logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА КУВАЙТ

15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Кувайт сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Маросими истиқбол
15 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуд.
Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар - шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин валиаҳди Давлати Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, раиси парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғонӣ, муовини аввали сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ, мушовири девони амир Муҳаммад Зайдулло Шарор, ашхоси аршади девони амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи горди амирӣ ҳузур доштанд.
Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардид.
Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баробари ба толори бошукӯҳ ворид шудан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард. Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд. Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Зимни гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрии амирӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром ба ҷо овард. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҳайати расмии Тоҷикистону Кувайт шинос шуданд.
Давлати Кувайт аввалин кишвари арабиест, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он сафар карда буд. Нахустин ҳуҷҷатҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ба имзо расидаро — ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил медоданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт
15 май музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт нимаи дуюми рӯз дар толори бузурги девони амир баргузор гардид.
Зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмӯи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози музокироти дуҷониба изҳор дошт, ки: “Мақсад аз кӯшишҳои мо дар самти тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, гузаштан ба марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт мебошад”.
Зимни суҳбати созанда ва дӯстонаи тарафҳо таъкид шуд, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд.
Баргузории машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор гарданд.
Дар музокирот доир ба рушду тавсеаи ҳамкории созанда дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Доир ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ва заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат низ табодули афкор ба миён омад ва ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояи Кувайт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволу бародарии байни мардумони Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид.
Дар музокирот дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти хосаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеи ҳар ду кишвар дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гашт.
Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ шаш санад ба имзо расид:
- Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб.
Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 11 созишномаи ҳамкорӣ ташкил менамуд, акнун он ба 17 адад расид.

Мулоқот бо раиси Маҷлиси Уммаи Кувайт Марзуқ ал-Ғоним
15 май дар шаҳри Ал-Кувайт мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Мо ҳамкории судманди байнипарлумониро ҳамчун рукни таркибии раванди таҳкими равобити умумии дуҷониба ва таъмини манфиатҳоямон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ медонем”, - гуфт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки равобити муосири сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт марҳила ба марҳила сатҳ ва мазмуни воқеӣ касб карда, ҳамкории байнипарлумонӣ қисми муҳим ва таркибии муносибатҳои сиёсии дуҷонибаро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот ба нақши парлумонҳои ҳар ду кишвар дар таҳкими равобити дӯстона баҳои воқеӣ дода шуда, барои дар оянда боз ҳам фаъолтар кардани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт пешниҳодоти судманд баён гардиданд.
Зимни суҳбати самимӣ ва дӯстона ҷонибҳо доир ба хатару таҳдидҳо ба ҷаҳон, аз ҷумла терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва мусоидат ба раванди таъмини амнияту суботи кишвари Афғонистон табодули афкор намуданд.

Вохӯрӣ бо шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ
15 май дар шаҳри Ал-Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ мулоқот кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки робитаҳои сиёсӣ байни ду давлат дар айни замон нек ва судманд ба роҳ монда шуда, Тоҷикистону Кувайт дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Ҷомеаи давлатҳои араб ва Муколамаи ҳамкории Осиё муносибатҳои сатҳи баланд доранд.
Тоҷикистон нақшу ҷойгоҳи Давлати Кувайтро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд арзёбӣ намуда, онро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар олами кишварҳои Араб медонад.
Доир ба иштироки ҷониби Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва дигар лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва беҳтаргардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ҳар ду ҷониб пешниҳодоти судманд ба миён гузошт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, амнияту суботи минтақавӣ, хусусан ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон, эҳёи сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ин кишвари минтақа табодули афкор намуданд.

Дидор бо шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ
15 май дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Сарвазири ин Давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.
“Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Кувайт, олами ислом ва арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва таҷрибаи фаъолияти сиёсии Шумо дар маснади Сарвазири Кувайт шоистаи ибрату таҳсин аст”, - изҳор дошт дар суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни мулоқот аз нақши фаъоли собиқ Сарвазири Давлати Кувайт дар густариши соҳибкории фарохмиқёс ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Кувайт ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки дар доираи ин сиёсат имрӯз барои ба марҳалаи сифатан нав ворид гаштани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт имконият ва заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо назардошти мавҷудияти имконият ва заминаҳои зарурӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, аз ҷумла қалъагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гашт.
Дар мулоқот доир ба муҳимтарин масоили минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ табодули афкор карда шуд.

Гуфтугӯи дӯстона бо доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ
15 май дар шаҳри Ал Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири девони амири Давлати Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.
Масъалаи марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва таъкид гардид, ки суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд, заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда, барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардаанд.
Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.
Ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд. 

Табодули афкор бо шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ
15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири девони амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ вохӯрд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.
Дар мулоқот масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию занбӯриасалпарварӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо назардошти имконоти бузург ва таҷрибаи беҳамтои Давлати Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умед карда шуд, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида, дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ хоҳанд гашт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2016    №: 93    Мутолиа карданд: 10484

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед