logo

иқтисод

«Мурғи ҳилол»-и Файзобод бозорҳоро тасхир кард

Аз арзи вуҷуд кардани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод муддати тӯлоние нагузашта бошад ҳам, он бо маҳсулоти фаровони хеш ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтааст. Ҳоло дар дӯкону марказҳои савдо муштариён қаблан гӯшту тухми истеҳсоли ҶСК «Мурғи ҳилол»-ро мепурсанд.
ҶСК «Мурғи ҳилол» дар заминаи фабрикаи парандапарварӣ, ки даҳ сол пештар аз фаъолият бозмонда буд, созмон дода шудааст.
-Корхонаи мо аз 17 ноябри соли 2006 фаъолият дорад, -гуфт Маҳмадалӣ Одинаев, директори генералии ҶСК «Мурғи ҳилол». -Дар тӯли ду сол баҳри барқарорсозӣ ва таъмиру таҷдиди он зиёда аз 13 миллион сомонӣ масраф намудем, ки беш аз 2 миллиони он қарзи бонк мебошад. Шароити кунунии корхона имкон медиҳад, ки мо қарзи бонкро ҳамин сол пардозем.
Дар марҳалаи аввал 4 мурғхона фаъол гардонда, нисбат ба ҳозира теъдоди ками паранда нигоҳубин мешуд. Ба мақсади ҷоннок гардонидани кор бо ширкатҳои машҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла «Тӯронобзор», «Мурғак» ва «Осонкор» шартнома баста шуд. Ширкатҳои эронӣ дар таъмини чӯҷа, барқарорсозии коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта ба ҶСК «Мурғи ҳилол» дасти ёрӣ дароз намуданд. Мавриди зикр аст, ки алҳол коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта дар ҷумҳурӣ пуриқтидортарин буда, дар тӯли 10 соат то 200 тонна хӯроки хушхӯр тавлид мекунад. Ин имкон медиҳад, ки соле то 1 миллиону 200 ҳазор сар мурғ бо хӯроки фаровон таъмин бошад.
-Зимни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Файзобод, ба корхонаи мо омада, бо фаъолияташ шинос шуданд, -зикр кард Маҳмадалӣ Одинаев. - Сардори давлат ба мо маслиҳат доданд, ки саршумори парандаро афзоем. Аз рӯи дастуру маслиҳатҳои Президенти кишвар амал карда, дар соли нахуст саршумори мурғро ба 182 ҳазор сар ва истеҳсоли солонаи тухмро ба 3 миллион дона расонидем. Дар давоми камтар аз ду сол дар коргоҳ пешравиҳои назаррас ба амал омадаанд. Дар зарфи 8 моҳ зиёда аз 12 миллион дона тухм истеҳсол шуд. Мекӯшем, ки то охири сол саршумори мурғро ба 350-400 ҳазор сар ва истеҳсоли солонаи тухмро ба 20-21 миллион дона расонем. Пурра аз худ кардани иқтидори истеҳсолии ҶСК «Мурғи ҳилол» имконпазир аст. Дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ҳис намуда, ният дорем, то соли 2010 саршумори парандаро ба 1 миллион сар расонем. Ҳоло дар ҳар шабонарӯз ба нуқтаҳои савдо 85-90 ҳазор дона тухм интиқол дода мешавад.
Маъмурияти корхона дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр амалҳои хайрияро анҷом дода, ба ширхоргоҳ-кӯдакистон ва мактаб-парваришгоҳҳои ноҳия ва як мактаб-парваришгоҳи пойтахт маводи хӯрокворӣ ва сару либос тақдим кард.
Дар кишвар тибқи ҳидояти Сардори давлат ва дастурҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ 8 корхонаи парандапарварӣ ба фаъолият пардохта, садҳо ҷои нави кор муҳайё шудааст. Тибқи  иттилои масъулони бозор ва хоҳишу дархости муштариён маҳсулоти дохилӣ ҷои маҳсулоти пастсифату зиёновари хориҷиро гирифта истодааст.
Фаъолияти корхонаи «Мурғи ҳилол»-и Файзобод эътимоди соҳибкорони маҳаллиро ба соҳаи сердаромад қавӣ мегардонад.

Мирзои Фирӯз,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 969

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед