logo

маориф

ДАРСИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Дар шароити қувват гирифтани равандҳои демократию мардумсолорӣ дар  ҷомеа, тааммуқу густариши ҷаҳонишавии  интишори иттилоот ногузир фаъолгардии воситаҳои ахбори оммаро барангехтааст. Бидуни кадом як шакку тардид, ҷомеаи муосир ниёзи ҳамарӯза афзояндаро ба дарёфту дастрасӣ ба иттилооти мухталифи сиёсию иқтисодӣ бо шумули навигариҳои илму техника ва фановарии замонавӣ аз худ зоҳир мекунад. Бо назардошти ҳамин воқеият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки: «Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд».
Тамоми ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон бо фазои ягонаи иттилоотӣ, зиёда аз он ба дастрасии ҳама гуна намудҳои иттилоот ва тавсеа додану тақвият бахшидани доираи қабулкунандагони он меорад. Яке аз ҳадафҳои асосию умдаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз он иборат аст,  ки дар роҳи баланд бардоштани савияи дониши кулли муҳасиллини на танҳо макотиби олӣ, балки тамоми риштаи таҳсил, сар аз мактабҳои миёнаи умумӣ то дигар даргоҳҳои таълимӣ мебошад, то дар маҷмӯъ кулли ташнагони илму маърифат бо шароитҳои шоиста пурра таъмин бошанд. Манзур аз ин гуфтаҳо пойгоҳи моддию техникӣ, афрохтани мактабу муассисаҳои нав ба нави таълим дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани фазои ягонаи бидуни халали иттилоотӣ дар миёни онҳо ба шумор мераванд. То ҷое дар ин самт корҳои зиёде анҷом ёфтааст. Дар ин замина ҳамчун далел метавон дастрасии оммавӣ ба интернетро ном бурд.
Дар шароити кунунӣ дар шабакаҳои телевизионии кишвар аҳён-аҳён барномаҳое таҳия мешаванду пахш мегарданд, ки аз рӯзгору фаъолияти афроди фарзонаи фарҳангу илми ҷумҳурӣ ибратомӯз қисса мекунанд Таҳия ва пешниҳоди ин барномаҳо шоистаи таҳсин асту тақдир, вале ба талқини ҳикмати маъруф «бо як гул баҳор намешавад». Ба ибораи дигар дар доираи як очерки телевизионӣ масъалаву мушкили зиёдро наметавон фаро гирифт. Худ ҳамин воқеият гувоҳӣ медиҳад, ки ба масъалаи мазкур муносибатро ба таври дигар бояд ба роҳ монда, бештар ба мавзӯъҳои гуногунҷанба рӯ овард.  
Дар ин маврид ба ёд овардани як таҷрибаи рӯзгор бо мақсади баҳра бурдану бархӯрдорӣ аз он аз манфиат холӣ нест. Солҳои навадуми қарни мозӣ дар Телевизиони Тоҷикистон барномае таҳти унвони «Студияи таълими дониш» рӯи кор буд, ки тибқи реҷаву нақша қариб ҳар ҳафта як маротиба пахш шуда, ба масъалаи таълими ин ё он фан барои шунавандагон, бахусус хонандагон ва донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибонаи макотиби олии кишвар ихтисос дода мешуд.
Дар замони рушду тараққии технологияҳои иттилоотӣ корбурди таблиғу тарвиҷи донишҳои муосир тавассути дастовардҳои фановарии нав аз аҳамият барӣ нест. Бартарии шеваи мазкур ин аст, ки бо истифода аз тадвину озин ва ороишоти компютерӣ мавзӯи мавриди диду дарсгӯиро метавон ҳамчун намунаи аёнӣ пешниҳод намуд. Дар ин сурат дарки мавзӯъ, фаҳму фаросат кардани паҳлуҳои нозуки он ва доираи баҳраваронаш амиқтару васеътар хоҳад гардид. Ин услуби таълим, яъне дарси телевизионӣ аз масъулаш муносибати ҷиддию касбиро тақозо мекунад. Андак иштибоҳ дар ин маврид пайомади нохуби бузургеро ба бор меорад. Зеро муаллим дар синфхона агар дарс гӯяд, теъдоди мухотабонаш хеле кам аст, дар ҳоле, ки муштариёни машғулияти телевизионӣ то садҳо ҳазор нафар мерасад. Аз дигар сӯ, аз усулҳои таъсирбахшу ҷолиби таълим дар экрани телевизион бояд истифода намуд. Агар дарс ҳадафмандона сурат бигирад, таассуроти амиқ дар дили сомеаш боқӣ мегузорад ва ӯро ба ҷустуҷӯи талаби донишҳои нав бо роҳи худомӯзӣ водор менамояд.
Суоли матраҳ ин аст, ки чунин омӯзишҳоро ба чӣ навъу наҳв метавон ба роҳ монд?
Ба гунаи намуна масъалаҳои асосии омӯзиши мавзӯъҳои марбут ба фанни риёзиётро баррасӣ мекунем.
Шеваи омӯзишро тавассути телевизион тарзе  бояд ба роҳ монд, ки тамошогари оинаи нилгун новобаста аз ҷиҳати иҷтимоӣ аз он баҳра бардошта, сатҳи дониши худро андаке ҳам бошад, боло бурда тавонад.
Маводеро мебояд интихоб намуд, ки таърихи инкишофи соҳаҳои гуногуни илми риёзиётро фаро гирифта, навгониҳои солҳои ахирро инъикос намояд. Таваҷҷуҳи бештар ба масоиле чун татбиқи нишондодҳою дастовардҳои илми риёзиёт дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, нақши он дар рушди риштаҳои техника, фановарӣ, истеҳсолот бояд намуд. Зимни машғулият аз маводи конференсияҳои илмӣ-амалии математикӣ, таҳсилоти математикӣ, фаъолияти илмӣ ва таълимии олимони пазируфта, масъалаҳои шавқовари математикӣ ва муаммоҳои математикӣ, робитаи математика бо ҳаёт фаровон ва моҳирона истифода бурдан моҳияти муҳимро дар ин амр касб мекунад.
Самтҳои пешниҳодгардида дар доираи ҳамкориҳои соҳаи маориф ва телевизион бояд сурат бигирад. Зеро ҳаллу фасли мавзӯъҳои барномаи таълимӣ дар доираи як гурӯҳи эҷодӣ дар як намоиш ҳаллу фасли ба мақсад мувофиқи худро ёфта наметавонад. Дар ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ идораҳои эҷодӣ фаъолият мебаранд, ки бо эътино ба риштаҳои мухталиф таҷзияву тақсим шудаанд. Вале шуъба ё идораи махсуси илм мавҷуд нест. Таъсиси идора ё гурӯҳи эҷодии марбут ба ин масъала аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳар як фанну илм мавзӯи  омӯзиши алоҳидаи худро дорад. Аз ин лиҳоз самтҳоро вобаста ба гурӯҳи таҳиягарон ҷудо кардан айни муддаост.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бар он далолат мекунанд, ки дар қисман кишварҳои хориҷӣ шабакаҳои телевизионии махсусро ба илм ихтисос додаанд. Мисоли ин гуфтаҳо шабакаҳои телевизионии  «Наука», «Rumler», «Diescovery science», «National Geographic»  мебошанд, ки намоишҳои онҳо тавассути моҳвора  пахш мегарданд.
Кароматулло САИДОВ,
аспиранти ДДОТ
ба номи С.Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2014    №: 142    Мутолиа карданд: 689

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед