logo

маориф

ТАДБИР МЕАНДЕШАНД

- Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон нақшаҳои иловагӣ тартиб дода, маҷмӯи корҳои ташкилӣ ва илмӣ-методиро баҳри пешрафти  таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби донишҷӯён ба корҳои  инноватсионӣ ва ободониву созандагӣ васеътар ба роҳ монд, - гуфт ректори донишкада Диловар Қодиров.
Ба гуфтаи ӯ сохтори ташкилӣ-идоракунии донишкада таҷдиди назар шуда, он аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт. Инчунин олимон ва устодон дар омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ саҳми назаррас гузоштанд. Бо ҷидду ҷаҳди онҳо 16 монографияи илмӣ, 7 китоби дарсӣ, 42 дастури методӣ, 60 воситаи таълимӣ, 423 мақолаи илмӣ, дар маҷмӯъ 588 номгӯйи мавод аз чоп баромад. Донишкада татбиқи  лоиҳаҳои «Роҳу усулҳои такмили тарбияи мутахассисони соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Зарурати баландбардории маърифати молиявии аҳолӣ»-ро ба уҳда гирифтааст, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Ба пурсиши хабарнигори рӯзнома дар бобати вазъи қабули довталабон ба донишкада аз тариқи имтиҳоноти мутамарказонида дар Маркази миллии тестӣ Д. Қодиров посух дод, ки «мутаассифона, ба ҷойи 805 нафар ҳамагӣ 343 довталаб сазовори номи донишҷӯ шуданд ва ин ба 40 фоизи нақша баробар аст. Ин омил боиси хеле кам ворид  шудани маблағи шартномавӣ ба суратҳисоби донишкада гардида, муҷиби ихтисори 11 мутахассис гардид. Вобаста ба  роҳҳои ҳалли ин мушкилот дар соли таҳсили оянда  донишгоҳ тадбир хоҳад андешид».

Э. НАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.15    №: 16    Мутолиа карданд: 740

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед