logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 5 моддаи 74 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Ҳуҷҷати дар давлати хориҷӣ гирифташуда, ки он тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта шудааст, дар суди иқтисодӣ далели хаттӣ эътироф мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.».
2. Аз моддаи 105 калимаҳои «ва дигар шахсоне, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд (намояндагон)» хориҷ карда шаванд.
3. Моддаи  234 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 234. Эътирофи ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти давлатҳои хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд
1. Ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои давлатҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони хориҷӣ додаанд, таҳия ё тасдиқ намудаанд, агар дар қонунҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти апостил ё барасмиятдарории консулӣ  қабул карда мешаванд.
2. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ таҳияшуда ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо тарҷума ба забони давлатӣ, ки ба таври нотариалӣ  тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шаванд.
3. Гузоштани апостил ё тасдиқи (легализатсияи) ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси хориҷӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян карда мешавад.».
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Муқаррароти қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 27 марти соли 2016 ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1233

 

 


ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2015,
№ 172
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР
БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ
МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 120


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 1022

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед