logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 23:
-қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии ҷамъияти саҳомӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дорои ин ҳуқуқҳо мебошанд:
а) ба гирифтани суди саҳмияҳо аз фаъолияти ҷамъият;
б) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки баъд аз барҳамдиҳии он боқӣ мондааст;
в) дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми ҳалли ҳамаи масъалаҳое, ки барои овоздиҳӣ пешниҳод мешаванд, бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок намоянд;
г) бо тартиби судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд, ба суд барои ҳифзи манфиатҳои худ, саҳмдорон ва худи ҷамъият оид ба аҳдҳо, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад, муроҷиат намоянд;
д) оид ба фаъолияти ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот ба даст оранд;»;
-қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Саҳмдор - соҳиби саҳмияи оддии ҷамъияти саҳомӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад.»;
-қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
2. Дар моддаи 71:
-дар қисми 1:
-дар сархати якум баъд аз калимаҳои «манфиати ҷамъияти саҳомӣ» ва «ба ҷамъияти саҳомӣ» калимаҳои «ва саҳмдорони он» илова карда шаванд;
-дар сархати дуюм калимаҳои «назди ҷамъияти саҳомӣ» ва «ба ҷамъияти саҳомӣ» мутаносибан ба калимаҳои «назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он» ва «ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он» иваз карда шаванд;
-дар сархати сеюм пас аз калимаҳои «ба ҷамъияти саҳомӣ» калимаҳои «ва саҳмдорони он» илова карда шаванд;
-дар қисми 3 калимаҳои «ҷамъияти саҳомӣ» ба калимаҳои «ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он» иваз карда шаванд;
-дар сархати якуми қисми 4 рақами «10» ба рақами «1» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 79:
-ба қисми 1 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Нархи бозории молу мулк, агар бо оинномаи ҷамъият тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, бо қарори Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) дар асоси хулосаи нархгузорони мустақил муайян карда мешавад.»;
-сархати якуми қисми 2 хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 6 моддаи 81 рақами «10» ба рақами «1» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 84:
-ба сархати чоруми қисми якум баъд аз калимаҳои «шахсони манфиатдор» калимаҳои «(оид ба шартҳо ва хусусиятҳои аҳд, инчунин оид ба ҳамаи далелҳои мавҷудбуда, ки ба хусусият ва дараҷаи манфиатҳои вуҷуддошта дахл доранд)» илова карда шаванд.
6. Ба моддаи 85 қисми 5 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«5. Аҳде, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад, метавонад танҳо бо шартҳои зерин амалӣ гардад:
-агар арзише, ки ҷамъияти саҳомӣ барои фурӯши молу мулк ё хизматрасонӣ ба даст меорад на камтар аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасонӣ бошад, ё арзиши ба даст овардани молу мулк ё хизматрасонӣ аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасонӣ, ки мутобиқи моддаи 79 Қонуни мазкур муайян карда шудааст, зиёд набошад;
-мавҷуд будани хулосаи аудитории ҷамъияти саҳомӣ оид ба аҳди мазкур.».
Қисмҳои 5 ва 6 мутаносибан қисмҳои 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
7. Дар моддаи 86:
-дар қисми 1 рақами «10» ба рақами «1» иваз карда шавад;
-ҷумлаи якуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шахси манфиатдор дар назди ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорон дар ҳаҷми зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он расонидаи худ масъул мебошад ва ӯҳдадор аст зиёни ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он дар натиҷаи бастани аҳд расонидаашро, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида ва вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур вуҷуд дорад, диҳад, инчунин ба ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорони он ҳамаи даромади аз чунин аҳд ба даст овардаро баргардонад.».
8. Сархати якуми қисми 2 моддаи 88 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Санҷиши аудитории ҷамъияти саҳомӣ метавонад ҳар вақт аз рӯи талаби ҳар як саҳмдори ҷамъият аз ҳисоби саҳмдор гузаронида шавад».
9. Ба қисми 1 моддаи 89 сархати шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-маводҳое, ки ба аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад;».
10. Ба қисми 1 моддаи 91 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-иттилоот оид ба аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур нишондодашуда вуҷуд дорад;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 510


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1306


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 641


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1079

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед