logo

фарҳанг

МИНБАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Матбуот дар ҳама давру замон ба сифати миёнарави байни ҳукумат ва ҷомеа баромад доштааст. Ҳамин аст, ки мардум ҳамеша ба сухани матбуот эътимод доранд ва онро қабул мекунанд, дар фаъолияти худ аз он кор мегиранд.  Ва ин масъулияти аҳли матбуотро боло мебарад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Аз ин хотир, ҳамеша талошҳо барои ташкил ва назорати он буданд ва хоҳанд монд. Дар шароити муосири муборизаи тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ бештар маълум мегардад, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа чӣ гуна нақши бузург доранд. Инро метавон дар мисоли таърихи матбуоти тоҷик ва фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар ба риштаи таҳлил кашид. Матбуоти тоҷик таърих ва собиқаи беш аз садсола дорад. Ва ин таърих аз се давра: то шӯравӣ, шӯравӣ ва истиқлол иборат аст.
Дар ҳама давраҳои фаъолияти хеш матбуоти тоҷик, аз «Бухорои шариф» то нашрияи навтарини мо – «Пайрав» чун минбари орзуву омол ва ормонҳои миллӣ баромад кардааст. Таърихи матбуоти мо саршори корнамоиҳост. Зеро матбуот ҳамеша талош доштааст, ки некро тарғиб кунаду бадро маҳкум.
Албатта, ду давраи аввал ҳамчун пайдоиш ва рушди матбуоти тоҷик ҳар кадоме ҷойгоҳи махсуси худро дар фазои иттилоърасонии кишвар доштанд.
Аммо бо вуҷуди нақши мондагори журналистикаи тоҷик дар ду давраи аввал, рушду фаъолияти созандаи журналистикаи тоҷик бо риояи меъёрҳои умумибашарии озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот маҳз ба давраи истиқлол рост меояд. Ҳамин давра аст, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо фароҳам оварда шудаву пайваста такмил меёбанд, ҳамин давра аст, арзишҳои умумие мисли изҳори ақидаву гуногунақоидӣ ба журналистикаи тоҷик роҳ ёфтанд.
Бо ба даст омадани фазои сулҳу субот васоити ахбори омма ба дараҷаи сифатан нави фаъолият расиданд. Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд».
Маҳз истиқлолият имкон дод, ки журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор боло равад. Аз нигоҳи муҳтаво нашрияҳо ба сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, ҳизбӣ, соҳавӣ, барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва ғайра, аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофӣ ба умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд. Яъне тамоми қишрҳои ҷомеа ба матбуоти ба худашон нигаронидашуда дастрасӣ доранд.
Ҷолиб он аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол миқдори нашрияҳои мустақил нисбат ба нашрияҳои расмӣ бамаротиб зиёд аст.  Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳам матбуоти ҳукуматӣ ва ҳам мустақил шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Ин суханони Сарварамон басо бамавриданд: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Яъне ба рушди матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил дар умум журналистикаи тоҷик бурд мекунад.
Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи хеле баланд бо як шаҳомат, чун ҷашни умумимиллӣ сурат мегирад. Ҷашни матбуот танҳо ҷашни рӯзноманигорон нест, балки ҳар касе ба миллат муҳаббат дорад, ҳақ дорад аз ин ҷашн истиқбол гирад. Зеро матбуот минбари розу ниёзи мардуми бунёдкори тоҷик буд ва мемонад. 

Сангини ГУЛЗОД,
мудири кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 563

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед