logo

ҳуқуқ

РОҲИ ОҲАН: МУБОРИЗА БО ХУРОФОТ БАРНОМАИ ҲАМАРӮЗА АСТ

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси Соли оила эълон гардидани соли 2015 ва татбиқи дастуроти Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ оид ба танзими суннатҳо ва расму оинҳои мардумӣ, маданияти либоспӯшӣ ва дигар нуктаҳо дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тадбирҳое рӯи кор омадаанд. Оид ба ин мавзӯъ бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ҷалолова ҳамсуҳбат гардидем.

- Гулчеҳра Саъдуллоевна, дар бораи эълон доштани Соли оила чӣ андеша доред?
- Соли 2015 – ро Президенти кишварамон бесабаб «Соли оила» эълон надоштааст. Воқеан ҳам ҷаҳонбинӣ ва фазилати падару модар дар оила сабақи нахустинест, ки дар мафкураи кӯдак нақш мебандад ва ба рафтори минбаъда таъсири амиқ мегузорад. Бо ин ҳама бардоштҳояш аз оила кӯдак вориди ҷамъият мегардад. Эълон доштани «Соли оила», бахусус волидонро водор намуд, ки барои солимии ҷомеаи имрӯза ва оянда, дар ташаккули оилаҳои солим саҳмгузор бошанд. Таърихи ташаккули башарият дар тӯли садсолаҳо ин ҳақиқати бебаҳсро исбот намудааст.

- Ба ақидаи Шумо, муносибати ҷомеаи имрӯза ба ин масъала чӣ гуна аст?
- Муносибатҳои никоҳию оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Сарқонун, Кодекси оила ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Қонунгузории оилавӣ, қабл аз ҳама бинобар зарурати таҳкими оила, ташкили муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳсоси муҳаббати пок, эҳтиром ва гиромидошти мутақобилаи ҳамсарон, кумаки байниҳамдигарӣ ва масъулияти аъзои оила дар назди якдигар, таъмини бемамонияти татбиқи ҳуқуқҳои аъзои оила ва муҳофизати судии онҳо бунёд ёфтааст.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам хурофотпарастӣ миёни ҷомеаи мо пурра аз байн нарафтааст. Аз ҷумла, никоҳи хешутабор ва барвақт хонадор кардани духтарони синнашон ба никоҳ нарасида вуҷуд дорад.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, Президенти кишвар ёдрас шуд, ки Ҳукумати кишвар ба бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Дар чанд барномаи давлатӣ стратегия, консепсия ва дурнамои фаъолият ва нақши занон дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории он муайян сохтаанд. Мо ин сиёсатро низ дар оянда давом дода, занонро чун чароғи хонадон, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлат сафи онҳоро бештар мегардонем. Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.

- Сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавонро дар чӣ мебинед?
- Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёданд, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб мегардад.
Дар қаламрави кишвар айни ҳол қариб 13 ҳазор кӯдаку навраси маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари онҳо маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидони гирифтори нашъамандӣ ва ё майзадагӣ ба дунё омадаанд.
Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор нагирифтаанд.
Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин имтиёзи муқаррарнамуда истифода намекунанд.

- Ин мушкилотро пас чӣ гуна бояд бартараф сохт ва дар корхонаи шумо кадом тадбирҳо оид ба ин масъала рӯи кор омадаанд?
- Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки назорати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо доранд. Бо супориши бевоситаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев оид ба ин масъала нақшаи корӣ таҳия гардида, аз рӯи он миёни коргарон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар назди Кумитаи Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён Шӯрои бонувон ва Шӯрои ҷавонон таъсис ёфта, ҳар моҳ ҷаласаҳои корӣ мегузаронад. Бонувони фаъоли корхона миёни роҳиоҳанчиён суҳбатҳо ташкил мекунанд.

- Масъалаи дигари ташвишовар имрӯз маданияти либоспӯшии ҷавондухтарон аст…
- Дар урфият гуфтаанд: «Одаму либос, хонаву палос». Ҳар як миллатро ба ғайр аз забону марзу бум либоси миллӣ муаррифӣ мекунад. Аз қадим боз модарони мо рӯмоли сафед ва куртаи чакану атлас мепӯшиданд, ки бисёр шинаму зебо буд ва бо он тоҷик будани худро нишон медоданд. Имрӯз бонувони зебои мо либоси сиёҳ ба бар карда, худро «сатрпӯш» мешуморанд. Дар таомули мо бошад, либоси сиёҳ рамзи ғаму андӯҳ ва мотам аст. Мо ҳама мусулмонем ва дар баробари ин бояд ба урфу оинҳои мардумӣ эҳтиром ва арҷ гузорем. Агар бонуи тоҷик мусулмон будани худро нишон диҳад, бигузор рӯмол бандад, ба тарзе момоҳои мо мебастанд. Агар ба таърих назар андозем, муаррихон гуфтаанд, ки ислом дини шахшуда нест, он дини рушду такомул буда, мувофиқи замон пеш меравад. Пас имрӯз бояд бо рафтору кирдор ва ахлоқамон мусулмон будани худро нишон диҳем, на бо чодари сиёҳ ба бар кардан. Бигузор модари тоҷик, бонуи тоҷик ҳама вақт ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран зебо бошад.

Хандонгул ДОРОБОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2015    №: 128    Мутолиа карданд: 1058
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед