logo

президент

ВАЗИФАҲОИ СОЛИ 2015 МУШАХХАС ШУДАНД

23 январ, нимаи дуюми рӯз, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор шуд.
Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.
Зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд. Айни ҳол таъкид гардид, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳои имсол зиёдшаванда бояд пурра ва сари вақт маблағгузорӣ шаванд.
Дастур дода шуд, ки корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъ-йингардида идома дода шаванд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз 5600 нафақаи ғайриқонунӣ таъйингардида бекор карда шудааст.
Сипас, вазири саноат ва техно-логияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, роҳбари ширкати «Помир энерҷӣ» Далер Ҷумъаев, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва директори Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Сафаров ҳисобот доданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Шодихон, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳисобот доданд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 мушаххас намуд.
Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва неруи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.15    №: 18    Мутолиа карданд: 10503
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед