logo

паёмҳо

Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад.
Ба ифтихори ин ҷашн тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо осоишу хушбахтӣ, амну субот ва ба Тоҷикистони азизамон рушди босубот орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.
Халқи азизи Тоҷикистон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо мекард, ки бо такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳарчи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созанд.
Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне нуздаҳ сол қабл, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо имзои санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид. Аслан, барқарор сохтани сулҳу оромӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии осоишта натиҷаи майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки дар масири нуздаҳ соли сипаришуда барои ҳифзу таҳким ва пойдору ҷовидон мондани ин неъмати арзишманд азму талош ба харҷ медиҳанд.
Бинобар ин, бори дигар бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳиму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонд. Ва акнун замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ карда шавад.
Мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои олам бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст.
Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузарондааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра буда, аз ҷомеаи ҷаҳон низ даъват менамояд, ки барои бартарафсозии низоъҳои харобиовар ва таъмини суботу амният дастаҷамъона талош варзанд ва музокираву мусолиҳаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли ҳар гуна мухолифату низоъ ва ҷангу хунрезӣ васеъ истифода намоянд.
Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Бори дигар иброз медорам, ки пешрафту пирӯзиҳои то имрӯз ноилшудаамон ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва кӯшиш ба хотири густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат мебошад.
Мо Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки Ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем.
Ман бо халқи сарбаланд ва созандаамон ҳамеша ифтихор мекунам ва эътимоди комил дорам, ки мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф сохта, ба нияти некамон – таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар ноил мегардем.
Итминон дорам, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи тоҷикон ва пешрафту ташаккули давлатдории миллиамон ҳамеша бегазанду ҷовидон боқӣ мемонад ва роҳи моро ба сӯи амалисозии нақшаву ҳадафҳои олиамон равшан нигоҳ медорад.
Бори дигар Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон суботу осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2016    №: 126-127    Мутолиа карданд: 12044

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед