logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СААД

Субҳи 4 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла изҳор дошт: “Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем”.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгароии фаромиллӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири муштарак барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, бахусус дар самти ҷануби он, сурат гирифт.
Изҳори бовар карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин доир ба масоили афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.2015    №: 116    Мутолиа карданд: 627

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед