logo

ҳукумат

Маҷлиси Ҳукумат қариб 50 масъаларо баррасӣ кард

30 июн  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ёфт. Аз ҷумла Азизмат Имомов  муовини якуми вазири адлия ва Ҳайдар Одинаев директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин гардиданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кори пурсамар ва софдилонаю садоқатмандона ҳидоят намуд.
Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2009 тасдиқ гардид.
Сипас  ҳисоботи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба рафти иҷрои «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020» шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки барномаи мазкур бо харҷи 3 миллиарду 324 миллиону 844 ҳазор сомонии аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ- маҳаллӣ ва сармоягузории хориҷӣ амалӣ шуда, ҳадаф аз он беҳтарнамоии кори шабакаҳои обу корез ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дар  мамлакат аст.  Чандин лоиҳаҳои калонҳаҷми инвеститсионӣ дар ин соҳа амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи ҳадафноки маблағҳои ҷудогашта ва татбиқи босамари ҳадафҳои барнома, пеш аз ҳама беҳ намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар бораи  рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа»  дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси ин ноҳия ҳисобот дод.
Раиси ноҳия вазифадор  шуд, ки ҳамоҳангии кори мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро хуб ташкил намуда, кори пурсамари ҳокимияти давлатиро ба роҳ монад ва бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ фаъолияти бунёдкорию созандагӣ ва ободониро дар ноҳия пурзӯр  созад.
ӯ ҳамчунин вазифадор гардид, ки хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияро пурра  барқарор ва корашро пурсамар намояд.
Лоиҳаи ду қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва «Дар бораи энергетика» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шуд.
Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012, Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018  ва Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, додан, бақайдгирӣ, иваз  намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи  замин ва Шаҳодатномаи  саҳми замин тасдиқ гаштанд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳо  «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  як қатор санадҳои дигари қонунгузории мамлакат пешниҳод шуданд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ тасдиқ гардид.
Барномаи «Беҳбуди фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот»  тасдиқ  шуд, ки ҳадаф аз он боз ҳам беҳтар намудани фазои сиёсию ҳуқуқии соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат  мебошад.
Ҳамчунин   як қатор санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла  Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ,  Қоидаҳои татбиқи  чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ, Қоидаҳои  баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, тасдиқ гаштанд.
Оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг комиссияи ҷумҳуриявӣ ва оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Дар заминаи Корхонаи  воҳиди давлатии «Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ» Муассисаи давлатии «Мактаби  ҷумҳуриявии махсуси намудҳои  варзиши обӣ» таъсис дода шуд.
Қарор дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии «Диапазон» қабул гардид.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ 4 воҳиди иловагии штатӣ барои тақвият бахшидани кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар дода шуд.
Дар фароварди маҷлис Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи масъулонро ба масоили вобаста ба тезондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳраки Навободи ноҳияи Нуробод, ҷоннок намудани кори корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба захираи фаровони ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ ва ба кор тайёр кардани шабакаҳои гармидиҳӣ ва ҳамчунин ба тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона ва гузарондани кишти такрорӣ ва захирасозии тухмии ғалладона ва сабзавот ҷалб намуда, баҳри татбиқи босамари ин ҳадафҳо дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 911

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед