logo

номаҳо

Мо, ҷабрдидагон дар ташвиш мондаем

Дар мавсими пахтачинии соли 2006 (танҳо дар ҳамин вақт дар дасти деҳқон пул аст) собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Т. Раҳматов ба кулли раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия супориш дод, ки аз аъзояшон барои пур кардани буҷети ноҳия 33 сомонӣ барои гирифтани сертификати замини наздиҳавлигӣ ҷамъ кунанд. Ва агар касе ин корро иҷро намекард, аз гирифтани мӯҳри хоҷагии деҳқонӣ ва кулли ҳуҷҷатҳои марбут ба он маҳрум мешуд. Аз мо, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ревомутк-2» низ охири ноябри соли 2006 раиси хоҷагии деҳқониамон Ҷумъа Шарифов барои сертификати заминҳои наздиҳавлигиамон 33 сомонӣ гирифт. ӯ пулҳоро ба бонк супурда ба мо квитансияҳои пардохтро дод. Раис гуфт, ки сертификатҳоямонро рафта аз заминсози ҷамоати Мастчоҳ Одина Боқиев бигирем. Мо якчанд маротиба аз О. Боқиев сертификат талаб кардем. Тамоми соли 2007 ӯ баҳона пеш овард, ки ҳуҷҷатҳо аз шаҳри Душанбе тайёр шуда меоянд ва барои ин вақт лозим аст. Баҳори соли 2008 яке аз ҷабрдидагони ин қазия оид ба кашолкории заминсоз О. Боқиев аризаи шикоятӣ навишт. Пас аз ин ба мо сертификатҳоеро пешниҳод кард, ки дар он ному насаби мо,  зикри ному насаби ҳамсояҳояамон, нақшаҳо ва мавқеи ҷойгиршавии заминҳои наздиҳавлигӣ тамоман ғалат буданд. Табиист, ки чунин ҳуҷҷатҳои ғалат тартибдодаро нагирифта ба заминсоз баргардонида додем. ӯ ҳуҷҷатҳоро бозпас гирифт ва ваъда дод, ки онҳоро аз нав тартиб дода, оварда медиҳад. Мо якчанд маротибаи дигар барои гирифтани ҳуҷҷатҳоямон муроҷиат кардем. Лек ӯ ҳар дафъа баҳонаи наве ёфта ҳуҷҷатҳоро намедод. Охири моҳи январи соли 2009 барои ҳал кардани қазияи мазкур ба раиси кумитаи замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Т. Иброҳимов бо ариза муроҷиат намудем. ӯ ба мудири шӯъбаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон О. Боқиев супориш дод, ки ба нафарони мазкур ҳуҷҷатҳояшонро барқарор карда диҳад. Бояд бигӯем, ки ин ҳамон Боқиев аст, ки ҷойи кору вазифааш иваз гардидааст. О. Боқиев яке аз ҷабрдидаи ин қазияро ба бойгонии кумитаи замин таклиф намуда садҳо сертификатҳои заминҳои наздиҳавлигии ғалат тартибдодаро нишон дода, иддао кард, ки ин кор бо айби ӯ нею бо айби кормандони «хозгруппа»-и назди кумита сар задааст. Пас аз ин мо оид ба ин масъала ба назди роҳбари шӯъбаи ба ном «хозгруппа» Ш. Солиев даромадем. ӯ иқрор шуд, ки ин кор ҳақиқатан бо айби «хозгруппа» сар задааст ва ваъда дод, ки ҳуҷҷатҳоямонро дуруст карда медиҳад. То ҳол мо соҳиби сертификат  нагаштаем. Ҳолдонҳо фаҳмониданд, ки то дубора пули сертификатҳоро бозпардохт накунем, «хозгруппа»-и вайронкор ҳуҷҷатхоро аз нав тартиб намедиҳад. Бояд бигӯем, ки ин бало натанҳо ба сари мо, балки ба сари садҳо деҳқонони хокпоши ноҳияи Мастчоҳ низ омадааст. Дар ниҳояти кор мо, ҷабрдидагон, дар ташвиш мондаем ва намедонем, ки ба доди мо кӣ мерасида бошад!

Мирзосаид, Мирзо, Қобил ШАРИФОВҲО, Малик, Ҳасан МАЛИКОВҲО,
Мираҳмад, Ёрмаҳмад, Мирмаҳмад, Мирзамон, Мирҳабиб,
Мирамон, Азиз, Мирориф НЕЪМАТОВҲО,
аъзои хоҷагии деҳқонии «Ревомутк-2»-и
ноҳияи Мастчоҳ

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 710

20.02.2020


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед