logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

18 - уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода оғоз ёфт. Дар ин ҷо сокинону фаъолон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳи мошингарди минтақавии Душанбе - Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд.
Роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати чор хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км. роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст.
Бунёди иншооти муҳими коммуникатсионӣ моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ба итмом расиданд.
Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода дар маҷмӯъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Бонки осиёии рушд амалӣ гардид.
Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 пул бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад лӯлаи обгузар хобонда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ  ба фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк» оғоз бахшид.
Бунёди иншооти мазкур моҳи апрели соли 2013 шурӯъ гардида, бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2015 бо сифати баланд ба анҷом расид. Бинои «Спитаменбонк» аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.
Ба мизоҷон шуъбаҳои муҳосибот, қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағҳо, хазина ва ҳуқуқшинос хизмат мерасонанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории он ба корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои муосир баҳои баланд дода шуд. То имрӯз кормандони филиали «Спитаменбонк» дар бинои иҷоравӣ фаъолият мекарданд ва бо кушодашавии ин филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расид.
Филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба 458 мизоҷ, аз ҷумла ба 276 соҳибкори хурду миёна, 48 хоҷагии деҳқонӣ ва 134 нафар қарз додааст. Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.


Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар оғози расмӣ бахшид.
Зимни боздид аз корхонаи дорусозӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 60 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, дар ин ҷо бо истифода аз технологияи пешрафтаи хориҷӣ зиёда аз 20 намуди маводи доруворӣ истеҳсол мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як басти корӣ 32 ҳазор адад зарфҳои маҳлулҳои обӣ буда, дар оянда бо насби хатҳои технологии нав истеҳсоли маводи доруворӣ дар шакли ҳаб, ғилофак ва ампулаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар корхонаи дорусозӣ 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудааст ва дар оянда бо васеъ гардидани фаъолияти корхонаи мазкур шумораи коргарон афзоиш хоҳад ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона асосан маҳлулҳои воридотивазкунандае истеҳсол мешаванд, ки барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ин пеш ин намуди доруворӣ аз хориҷи мамлакат бо нархи гарон ба Тоҷикистон ворид карда мешуд. Акнун баъди бунёди корхона на танҳо талаботи дохилӣ қонеъ, балки ин намуди доруворӣ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки дар бунёди корхонаи дорусозӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузоштаанд, баҳои баланд дода, ин амали созандаи онҳоро дар таъмини маҳсулоти воридотивазкунанда муҳиму назаррас арзёбӣ кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони корхона дастур дод, ки дар вақти истеҳсоли маводи доруворӣ ба сифат ва бехатарии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар корхонаи чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар истеҳсоли 3 намуди хишти сохтмонию ороишӣ ва 20 намуди маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст.
Корҳои барқарорсозии бино ва насби технология дар корхонаи чиниворӣ соли 2014 шурӯъ гардида, аз тарафи соҳибкорони ташаббускори ватанӣ дар давоми як сол ба анҷом расиданд.
Тибқи иттилои масъулон барои барқарорсозии хати технологии истеҳсоли хиштҳои сохтмонӣ ва ороишӣ 500 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Барои таҷдиду азнавсозии коргоҳи чинибарории корхона бошад, 300 ҳазор доллар сарф гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ иқтидори истеҳсолии корхона давра ба давра ба 500 ҳазор дона маҳсулоти чиниворӣ хоҳад расид.
Корхонаи мазкур дар заминаи собиқ коргоҳи бузурги “Фарфори Регар” таъсис ёфт ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ технологияи он ба пуррагӣ нав карда шуд.
Дар ҳамин корхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи коргоҳро тамошо кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур ба роҳбарият ва коргарон барои беҳтар намудани сифат, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Бо таъсиси корхона қариб 200 нафар аҳолӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.


Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод.
Сарвари давлатро хонандагон бо барномаи рангин истиқбол гирифтанд.
Ҳаҷми маблағи сарфшуда 9 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва пудратчӣ ҶДММ «Шаҳраки сохтмончиён» мебошад.
Бинои мактаб дар доираи амалӣ намудани барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар бунёд шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои муассисаи таълимӣ бо кормандони соҳаи маориф ва дигар фаъолону сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд.


Дар деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 119 оғоз бахшид.
Дар даромадгоҳи бинои мазкур хонандагон бо барномаҳои рангини фарҳангии театрикунонидашуда Сарвари давлатро истиқбол гирифтанд. Зимни баромади хеш муҳассилин аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот шукргузорӣ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар мактаби наву замонавӣ моҳи июли соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бунёд гардидааст.
Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад. Мактаб аз озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон, толори варзишӣ бо 325 ҷой иборат мебошад, ки дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзанди сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 250 нафар фарзанди муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошад.
 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар синфхонаҳои ибтидоӣ, компютерӣ, дӯзандагию дуредгарӣ шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълим ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дод. Хонандагон ба Сарвари давлат барои бунёди мактабу синфхонаҳои барҳаво изҳори сипос карданд. Дар ҷавоби ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва омӯзиши илмҳои муосир оянда ҳамчун кадрҳои арзанда барои халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.
Дар синфи омӯзиши ҳунарҳо Сарвари давлат ба дӯхти либосҳои миллӣ, ки духтарони синфҳои болоӣ омода кардаанд, баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, дониш ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард. Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби нав ҳамчунин барои корҳои ободонӣ ба роҳбарияти мактаб тавсияҳои иловагӣ дода шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар муассиса буғхона бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар фасли зимистон имкон дорад, тамоми ҳуҷраҳои биноро бо ангишт ва неруи барқ гарм нигоҳ дорад. Дар рӯзҳои таҷлили 24 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони муҳоҷиршудаи шаҳри Турсунзода арзёбӣ гардид. Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир карда, ифтитоҳи мактаби навро ба сокинони ин маҳал муборакбод намуд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои 571 оилаи муҳоҷирон, ки дар деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода муқимӣ шудаанд, тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Аз ҷумла, бо маблағгузории Ҳукумат Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бо харҷи беш аз 52 миллион сомонӣ роҳ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хати об, хати интиқоли барқ, зеристгоҳи барқӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд кардааст.    
Корҳои ободонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмини зиндагии сазовори сокинон идома доранд.


Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва «Боғи Сомон» шинос шуд.
Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008 - ум ташкил шуда, 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора 8 гектараш обӣ, 4 гектар токзор ва боқимондаро боғҳои меваҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳанд ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард, ки  баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав бунёд шудааст.
Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр лӯлаҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор шуда, аз баракати он мавзеи  40 сол боз ташналаб шодоб гардид.
Баъди шиносоӣ бо кори ибратбахши хоҷагии «Ватан», Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳрро тамошо кард.
Хоҷагии  деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар доман густурдааст, ки қисми бештари заминро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.
Дар ин замин гандум кишт мешуду аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ қаламчаҳои дар ниҳолхонаи наздихоҷагӣ парваришкардаи навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» - ро шинониданд, ки нашъунамои хуб доранд.
Аҳли заҳмат аз ҳар ваҷаб замини байни қатори токзор самаранок истифода бурда, дар 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт карда, аз як гектар то 50 тонна тарбуз ва 50-60 тонна помидору бодиринг рӯёниданд. То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.
Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокини деҳаи Янгибоғи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардад, ки маоши онҳо 600 сомониро ташкил менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси роҳбарияти хоҷагии оилавиро намунаи ибрат барои дигарон хонда, онро дар таъмини дастархони мардум бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим арзёбӣ кард.         
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» аз майдонҳои ин токпарвари асил шинос шуд, ки дар он шаш номгӯи ангури хуштамъ бо санъати баланди касбӣ парвариш меёбад. Аз хӯшаҳои ҳосили фаровони токҳо айён аст, ки онҳо ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ мегиранд.
Айни замон аз ҳосили токпарварони хоҷагӣ тоҷирони Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия харид менамоянд. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулон сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сардхонаи хоҷагии мазкур дидан кард. Масъулон иттилоъ доданд, ки сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад. Хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи наздихоҷагӣ 20 номгӯй ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегарданд, ки ҳамасола барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин ба қисмҳои низомии мамлакат 10 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим  мешавад.
Мутахассисону боғпарварон дар ниҳолхонаи хоҷагӣ аввалин шуда, токпайванди  ниҳолҳои интенсивиро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид ва нигоҳубинашро ба роҳ мондаанд. Онҳо мақсад доранд, ки  шумораи ин намуди дарахтони серҳосилро ба 20-30 ҳазор  қаламча расонида, бунёди чунин боғҳои замонавиро ба роҳ мемонанд.
Бо ташаббуси сокинони деҳа ва кумаки роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» 2 километр роҳи деҳа аз нав мумфарш гардид. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» 160 саҳмдор фаъолият дорад.
Зимни шиносоӣ аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони асил барои дастгирии ташаббусҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри ободии Ватан арзи сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуд.


Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, ифтитоҳ бахшид.
Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ феълан чунин сардхона дар «Боғи Сомон» ба ҳашт адад расонида шуд. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, бо маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур нигоҳдорӣ мешавад.
Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғул аст.
Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гӯштӣ ва зиёда аз 5 ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.
Хоҷагии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замини кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамаи онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2015    №: 190    Мутолиа карданд: 10911

22.11.2017


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена

Густариши ҳамкориҳо бо Ҳиндустон

Дар Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон меоранд

Ҷаҳон дар як сатр

Башор Асад ба Русия барои «наҷоти Сурия» изҳори сипос намуд

Небензя: «Теъдоди ҷангиёни «ДИ» дар Афғонистон ба 10 ҳазор нафар расидааст»

Земан: «Ҳамкориҳои Русия бо Чехия вусъат меёбанд»

Теъдоди аҳолии Чин ба 1,399 миллиард нафар расид

Ду ҳавопаймо тавассути интернет – музояда ба савдо рафт

NASA ба Моҳ астронавтҳоро яксола фиристоданист

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед