logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаб – интернати махсусгардонидашудаи президентӣ барои хонандагони боистеъдод дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд, 27 июни соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!         
Як сол пеш аз ин дар ҷараёни чорабиниҳои наврӯзии дар вилоят баргузоршуда ҳамроҳи шумо ба сохтмони мактаб-интернати махсусгардонидашудаи президентӣ оғоз бахшида будем.
Ва имрӯз дар остонаи таҷлили яке аз ҷашнҳои барои миллати мо бисёр мубораку сарнавиштсоз, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин боргоҳи мӯҳташами таълиму тарбияро ба истифода месупорем, ки ин рӯйдод фоли басо нек аст.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таҳсилот барои хонандагони боистеъдод, ки дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии вилоят рӯйдоди воқеан хотирмон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Воқеан, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини мо дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон – Тоҷикистонро фароҳам овард.
Имрӯз бо гузашти дувоздаҳ сол, вақте ки ба таърихи начандон дури кишвари соҳибистиқлоли худ нигоҳ мекунем, мебинем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар яки мо чӣ қадру қимат дорад.
Ба ибораи дигар, тамоми пешрафту комёбиҳои кишварамон аз баракати сулҳу субот ва Рӯзи ваҳдат ибтидо гирифтаанд, ки муассисаи таълимии имрӯза аз ҷумлаи онҳост. Бояд зикр кард, ки сохтмони ин бино ҳанӯз бист сол пеш оғоз ёфта, вале бо сабаби мушкилоти молиявӣ қатъ гардида буд.
Соли гузашта, мо бо мақсади таҷдиди сохтмон ва таҷҳизонидани он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо кардем ва чунонки имрӯз мебинем, дар ин ҷо маҷмаае бунёд гардидааст, ки дар он барои дар сатҳи баланди замонавӣ ташкил намудани раванди таълиму тарбияи хонандагон, машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ, истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Тибқи лоиҳаи тасдиқшуда иншооти ин муассисаи таълимӣ аз таҳхона, се ошёна ва 33 синфхона, маркази интернет, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона  иборат буда, барои таълиму тарбияи 1300 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бартарии  мактаб аз дигар муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба таълиму тарбияи кӯдакони лаёқатманду соҳибистеъдод аҳамияти ҷиддӣ дода хоҳад  шуд ва хатмкунандагони он дар баробари гирифтани маълумоти умумӣ, инчунин соҳиби касбу ҳунари муайян низ мешаванд.
Ба ҳамин сабаб ин муассиса мактаб – интернати махсусгардонидашудаи президентӣ номида мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо илова ба синфҳои муҷаҳҳазу муосири фаннӣ, инчунин студияҳои телевизионии таълимӣ, рассомӣ, хореографӣ, театрӣ ва устохонаҳои ҳунаромӯзӣ ташкил карда шудаанд, ки онҳо, бешубҳа, ба тарбияи завқи баланди зебоишиносиву зебоипарастии шогирдон мусоидат хоҳанд кард. Ғайр аз ин, таълимгоҳ дорои маҷмааи замонавии варзиш, яъне майдони варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва толорҳои махсусгардонидашудаи тарбияи ҷисмониву тирандозӣ мебошад.
Худи ҳамин сол дар ҳудуди ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохтмони хобгоҳ барои хонандагон, инчунин хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон оғоз мегардад. Ин имконият медиҳад, ки аллакай дар соли таҳсили оянда мактаб-интернат бо иқтидори пурра фаъолият намояд ва ба он толибилмони на фақат шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, балки аз дигар гӯшаву канори мамлакатамон низ қабул карда шаванд. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар ин таълимгоҳ зиёда аз сад нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Чунонки борҳо зикр кардаам, ҳадафи асосии мо аз бунёди силсилаи мактабҳои типи нав дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои хонандагони болаёқат буда, ба ин васила мо мехоҳем истеъдодҳои наврасу ҷавонро кашф кунем ва онҳоро тарбия намоем.
Дар таълимгоҳҳои президентӣ хонандагоне, ки истеъдоду лаёқати илмомӯзӣ ва маърифату донишҳои замонавиро доранд, инчунин дорои ахлоқу одоби ҳамида ва рафтори шоиставу намунавӣ ҳастанд, тавассути озмун ба таҳсил ҷалб карда мешаванд.
Дар ин муассисаи таълимӣ низ қабули хонандагон тибқи озмун сурат мегирад ва тавре ки ман хабар дорам, аллакай беш аз ду ҳазор нафар ҳуҷҷатҳои худро супурдааст, ки аз ин шумора 430 нафар хонандаи беҳтарин бори аввал дар соли хониши 2009-2010 ба таҳсил шурӯъ менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда  боргоҳи маърифат яке аз марказҳои пурқуввати таълимиву ҳунаромӯзии на танҳо вилоят, балки мамлакат хоҳад шуд.  
Ғамхорӣ ба кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ барои онҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Чунки мо соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эълон карда, барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф то имрӯз як силсила тадбирҳоро амалӣ намудем, ки дар натиҷа сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Масалан, танҳо дар давоми ду соли охир дар вилояти Суғд аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 58 мактаби нав сохта ба истифода дода шуд, ки онҳо зиёда аз 11 ҳазор нафар хонандагонро ба раванди таълим фаро мегиранд. Инчунин, зиёда аз 120 мактаби дигар таъмиру таҷдид гардида, дар як қисми онҳо синфхонаҳои иловагӣ низ сохта шудаанд.
Албатта, ҳанӯз ҳам дар соҳаи маорифи вилоят камбудиву норасоиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Мо мушкилоти соҳаро амиқан дарк мекунем ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста кӯшишу талош дорем ва онҳоро дар ояндаи наздик зина ба зина бартараф хоҳем кард. 
Ҳанӯз даҳ аср пеш аз ин донишманди бузурги Машриқзамин Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии омӯхтани илму дониш гуфта буд: «Агар мо ба дараҷаи фазилатҳои инсонӣ ва равшан намудани азамату мақоми он шинос шавем ва афзалияти онҳоро аз ҳамдигар тарҷеҳ диҳем, хоҳем донист, ки омӯхтани илм аз ҳамаи фазилатҳои инсонӣ бартар аст. Зеро ҳеҷ шарафи одамӣ баробар ба илм нест, чунки муайянсозандаи роҳи инсоният танҳо илму маърифат буда, ҳеҷ кори хайру савобе баробар ба омӯхтани илм нест».
Яъне бузургтарин шарафи одамӣ илм буда, шахси соҳибмаърифату донишманд тавассути он пайваста корҳои хайру савобро анҷом медиҳад. Мо ин нуктаро ба ин хотир махсус таъкид кардем, ки фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки онҳо ворисони ҳақиқии ниёгони соҳибтамаддун ва фарҳангсози тоҷик ҳастанд ва вазифаи асосиашон аз омӯзиши илму дониш иборат мебошад.
Итминони комил дорам, ки толибилмони ин мактаб низ дар оянда бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир баҳравар мегарданд ва бо дониши пухта, гуфтору рафтори неку писандидаи худ ҳамчун фарзандони сазовор дар пешрафту ободӣ ва шукуфоии Ватанамон-Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллати куҳанбунёдамон ва ифтитоҳи муассисаи таълимии давлатии мактаб-интернати махсусгардонишудаи президентӣ барои хонандагони боистеъдод самимона табрику таҳният гуфта, миннатдории худро ба масъулон ва сохтмончиёне, ки дар бунёди ин бинои мӯҳташам заҳмат кашидаанд, иброз медорам.
Бигзор, кабӯтари сулҳ дар осмони мусаффои Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!
Бигзор, Ваҳдати миллии тоҷикон ва пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидона бошанд!
Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 580

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед