logo

мулоқотҳо

Дидору гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нию-Йорк

Дар мулоқот бо Президенти Финляндия Таря  Каарина Халонен масоили густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳар ду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда, баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Изҳори боварӣ шуд, ки  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тағйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонда мешаванд.
Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финляндия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финляндия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид.
Бегоҳии 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифоданашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.
Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ    Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: - Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсеа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ.
Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гашт.
Зимни гуфтугӯи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су оид ба роҳҳои густариш додани ҳамкории барои ҳар ду кишвар судманд гуфтугӯи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
«Тоҷикистон Кореяро шарики боэътимоди худ дар минтақа медонад», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати он барои дастгириҳои пайвастаи кишвари мо арзи сипос намуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су изҳор дошт: «Тоҷикистон натанҳо кишвари зебо аст, балки дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, дар чорсуи Шоҳроҳи таърихии Абрешим қарор дорад».
Эмомалӣ Раҳмон ва Хан Суюнг-су изҳори боварӣ намуданд, ки технологияҳои пешқадами Корея ва захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон бо нерӯи зиёди кориаш заминаи мусоиди ҳамкорӣ барои ду кишвар фароҳам месозанд.
Гуфтугӯи судманд оид ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, электроника, телерадиокоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт. Хан Суюнг-су аз рӯзгор ва фаъолияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Корея ҳамчунин баҳри густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ бо кишвари мо ҳавасманд аст.
Эмомалӣ Раҳмон  Хан Суюнг-суро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар вохӯрӣ бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба миён гузоштанд.
Зимни сӯҳбат атрофи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ ва робитаҳо бо муассисаҳои  байналмилалии молиявӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот бо Шоҳзодаи Нидерланд Вилям Александр оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар ва тадбирҳои муштараки онҳо, ки баҳри ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ амалӣ мегарданд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Нидерланд яке аз шарикони намоён ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ва Тоҷикистон аз ҳамин гуна шарикони Нидерланд дар  Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Дар сӯҳбат бо Президенти Созмони байналмилалии ғайриҳукуматии «Волд Вижн» Дин Хирш масоили ба роҳ мондани ҳамкории он бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти он дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буда, дар минтақаи мо айни ҳол бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистону Покистон ҳамкории намоён ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин таъкид гашт, ки Созмони байналмилалии ғайриҳукуматии «Волд Вижн» бештар таҳти сарпарастии СММ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла баҳри ҳифзи саломатии модарону кӯдакон саҳмгузорӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура мулоқоти пурмӯҳтаво анҷом дод.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО баҳри дастгирии намоён аз чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷлили 1150-солагии Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзи сипос кард.
Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги  Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори фарҳангию таърихии Тоҷикистон корҳои намоён ба сомон мерасанд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Нию-Йорки ИМА иттилоъ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 814

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед