logo

маориф

ОМӮЗИШ ДЕРӢ НАДОРАД

20 - 24 октябр дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Он бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иқтидор» баргузор мешавад. Ҳадаф аз ташкил намудани ин чорабинӣ густариши идеяҳои таҳсилот дар тӯли ҳама умр ва ҷалби тарафдорону шарикони нав барои мусоидат ба рушди низоми дастрас ва самараноки таҳсилоти калонсолон дар мамлакат аст.

Имрӯз, дар даҳсолаи дуюми асри бисту як зиста, боз ҳам муътақид мешавем, ки «ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан». Пешрафти босуръати илму техника, ба вуҷуд омадани касбҳои нав, талаботи бозори меҳнат, торафт мураккаб гаштани муҳити иҷтимоӣ тақозо ба омӯзишу бозомӯзии муттасили инсон дар тӯли умр доранд. Барои ҳимоя аз ҳуқуқи худ, донистани вазифаҳои хеш дар ҷомеа, соҳиб шудан ба арзишҳои маънавӣ, огоҳӣ аз воқеаҳое, ки дар ҷаҳон ба вуқӯъ меоянд, беҳбуд бахшидан ба ҳаёти хонаводагӣ, тарбияи дурусти фарзандон, камолоти маънавӣ, нигаҳдории саломативу шахси замони худ будан, калонсолон низ бояд пайваста омӯзанд, ба донишу таҷриба ва малакаи ҳосилнамудаашон қаноатманд  нашуда, дониши худро такмил диҳанд – бо муаллиму бе муаллим, дар дарсхонаву мустақилона, аз китобу аз зиндагӣ…Омӯзиш ҳеҷ гоҳ дерӣ надорад.
Айни замон ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) се намуди таҳсилотро расман пазируфтааст – расмӣ, ғайрирасмӣ ва мустақил (озод).
Таҳсилоти расмӣ муҳлати таҳсил, меъёрҳои аттестатсияи давлатиро дорад. Он бо гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи маълумот тасдиқ карда мешавад. Таҳсилоти ғайрирасмӣ, ин  гирифтани маълумот, маҳорат ва малакаҳоеанд барои қонеъ сохтани талаботи шахсӣ ба таҳсилот. Таҳсилоти мустақил фаъолияти фардии идрок ва омӯзишист, ки зиндагии ҳаррӯзаро ҳамроҳӣ мекунад.
Дар тавсияҳои ЮНЕСКО оид ба рушди таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла омадааст, ки маънии мафҳуми «таҳсилоти калонсолон» новобаста аз муҳтаво, сатҳу усул, расмӣ ё намуди дигари он ва қатъи назар аз идомадиҳанда ё такмилдиҳандаи маълумот буданаш, маҷмӯи равандҳои муназзами таҳсилотест, ки дар мактабҳо ё макотиби олӣ дарёфт мешавад, инчунин омӯзиши амалист. Дар партави онҳо шахсоне, ки аз тарафи ҷомеаи худ  калонсол шумурда мешаванд, қобилияташонро инкишоф медиҳанд, донишашонро ғанӣ мегардонанд, дараҷаи тахассуси касбиву техникии худро беҳтар месозанд ё самти нав мегиранд…
Айни замон дар кишвар шаклҳои таҳсилоту омӯзиши калонсолон, ба мисли маълумоти миёнаи умумӣ, омӯзиши касбии ибтидоӣ, миёна ва олӣ, таҳсилоти баъди макотиби олӣ, курсҳои касбии омӯзиш ва бозомӯзӣ дар марказҳои таълими касбии калонсолони хадамоти давлатии шуғл, марказҳои омӯзиши муттасил роиҷ аст. Таҳсилоти шаҳрвандии калонсолон асосан дар доираи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудаанд.
Омӯзишу таҳсилоти калонсолон, хусусан дар Тоҷикистон, ки аз   неруи меҳнатӣ ғанӣ аст, имрӯз аҳамияти махсус пайдо кардааст.  Ин аст,  ки дар Стратегияи коҳишёбии камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2009  ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 амалигардонии чораҳо   оид ба ташаккули неруҳои меҳнатӣ ва куллан системаи таҳсилоти калонсолон дар назар дошта шудааст. Яке аз чораҳое, ки дар ин бахш амалӣ мегардад, омӯзиши касбии калонсолон  дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МД «МТКТ») ва 25 бахши он дар шаҳру навоҳии кишвар аст. Ин муассиса ҳанӯз соли 2008 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, дар назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дорад. Умуман, дар системаи ин сохтор алъон 77  бахши маркази таълимӣ ва намояндагии омӯзиши касбӣ амал мекунад. 
Муҳимияти фаъолнок гардондани кор дар соҳаи таҳсилоти калонсолон тақозо намуд то Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар ҷумҳурӣ» - ро барои солҳои 2011 - 2015 қабул ва татбиқ кунад. Бо вуҷуди ин  мутахассисон ва коршиносон бар онанд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди муваффақонаи бахши таълиму омӯзиши калонсолон бояд пояи моддиву техникии ин соҳаро замонавӣ кард, инкишофи шарикии иҷтимоиро дар ин бахш таъмин намуд. Онҳо ибрози назар мекунанд, ки дар баробари таҳсилоти ҳатмии миёна ва олӣ зарурати чун яке аз афзалиятҳои миллӣ шинохта (пазируфта) шудани таҳсилоти калонсолон, бар асоси илм рушд намудани сиёсати давлат дар ин соҳа, таҳия ва қабули қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон ва Консепсияи рушди таҳсилоти калонсолон ба миён омадааст.
Соли 2011 оид ба таҳияи  лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо шомили намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ (ҳоло Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ), Вазорати  тандурустии ҶТ (ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ), Вазорати маорифи ҶТ (ҳоло Вазорати маориф ва илми ҶТ), коршиносону ҳуқуқшиносон ва намояндагони «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» (АТКТ) гурӯҳи корӣ ташкил шуда, баъдан лоиҳа барои баррасӣ ба порлумони кишвар ироа гардид.
Соли 2013 Консепсияи рушди таҳсилоти калонсолон бо назардошти таҷрибаи баъзе кишварҳои ИДМ таҳия гардид. Он бо иштироки намояндагони ҳукумат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла АТКТ, коршиносону олимон баррасӣ шуд ва ҳоло дар марҳилаи такмилёбӣ қарор дорад.
Баргузории конфронсҳо оид ба проблемаи таҳсилоти калонсолон, чопи «Маълумотнома оид ба таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон», ҳамасола баргузории Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар миқёси ҷумҳурӣ, нашри маҷалла (солнома), чорабинии анъанавии «Шомҳои Душанбе» аз ҷумлаи фаъолиятҳои АТКТ мебошанд. Дар чорабинии «Шомҳои Душанбе» аъзои Ассосиатсия, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Ин чорабинӣ дар ҳар се моҳ як маротиба барои дар муҳити  ғайрирасмӣ баррасӣ намудани  проблемаҳои муҳими бахши таҳсилоти калонсолон ва дурнамои рушди он дар кишвар барпо мегардад.
Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон шакли муҳимми иттилоърасонӣ ба аҳолӣ аст. Дар доираи барномаи чорабинии имсолаи он, ки  бо мусоидати молиявии Намояндагии DVV International (Институти ҳамкории байналмилалии Ассосиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) дар Тоҷикистон баргузор мегардад, аз ҷумла ташкили ярмаркаи таълимӣ, дарсҳои омӯзишӣ, баргузории Рӯзи таҳсилоти калонсолон дар Осорхонаи миллӣ бо намоиши филмҳо ва экскурсия, суҳбатҳои «мизи гирд», баргузории Рӯзҳои таҳсилоти калонсолон дар манотиқи кишвар дар назар дошта шудаанд. Дар рӯзҳои ин Ҳафта  намояндагони сохторҳои давлатӣ, корфармоён ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимон, устодону шогирдони макотибу донишгоҳҳо, алоқамандони дигар  паси чандин «мизи гирд» бо ҳам омада, вазъи имрӯзаи таҳсилоти калонсолонро дар кишвар баррасиву таҳлил мекунанд. Аз ҷумла мавзӯи ҳамкории самаранокро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки мувофиқ бо яке аз ҳадафҳои Ҳафта  - мусоидат ба рушди муносибатҳои шарикона аст.
Ҳамин тавр, оғози ҳафтаи кории оянда оғози Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон аст. Умедворем, ки он ба таваҷҷуҳи бештари доираҳои васеи ҷомеа ба мушкилоти рушди таҳсилоти калонсолон дар кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, солмандон, инчунин ба таҳсилоти дастрасу самаранок, ташвиқи  бештари худи калонсолон ба омӯзишу бозомӯзӣ дар тӯли ҳама умр мусоидат мекунад.

P.S. Соли 2007 якчанд ташкилоти ҷамъиятии пурқувват ва устувор, ки барои баланд бардоштани маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебурданд, бо мақсади муттаҳид намудани талошҳояшон дар рушди таҳсилоти калонсолон ва ҳамоҳангсозии кори якҷояи байни ин  ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатии ин соҳа Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистонро ташкил намуданд. Имрӯз Ассосиатсия шомили 20 ташкилоти ҷамъиятӣ аст, ки дар самтҳои гуногуни таҳсилот кор мебаранд.

Талъат НИГОРӢ

(Мақола бар асоси андешаҳои муаллиф ва муҳтавои
 матолиби солномаи «Таҳсилоти калонсолон
дар Тоҷикистон»(№4, с. 2014) навишта шудааст).

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2014    №: 202    Мутолиа карданд: 754

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед