоҳ шавӣ, то санъати волои сухангустариро омӯзӣ. Ба ин восита аз рӯзгори аҷдод, орзуву омоли онон беҳтар ва бештар бархурдор гардӣ»…
Дар озмуну олимпиадаҳо ё мусобиқаҳои варзишӣ бо ифтихорномаю диплом ё раҳматномаҳо қадрдонӣ гаштани фарзандон имрӯз барои баъзе волидон беарзиш метобад. «Ба ҷои ин грамута як пачка чой медоданд, беҳтар буд» - гуфтани модареро ба писараш нақл намуда буд як шогирдам.
Баракси онҳо, писари Муҳтоҷ Саидови ваҳдатӣ Салмон, хонандаи синфи дуюми мактаби миёнаи №138, ки бо ғамхории вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саид айни ҳол дар литсейи президентии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад, ба забонҳои форсӣ, русӣ, англисӣ, урду озод ҳарф зада, аз эҷоди беш аз 150 шоирони классику муосири тоҷик шеъру ғазал аз ёд кардааст, ки дар маҷмӯъ 5 ҳазор мисраъро ташкил медиҳанд. Кош чунин Салмонҳо дар ҷумҳурӣ зиёд гарданд…
Дар ҳар ноҳия, шаҳр ва маркази вилоятҳо дуконҳои китоб бо амри Президенти кишвар кушода гашта, китобхонаҳо амал мекунанд, вале сафи китобхонҳо нисбати мухлисони дуконҳои хӯрокворӣ ва ошхонаҳою бозорҳо хеле кам аст.
Ривоҷ ёфтани наъшамандӣ, бадмастӣ, авбошӣ ва дигар омилҳои манфӣ омӯзгорон ва волидонро бояд ҳушдор диҳанд, ки аз болои реҷаи рӯзи наврас назорат баранд. Истифодаи компютеру телефони бесим ва тамошои филмҳои видеоиро ба танзим дароранд.
Агар ҳар мураббӣ ва ё устоду волидайн бо талошҳои пайваста тавонад, ки меҳри китобро дар замири наврасу ҷавонон чун муъҷиза ва бозёфти нодир ҷой кунаду барои фаҳмидани асроре фарзанд кунҷи танҳоиро ихтиёр карда, бо аниси ин кунҷ ҳамсуҳбати доимӣ гардад ва китобро беҳтар аз ҳама ганҷи дунё ҳисобад, он гоҳ ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсияти шинохта ва барои ҷомеа зарур ба камол мерасад.
Гулдаста ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2014    №: 90    Мутолиа карданд: 1134
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед