logo

ҳуқуқ

САНАДҲОИ СУДӢ ҚОНУНИАНД

Мақолаи «Собиқадори ҶБВ - ро дар  Истаравшан аз замин маҳрум  карданианд», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 7 (22569) 10 январи соли 2015 ба табъ расидааст, бо омӯзиши маводҳои парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Ҳайдаров Саид Сатторович нисбат ба Додоев Қаюм Камолович дар бораи бартараф кардани монеа, вайрон кардани иншооти худсарона сохташуда, баргардондани қитъаи замин, даъвои иловагии Ҳайдаров Саид нисбат ба Додоев Қаюм дар хусуси вайрон кардани пойдевори манзили истиқоматӣ,  даъвои иловагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 10 июли соли 2013 таҳти № 475 мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки С. Ҳайдаров бо даъвоҳои дар боло зикршуда ба суд муроҷиат намудааст. Ӯ асоснок  кардааст, ки дар асоси протоколи № 64 дар бораи натиҷаҳои музоядаи фурӯши саҳмияҳо аз  7 октябри соли 2011, ки дар бинои КВД бобати ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба фурӯши дегхонаи «Гагарин» - и КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳри Истаравшан, кӯчаи Гагарин барпошуда ғолиб омада, дар асоси шартномаи № 64 аз 10 октябри соли 2011 ин иншоотро ба маблағи 49613 сомонӣ харидааст.
Баъд аз ин, ӯ соҳибмулки иншоот гашта, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0336327, аз 19 июли соли 2012, аз кумитаи  заминсозии  шаҳри Истаравшан ба майдони умумии 3035  метри мураббаъ гирифтааст.
Аммо ҷавобгар Додоев Қаюм худсарона 0,7 га қитъаи замини ба ӯ тааллуқдоштаро аз худ карда, дар масоҳати (7х4) метр манзил (хонача) бунёд кардааст. С. Ҳайдаров якчанд маротиба ба ҷавобгар Қ. Додоев муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки манзили худсохташро барои истифодаи замин вайрон карда, монеа эҷод накунад, аммо ҷавобгар ихтиёран хонаи худсарона сохтаашро вайрон накарда, замини ба ӯ тааллуқдоштаро барнамегардонад. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки манзили худсарона сохтаи ҷавобгар Додоев Қаюм Камолович ба масоҳати (7х4) метр, ки дар ҳудуди қитъаи замини ӯ мебошад, вайрон карда, монеае, ки ҷавобгар ба иншооти харидаи ӯ эҷод карда истодааст, бартараф карда шуда, 7х4 метри мураббаъ замини ишғолгашта ба ӯ баргардонда шавад.
Инчунин, даъвогар С. Ҳайдаров ба суд бо даъвои иловагӣ оид ба вайрон кардани пойдевори манзили истиқоматӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аризаи даъвоӣ дар  бораи беэътибор  донистани қарори раиси шаҳр аз 10 июли соли 2013 таҳти № 475 пешниҳод намудааст.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,  аз  17  июли  соли  2013, даъвоҳои С. Ҳайдаров қонеъ карда шудаанд.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд, аз 22 октябри соли 2013, ҳалномаи мазкур бетағйир гузошта шудааст.
Ҳамзамон, суди марҳилаи якум баҳри муайян намудани ваҷҳи даъвогар С. Ҳайдаров дар бораи он ки Додоев Қаюм дар қитъаи замини ба ӯ тааллуқдошта сохтмони худсарона кардааст, экспертизаи сохтмонӣ  таъйин намудааст.
Дар асоси хулосаи ташхиси судӣ муайян шудааст, ки ҷои ҷойгиршавии қитъаи замини шаҳрванд С. Ҳайдаров тибқи харитаи топографии шаҳри Истаравшан аз соли 1989 дар маҳал бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0336327, аз 19 декабри соли 2012, ки ба С. Ҳайдаров дода шудааст, мутобиқат мекунад.
Қитъаи замине, ки дар он аз тарафи шаҳрванд Додоев Қаюм пойдевори хонаи истиқоматӣ қомат афрохтааст, масоҳати умумиаш 638 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати 364 метри мураббааш дар ҳудуди қитъаи замини ба С. Ҳайдаров  вобастакардашуда дохил буда, боқимонда 274,0 метри мураббаъ аз ҳисоби роҳи мошингард ва заминҳои ёрирасони ба буғхона вобасташуда ишғол карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, санадҳои судии судҳои марҳилаҳои гуногун вобаста ба парвандаи граждании зикргардида қонунӣ ва асоснок буда, асос барои бекор ва ё тағйир додани онҳо дида намешавад.

Бахши нашр ва маркази иттилоотии
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2015    №: 110    Мутолиа карданд: 742

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед