logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ.1, мод. 389, мод.390; с. 2015, № 3, мод. 201; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1219; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, №1220), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати панҷуми қисми 2 моддаи 33 пас аз калимаҳои «маъмурие, ки» калимаҳои «тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё» илова карда шаванд.
2. Моддаи 315 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 315. Идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ ва суғуртаи ҳатмӣ
1. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёте, ки дар муҳлати муқаррарнамуда аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ нагузаштааст, -
ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи ҳатмӣ, -
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
3. Қисми 2 моддаи 318 хориҷ карда шуда, қисми 1 матни модда ҳисобида шавад.
4. Дар  моддаи 323:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани  кирдорҳое, ки дар қисми 1  ҳамин  модда  пешбинӣ шудаанд, -
ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
5. Дар моддаи  324:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ё аз канори чапи роҳ ҳангоми мавҷудияти хатти холӣ дар ҳамон самт, барои нигоҳ доштани воситаҳои  нақлиёт  дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ, -
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи  462:
- дар қисми 1 калимаҳои «ё таҷҳизоти таъмирии садобардор» ба калимаҳои «, техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор» иваз карда шаванд;
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони ҳуқуқӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- ба санксияи қисми 3 пас аз калимаҳои «аз даҳ то понздаҳ» калимаҳои «ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист  то сӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1262

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015, № 215


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015, № 149


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 1331

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед