logo

маориф

КАДРҲОИ МО КУҶО МЕШАВАНД?

Имсол 332 нафар хамткунандагони муассисаҳои олии касбии соҳаи фарҳанг ва санъат дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат бо кор таъмин гардиданд. Вале ин маънии онро надорад, ки соҳа пурра бо кадрҳои баландихтисос таъмин бошад.

Аз суҳбат бо кормандони масъули вазорат бармеояд, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва бо кори доимӣ  таъмин намудани онҳо вазъият он қадар бад ҳам нест. Бино ба иттилои Тилофат Шоева, корманди маркази матбуоти вазорати мазкур, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд. «Дар онҳо ҳудуди 14 528 донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда истодаанд. Барои соҳа 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллӣ ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, 6 коллеҷи фарҳанг, санъат ва хореографӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 86 мактаби бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият доранд».
Аммо ҳамин ки ба муассисаи фарҳангии дилхоҳ сар халонед, аввалин шикоят аз норасоии кадрҳост.  Пас, ин қадар мутахассисоне, ки ҳамасола омода мегарданд, куҷо мешаванд?
Маълум аст, ки аксари онҳо ба соҳаҳои даромаднок ба кор даромада, ё ба тиҷорат машғул мешаванд. Як қисми дигарашон қатори муҳоҷирони меҳнатиро пур мекунанд. Ин амал сабабҳои айнӣ ва зеҳнии зиёд дорад. Сабаби асосии онро мутахассисони ҷавон дар паст будани маоши кормандони соҳаи фарҳанг медонанд. Насли маишатгарои ҷавон, ки ҳама чизро бо маблағи муайян нарх мегузорад, ба хубӣ дарк менамояд, ки бо маоши корманди соҳаи фарҳанг дар чанд сол хона ва мошин харидан он тараф истад, маишати чанд нафар аъзои оиларо низ таъмин намудан амри маҳол аст.
Дар соҳа таълими зинавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагони коллеҷу мактабҳои санъат пас аз хатми он ба донишкадаҳои соҳа дохил гардида, дониш, малака ва маҳорати касбии хешро сайқал медиҳанд. «Соли ҷорӣ барои идомаи таҳсил 27 нафар хатмкунандагони мактаб - интернатҳои махсусгардонидашуда ва 45 нафар хатмкунандагони коллеҷҳои фарҳанг ва санъат ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон, 37 нафар ба Донишкадаи давлатии санъат ва 31 нафар хатмкунандаи коллеҷҳои рассомӣ ва санъати шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн роҳхат гирифтанд»,  - мегӯяд дар идомаи суҳбат Т. Шоева.
Суоле ба миён меояд, ки чаро онҳо маҳз ба донишкадаву коллеҷҳои фарҳангӣ дохил мешаванд? Аксари онҳое, ки бо ин суол муроҷиат намудем, посух медиҳанд, ки ё аз хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ паноҳ ҷустаанд, ё ба ин муассисаҳо дохил шудану дар онҳо таҳсил намудан арзонтар ва осонтар аст.
Танҳо як қисми кӯчаки пурсидашудагон посух доданд, ки волидонашон дар ин соҳа кор кардаанду аз рӯйи меҳру муҳаббат ва ихлос ба ин соҳа гаравидаанд. Худ аз худ маълум мегардад, ки аз оғоз дар қалби донишҷӯёни макотиби соҳаи санъат нияти дар ин соҳа кор кардан нест.
Сабаби дигар ин аз ҷаҳони технологии муосир хеле қафо мондани соҳа мебошад. Борҳо шоҳиди он гардидаам, ки барои ба Китобхонаи миллӣ, ки бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст, ба кор даромадан ҷавонони зиёде ба чор тараф «даву ғеҷ» менамоянд. Аммо, ба қавли мардум, дар китобхонаҳои дигар онҳоро бандед ҳам намеистанд.
Аз ин ҷо сабаби дигар, ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ набудани барномаҳои таълимӣ низ аён мегардад. Аксари барномаҳои таълимии макотиби соҳа куҳна шудаанд. Ҳамасола мебинем, ки ҳини ҳимояи рисолаи номзадӣ унвонҷӯён пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дармеёбанд, ки чандин фанҳоро нахондаанд. Барои тадриси қисми зиёди ин фанҳо адабиёт намерасад, барои қисми дигар ё мутахассис надорем, ё базаи моддию техникӣ. Аз ин ҷост, ки хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии мо дониши казоӣ надоранд. Онҳо на танҳо берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар дохили он низ пурсамар фаъолият карда наметавонанд.
 Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар марказҳои илмии хориҷӣ низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг гардидааст. Чуноне ки Гулбаҳор Саидова, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанг, ба мо иттилоъ дод «имсол муассисаҳои таълимии тобеи вазоратро 834 нафар хонанда ва донишҷӯ хатм намуда, тибқи квотаи ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия 19 нафар барои таҳсил ба муассисаҳои олии таҳсилоти касбии соҳаи фарҳанг ва санъати Русия фаро гирифта шуда, айни ҳол, дар хориҷи кишвар 112 нафар аз рӯйи 27 тахассуси соҳавӣ таҳсил доранд.
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро соли ҷорӣ 38 нафар донишҷӯ хатм карда, тибқи тақсимоти давлатӣ ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва мактабҳои олии касбии Федератсияи Русия барои таҳсил равона гардиданд». Вале касе маълумоти мушаххас пешниҳод карда наметавонад, ки чанд нафар мутахассисони дар хориҷа омодагардида ба Ватан баргаштаанд. Агар, баргашта бошанд ҳам, чанд муддат фаъолият намудаанд.
Яке аз манбаъҳои асосии тайёр намудани кадрҳои соҳа муассисаҳои миёнаи касбӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар маълумоти пешниҳоднамудаи Гулбаҳор Саидова шумораи умумии хатмкунандагони Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П. Буйдоқов 241 нафарро ташкил дод. Имсол дар маҷмӯъ даҳҳо нафар чунин муассисаҳоро  хатм намуданд. Дар Вазорати фарҳанг дар ин бора ба мо танҳо бо як ҷумла ҷавоб доданд: «Онҳо барои кор дар муассисаҳои фарҳангӣ роҳхат гирифта, пурра бо кор таъмин шуданд». Вале агар таҳқиқ намоем нисфи зиёди онҳо аз соҳа умуман дур шудаанд.
Ин аст, ки на соҳа пеш мераваду на худи ҳамон мутахассис аз кораш барака меёбад. Дар натиҷа, як доираи бесару нӯке ба миён омадааст, ки аз он берун омадан кори мушкил гардидааст.       
Як нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи фарҳанг танҳо вазифаи вазоратҳои маориф ва фарҳанг нест, он кори ҷонии роҳбарони тамоми сатҳу минтақаҳост. Имрӯзҳо тамоми чораҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи фарҳанг ва боло бурдани сатҳи бадеияти асарҳои офаридашаванда андешида шуда истодаанд. Вале суоле ба миён меояд, ки кадрҳои омоданамудаи мо ба ин талабот чӣ андоза ҷавобгӯ мебошанд? Ва, умуман, бо ин кадрҳо ояндаи соҳа чӣ гуна хоҳад буд?!

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2015    №: 225    Мутолиа карданд: 1142

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед