logo

ҳуқуқ

САБАҚИ ТАЪРИХ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Ғозибек САФАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Файзобод

Миллати тоҷик тӯли асрҳо зери шиканҷаву азоб ва тохтутози аҷнабиён қарор доштаву ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тавонистааст, ки таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллии худро ҳифз намояд. Сарсупурдагони халқи тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста аз тақдирбозиву таърихсозии нотавонбинони миллат, ҳатто ба ивази ҷон аз ҳудуди ҷуғрофӣ, арзишҳои миллӣ, сармояҳои ватании хеш муҳофизат кардаанд. Номи бузургони миллати тоҷик дар саҳифаҳои рӯшани таърих сабт шудааст ва амали онҳо барои мо - ҷавонони имрӯза, ки ояндасози ин сарзаминем, бояд сабақи ҳаёт бошад.
Агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем, мебинем, ки халқи тоҷик имтиҳонҳои вазнинро паси сар намудааст. Дар душвортарин лаҳзаҳои сарнавиштсоз фарзандони барӯманду номбардори миллат ба майдон омадаву сарзамини аҷдодии худро муҳофизат кардаанд. Ҳамарӯза мо тавассути расонаҳои хабарӣ шоҳиди он мегардем, ки баъзе кишварҳо таҳти таъсири давлатҳои абарқудрат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ниҳодҳои сармоягузор афтодаву мустақилияти хешро аз даст дода истодаанд. Занону кӯдакон дар оташи ҷанг месӯзанд, ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд.
Халқи моро солҳои 1992 -1993 манфиатдорони хориҷӣ гумроҳ намуда, то ба ҷанги бародаркуш оварда расонданд, ки оқибатҳои даҳшатбору хунин ба дунбол дошт. Яъне, бегонагон моро фиреб додаву ба ҳамдигар ҷанг андохтанд ва аз дур миллати куҳанбунёди тоҷикро бо ангушти ҳақорат нишон доданд. Боз ҳам, хушбахтона, хиради азалии миллати тоҷик ғалаба кард ва ба шарофати пешвои миллати тоҷикон, сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадем, сарҷамъ шудем, сулҳу суботро дар кишвар барқарор кардем. Яъне , мо - халқи тоҷик аз имтиҳони навбатӣ низ сабақ гирифтем.
Вале, мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидаву дар давлатҳои Шарқи Наздик, Сурияву Ироқ ҷанг мекунанд. Номи миллати тоҷикро доғдор намуда, ба амнияти кишвар халал ворид месозанд. Дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки ҳеҷ як давлате наметавонад аз он дар канор бошад, иддае аз ҷавонони мо аз пайи омӯзиши илму техникаи муосир нашуда, дунболи хурофот ва бегонапарастӣ мераванд. Онҳо ба гурӯҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ ҳамроҳ гардида, дар кишварҳои бегона ҷони худро зери хатар мегузоранд. Теъдоди муайянашон, ки дур аз мазҳабу имону виҷдони мусулмонӣ мебошанд, даст ба қатлу куштор мезананд, аз падару модар рӯй мегардонанд, кӯдаконашонро дастнигари дигарон мегардонанд.
Фикр мекунам, ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат кард. Ҳар як фарди солимфикри ҷомеа, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, бояд дар атрофи Сарвари муаззами кишвар муттаҳид шуда, баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Нагузорад, ки боз манфиатҷуёни хориҷӣ моро ба гумроҳӣ бурда, фарҳангу тамаддун, таърихи ҳазорсола ва забону адабиёти пурғановатамонро доғдор кунанд. Яъне, имрӯз ҷомеа бояд бетараф набошад. Ҳар яки мо сарҷамъона ва бо иродаи мустаҳкам гомҳои устувор сӯи фардои дурахшон гузорем, ватанамонро обод, халқамонро шод гардонем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2015    №: 115    Мутолиа карданд: 776

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед