logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси Ҳукумат оид ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015, шаҳри Душанбе, 29 октябри соли 2014

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Дар соли 2015 вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии давлат таъмини рушди муътадили иқтисодиёти кишвар, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳавию минтақавии мамлакат ва пешгирӣ кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидан ба рушди воқеии соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, коҳишёбии рушди соҳаҳои иқтисодиётро аз таъсири бевоситаи омилҳои берунӣ ҳарчи бештар пешгирӣ намоем.
Бо дарназардошти таҳлили тамоюли пешравиҳои бадастомада дар солҳои гузашта ва арзёбии рушд дар соли ҷорӣ ва эҳтимолияти таъсири омилҳои беруна дар давраи миёнамуҳлат мо бояд дар солҳои 2015-2017 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар доираи на кам аз 7 фоиз таъмин намуда, меъёри солонаи таваррумро дар сатҳи 7-7,5 фоиз нигоҳ дорем. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби пурра истифода бурдани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, афзудани ҳиссаи арзиши иловашуда дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва ташкили коркарди ашёи хом, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ таъмин хоҳад гардид.
Дар соли оянда барои коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти тайёри босифату рақобатпазир ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, муҳайё намудани шароити мусоид барои таъсис додани корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, махсусан маҳсулоти саноатӣ самти афзалиятнок мебошад ва зарур аст, ки корҳо дар ин раванд мунтазам идома дода шаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани шаклҳои пешқадами хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва умуман дар соҳаи иҷтимоӣ ба раванди рушд ва таъсиси муассисаҳои шакли моликияташон гуногуни ҳозиразамон ва таҳкими пояи моддиву техникии онҳо, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос суръат бахшида шавад. Бо ин роҳ мо устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, барои боз ҳам зиёд намудани захираҳои молиявии кишвар асос мегузорем. Вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пешбинӣ карда мешавад, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2015 ба маблағи 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ муайян карда шуда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10 фоизро бояд ташкил намояд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо афзоиши 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ё 10 фоиз зиёд пешбинӣ мегардад. Яъне касри буҷет дар соли оянда ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, ҳаҷми он 264,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Касри зикршудаи буҷет аз ҳисоби ҷалби маблағҳои қарзии имтиёзнок ва даромад аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ пурра карда мешавад.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва эҳтимолияти таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар зарурати идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва мутобиқгардонии хароҷот ба миён меояд. Бинобар ин, ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, вазифадоранд, ки рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҷалби сармоягузории мустақими дохилӣ ва хориҷиро суръат бахшида, доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар сиёсати буҷети давлатӣ масъалаи таъмини уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ минбаъд низ ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Дар ин самт, бо вуҷуди мушкилиҳои солҳои охир, мо тавонистем, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро 2 баробар зиёд намоем.
Соли 2015 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 17 фоиз зиёд буда, беш аз 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар буҷети соли оянда ба маблағгузории афзалиятҳои соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт, коммуникатсия ва объектҳои соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо дарназардошти лоиҳаҳои сармоягузорӣ 5 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Бинобар ин, бо мақсади паст намудани фишор ба буҷет мо бояд аз ҳар гуна хароҷоти дуюмдараҷаи иловагӣ худдорӣ намуда, маблағҳои дар буҷет пешбинишударо дар ҳар як ташкилоту муассисаи буҷетӣ, бо дарназардошти устувор намудани низоми молиявӣ самаранок ва мақсаднок истифода барем.
Барои дар амал татбиқ намудани ин мақсад мо бояд ба сарфакорӣ ва истифодаи самараноки ҳар як сомонии аз буҷет хароҷотгардида диққати ҷиддӣ диҳем. Дар ин робита, Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои кишвар оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва эътимод ба низоми бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории қарзӣ, аз ҷумла қарздиҳии хурд ба соҳибкорон, бахусус соҳибкорони соҳаҳои истеҳсолӣ ва минтақаҳои дурдаст ва паст намудани фоизҳои қарзӣ чораҳо андешад. Инчунин пешбурди сиёсати монетарӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати устувории қурби асъори миллӣ таъмин карда шавад.
Минбаъд бояд қарзҳои берунӣ танҳо барои татбиқи барномаҳои аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷадошта ҷалб гардида, баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо таъмин карда шавад. Дар баробари ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки фавран барои зиёд намудани захираҳои молиявии дохилӣ тавассути баланд бардоштани фаъолияти биржаи фондӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, бозори сармояву қарз ва инчунин диверсификатсияи истеҳсолот ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Инҳо омилҳои асосии иқтисодие ҳастанд, ки метавонанд ба муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст гардидани касри буҷет ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани қурби пули миллӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, ҳамаи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки оид ба ҳалли ин масъалаҳо аз имрӯз тадбирҳои мушаххас андешанд.
Масъалаи дигаре, ки мо бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳем, риояи интизоми молиявӣ дар байни субектҳои хоҷагидорӣ, бонкҳо ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба паст намудани гаронии қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ дар байни онҳо ва таъмини уҳдадории онҳо дар назди буҷет мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати зиёд намудани даромади буҷет, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулияти роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки уҳдадориҳои худро дар назди буҷет таъмин намекунанд, тадбирҳои доимӣ андешанд.
Таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар низ диққати ҷиддиро талаб менамояд. Оид ба ин масъала Ҳукумати мамлакат барномаҳои дахлдор қабул кардааст ва барои амалӣ гардидани онҳо имконияти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли оянда хеле ҳам маҳдуд мебошад. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар баробари маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои дохилӣ самаранок истифода бурда, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳоро дар доираи маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмин намоянд. Аз ин рӯ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назоратро аз рӯи таъмини нишондиҳандаҳои даромади буҷет, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мувофиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, шаффофияти буҷет ва роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Моҳи ноябри соли гузашта, яъне як сол пеш ҷаласаи якуми Ҳукумати мамлакат дар ҳайати нав баргузор гардида буд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки Ҳукумат фаъолияти яксолаи худро ҳамаҷониба ҷамъбаст карда, доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта чораҳои саривақтӣ андешад.
Тавре ки ман мунтазам таъкид менамоям, мо талош дорем, ки ба ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои неку созандаамон маҳз ба хотири амалӣ гардидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиштагии кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро мардуми Тоҷикистон ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем.
Ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида мунтазам пайгирӣ шуда, иҷрои чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ пешбинишуда таҳти назорати қатъӣ қарор доранд. Таҳлили фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомот нишон медиҳад, ки иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тақвият бахшидан ба раванди ислоҳоти пешгирифта, ҳамзамон ба татбиқи амалии тадбирҳои паст кардани таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисодиёти мамлакат бомаром идома дорад.
Дар натиҷаи сафарҳои кории Роҳбари давлат ба минтақаҳои кишвар, вохӯриҳо бо фаъолону аҳолии шаҳру ноҳияҳо таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо бо дарназардошти захираву имкониятҳои воқеӣ, татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва барномаҳои сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, инчунин барномаҳо ва чорабиниҳои алоҳидаи мушаххас барои ҳар як вилоят ва шаҳру ноҳия чораҷӯӣ карда мешавад. Дар баробари ин, масъулини сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаву мушкилоти ҷойдошта бояд боз ҳам ҷиддитар муносибат намоянд.
Вобаста ба ин, ба аъзои Ҳукумат, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, Агентии омор ва сохторҳои дахлдор, инчунин ёрдамчиёни Президент супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлилҳои ҳаматарафа натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2014 омода намуда, ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд. Санадҳои дахлдор оид ба вазифаҳо барои соли 2015 тибқи тартиби муқарраргардида, ба баррасии Ҳукумат таҳия ва пешниҳод гарданд.
Дар охир бори дигар хотирнишон месозам, ки танҳо бо меҳнати софдилонаи худ мо метавонем рушди иқтисодиётро таъмин карда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонем ва сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистонро баланд бардорем. Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки маблағгузории буҷетӣ кам набуда, он сол то сол зиёд гардида истодааст. Танҳо истифодаи мақсадноку самарабахш ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ ба пешрафти иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард ва ин аз ҳамаи мо масъулияти баландро талаб менамояд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2014    №: 211    Мутолиа карданд: 744

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед