logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 47, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, 2 июни соли 2009

Ҳамватанони азиз,
Устодону хонандагони мӯҳтарам!
Дар ин лаҳзаҳо, ки мову шумо ба ифтихори мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таълиму тарбияи насли наврас ҷамъ омадаем, аввалан кулли кӯдакону наврасонро, ки ояндаи миллату давлатамон дар дасти онҳост ва  падару модарон, инчунин мураббиёну омӯзгорони мамлакатро, ки парасторӣ ва тарбияи шоистаи фарзандони мардумро ба зимма доранд, самимона табрик менамоям.
Ҳамзамон бо ин, тамоми сокинони маҳаллаи зебоманзари Лучобро низ, ки дар ин рӯзи нек ба фарзандонашон мактаби навсохти замонавӣ чун тӯҳфа ҳадя мегардад, муборакбод мегӯям.
Шумо - устодону омӯзгорон ва намояндагони аҳли маорифи шаҳр, падару модарон ва хонандагони азиз хуб медонед, ки давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таҳсили шоистаи насли наврас пайваста кӯшишу талош доранд.
Дар ин замина дар тамоми қаламрави мамлакат бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ, инчунин компютерҳо таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфтааст, ки ин мактаб аз ҷумлаи онҳост.
Бояд гуфт, ки бинои мазкур бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, барои дар як баст дарсхонии 624 хонанда пешбинӣ гардидааст ва дорои ҳамаи шароити зарурӣ мебошад. Сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, ки қариб 9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуд.
Барои бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муқарраргардида сохта, ба истифода додани бинои мактаб ба таҳиякунандагони лоиҳаи он ва ба ҳамаи сохтмончиён миннатдорӣ баён мекунам.
Мактаб боргоҳи воқеан муқаддаси таълиму тарбия, арсаи нахустини саводомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ буда, дар ташаккул ва такомули маънавии ҳар фарди ҷомеа нақши асосӣ дорад.
Халқи тоҷик аз азал соҳибмактаб буд ва аз ин рӯ, дар тӯли таърихи пурғановати хеш пойдевори устувори илму хирад, кохи бегазанди забону фарҳанги миллиро барафрохта, ба арсаи таърих даҳҳо нобиғаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Ҷалолиддини Румиву Имом Ғаззолӣ, Саъдиву Ҳофиз, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзодаро ато кардааст, ки имрӯз мо бо номи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ифтихор менамоем.
Бо фароҳам овардани шароити мусоид ва замонавии таълиму тарбия дар мактабҳои мамлакат ҳадафи асосии мо ба камол расонидани насли бедордилу огоҳ ва соҳибмаърифат, ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста омода намудани онҳо ва ниҳоят сафарбар намудани нерӯи ҷисмониву ақлонии миллат ба пуштибонии Ватан ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон мебошад.
Зеро ояндаи нек ва фардои ободи Ватани азизамон аз сатҳу сифати дониши хонандагон, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва заҳмати пайгиронаи онҳо вобастагӣ дорад.    
Аз ҳамин хотир, мо ба соҳаи маориф ҳарчи бештар ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштам, дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро чор маротиба ва нисбат ба соли 1995-ум 33 маротиба афзун гардонидем.
Гузашта аз ин, бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мо тасмим гирифтаем, ки дар баробари маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг аз моҳи сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати ходимони илм ва маорифро низ ба андозаи имкон, баланд бардорем. Албатта, мо минбаъд низ дар доираи имкониятҳо ба кормандони илму маориф таваҷҷӯҳу ғамхории бештар зоҳир хоҳем кард.
Дар навбати худ аз шумо - масъулони соҳаи маориф, сарварони мактабҳо ва кулли устодону омӯзгорон талаб карда мешавад, ки ба масъалаи ҷиддан баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳамчун вазифаи ҷонии худ ва ҳадафи стратегиву афзалиятноки давлат муносибат намоед.
Ҳамчунин, рушди муассисаҳои хусусии таҳсилот бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарони Вазорати маориф ва дигар сохтору мақомоти дахлдор бошад.  Шумо – аҳли маориф бояд тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар созед.
Наслҳои наврас бояд бо ҳидояту раҳнамоии шумо рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро амиқан дарк намоянд, то ки дар оянда мақому эътибори давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозу фарҳангсолори худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд.     
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 618

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед