logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Айналишо Айналишоев, муовини  сардори  Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.


- Падару модарам аз олам гузаштанд. Дар манзили истиқоматии меросиамон бародари хурдиам зиндагӣ мекунад. Мо дар оила 5 писару 3 духтар мебошем. Дигар фарзандон даъвои мерос надоранд, вале ман мехоҳам як қисми замин ва хонаи падариамро соҳиб шавам. Бародарам ба ин кор қатъиян зид аст. Оё ман ҳамчун ворис ба амволи меросӣ ҳуқуқ дорам?

 Ширин ЗАРИФОВА, 
сокини деҳаи Филмандари Ҷамоати 
деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент

- Шумо ҳамчун вориси (меросхӯр)  навбати аввал дорои ҳуқуқ ба амволи меросии падару модаратон ҳастед. Зеро дар моддаи 1166  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхоншудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони  меросгузор ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ӯ  таваллуд шудаанд, мегиранд”.
Агар байни шумо ва бародари хурдиатон, ки дар манзили истиқоматии меросӣ зиндагӣ дорад, оид ба тақсими амволи меросӣ баҳс ба миён омада бошад, метавонед ба суди маҳали ҷойгиршавии амволи меросӣ бо аризаи даъвогӣ “Оид ба тақсими мерос” муроҷиат намуда, ҳиссаи худро бо тартиби судӣ талаб намоед. Боқимонда бародарону хоҳаронатон, ки даъвои мерос надоранд, ҳуқуқ доранд ба фоидаи шумо ё бародари хурдиатон (бо хоҳиш ва интихоби худи онҳо) аз ҳиссаашон нисбат ба амволи меросӣ даст кашанд.

* * *
 - Ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ суд ба кадом масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд? 
 С. АШУРБЕКОВА,
сокини шаҳри  Хоруғ,   36 - сола

 - Мувофиқи талаботи моддаи 24 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани никоҳ зану шавҳар бояд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон, ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар, инчунин агар муқаррар гардад, ки созишнома манфиати фарзандон ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст, ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Пеш аз ҳама, муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани ақди никоҳ бо кадоме аз волидон зиндагӣ мекунанд, барои таъминоти онҳо аз кӣ ва ба кадом андоза алимент ситонда мешавад, бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд. Инчунин,  ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 603

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед