logo

мақолаҳо

Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ

Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқие мебошад, ки рафтору муносибати аъзои онро ба низом медарорад. Агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкардаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд, меъёрҳои ахлоқӣ рафтори муносибати онҳоро нисбат ба ҳамдигар, оила, ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ муайян мекунанд ва ҳатто ба иҷрои қонуну шартномаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Иҷрои меъёрҳои ахлоқӣ ба виҷдони ҳар шахс, расму одат, суннатҳои ҳар халқу гурӯҳҳои иҷтимоӣ низ марбутанд. Вобаста ба дараҷаи рушди ахлоқи ҷамъиятӣ дар бораи сатҳи пешрафти ин ё он халқу кишвар ҳукм рондан имкон дорад. Ҳар қадар дараҷаи ахлоқи ҷомеа баланд бошад, ба ҳамон андоза талаботи қонун дар он хубтар ҷорист. Инчунин сатҳи болоравии ахлоқи ҷомеа ба устуворӣ ва мустаҳкамии давлат алоқаманд аст. Агар давлат пуриқтидору мустаҳкам ва дорои қонунҳои хубу ҷорӣ бошад, сатҳи ахлоқии ҷомеа низ метавонад баланд бошад ва баръакс сустӣ ва заъфи давлат ба коҳиши ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад. Таҷрибаи солҳои нооромии Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки бо сустшавии рукнҳои давлат дар ҷомеа сатҳи ҷинояткорӣ баланд ва рафторҳои ношояму зиддиахлоқии аъзои он зиёд мешаванд. Ҳамин гуна давраҳои бӯҳронӣ ва пастшавии сатҳи некӯаҳволии мардум ҳам ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ахлоқ ифодагари сатҳи маънавии ҷомеа аст. Он ифодакунандаи дараҷаи маданият, нишондиҳандаи сулҳу суботи ҷомеа, тарзи зиндагӣ ва эътиқодоти мардуми ин ва ё он кишвар мебошад. Чи қадар ахлоқ дар ҷомеа зиёд мавқеъ дошта бошад, ба ҳамон андоза оромӣ ва пешрафт таъмин мешавад. Аз ин ҷост, ки ба масъалаҳои ахлоқӣ чи сиёсатмадорон ва чи олимону ҳакимон аз давраҳои қадим то ба имрӯз таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанду дар болоравии он саҳми чашмрас гирифтаанд. Имоми Аъзам аз зумраи ин шахсиятҳои барҷаста ба шумор меравад. 
Таҳлили масъалаи ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки сарчашмаи таълимоти ахлоқии ин фақеҳи бузург Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мебошанд. Панду ҳикматҳое, ки аз Қуръон маншаъ гирифтаанд. Дар Қуръони карим омадааст: «Ба дурустӣ, ки мо пайғомбарони худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба адлу инсоф амал кунанд» (сураи ал - Ҳадид, ояти 25). Ҳамин тавр инсоф аз муҳимтарин меъёри ахлоқӣ аст, ки он муносибати байни одамон, афроди ҷомеаро дар корҳои диниву дунявӣ ба низоми муайян медарорад ва ҳаёти онҳоро бар пояи устувор қарор медиҳад, ҳақиқат ва дурустии муносибатро ҷорӣ мекунад, онро устувор равшан месозад. Қуръон хислатҳои нек ва рафторҳои шоистаи инсонро равшан баён намудааст: «Ва мо дар ин Қуръон ба ҳар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд, вале ононро ҷуз нафрат намеафзояд» (Сураи ал-Исроъ, ояти 41).
Ахлоқу одоби ҳамида дар оёти зиёди Қуръони маҷид васф шудааст ва Худованд мӯъминонро даъват ба иҷрои воҷиботу мустаҳсаноти ахлоқӣ кардааст: «Сифати афв намудан ва сахтгирӣ нанамудан пеша кун ва дигаронро ҳам ба некӯкорӣ бифармой ва аз ҷоҳилон рӯй бигардон» (сураи ал-Аъроф, ояти 199). Чуноне мушоҳида мешавад, оёти каломи раббонӣ саршор аз панду ҳикмат ва тарғиби ахлоқи ҳамида аст. Хулласи калом, панду насиҳат ҷавҳар ва ҳикмати дини ислом аст. Ин дастури ахлоқии қуръонӣ дар ҳадисҳои Паёмбар (с) низ баёни равшани худро мекунад. Ҳадисҳо тамоми мавзӯъҳои ахлоқиро фаро гирифтаанд, ки аз ҳадиси машҳур «Дин насиҳат аст» сар мезанад. Паёмбар (с) дар тамоми гуфтаҳои худ ахлоқи ҳамида, адлу инсоф, шафқату меҳрубонӣ, баробарию бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳаққи ҳамсояву калонсолон, падару модарро тавсиф кардааст, ки бахши аз онҳоро метавон ба таври зерин ҳамчун даъватҳои Расули акрам (с) хулоса кард: «Эй мардум! Худованд дар партави ислом бартариҳои насабӣ, авлодию қавмӣ, нажодиро аз шумо бардошт. Ҳамагӣ аз Одам ба вуҷуд омадаед ва ӯ низ аз гил офарида шудааст. Беҳтарини мардум касест, ки ба Худованд нофармонӣ намекунад ва худро аз гуноҳҳо дур медорад. Ҳеҷ яке сурх бар сиёҳ бартарӣ надорад, магар ба тақво. Мусулмон бародари мусулмон аст. Хуни ҳар як бо дигарӣ баробар аст. Ман тамоми ифтихороти мавҳуми даврони гузаштаро беасос эълон менамоям.» Шахсияти Паёмбар (с) намунаи ибратомӯзи ахлоқи исломист. Паёмбари ислом (с) бо хушахлоқӣ, ростгӯӣ, сидққавлӣ ва амонатдорӣ ягонаи давру замон аст. Ҷавҳари ахлоқи нек он аст, ки ҳам дар дину шариат ва ҳам дар рӯзгори ҳаррӯза, оила, ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ росткорӣ, ростқавлӣ, амонатдорӣ, муҳаббату эҳтиром, масъулиятшиносӣ, накӯкорӣ ва вафодорӣ риоя шавад. Ин сифатҳое мебошанд, ки дар дараҷаи аълояш Паёмбари ислом (с) дар зиндагии худ намудор сохтааст. Қиссаю ривоятҳо хеле зиёд бар ин гувоҳанд. Ва на танҳо гуфтаҳои Расули Худо (с), балки рафтору кирдори эшон насиҳатномаи бузурги ахлоқи ҳамида мебошад, ки ҳар фарди мусулмон бояд дар пайравӣ аз он кӯшиш намояд. Маҳз ҳамин сарчашмаҳои муқаддас асоси таълимоти ахлоқӣ дар кору фаъолият ва зиндагии Имоми Аъзам гардидаанд.
Барои нишон додани хизмати Имоми Аъзам дар рушди ахлоқ зарур аст, ки нуктаҳои асосии таълимоти ӯ баррасӣ шаванд. Бузургтарин мавзӯъ, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста дорад, мавзӯи адлу инсоф аст. Бояд хотиррасон кард, ки адлу инсоф чун мафҳумҳои асосии илми ахлоқ ҳанӯз дар таълимоти мутафаккирони қадими ҳам Юнону ҳам Аҷам ҷойгоҳи хоси худро дошт. Алалхусус, дар оини мардуми Аҷам ва суннатҳои он. Вале ин мавзӯъ дар таълимоти Абӯҳанифа ба сабаби тадвини фиқҳи исломӣ сар задааст. Чун барои асоснок кардани масъалаҳои фиқҳӣ ва муайян намудани меъёрҳои шаръӣ бо дарназардошти адлу инсоф, ки аз таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ бармеоянд, нуктаҳои муҳими риояи онҳо дар фиқҳи Абӯҳанифа ҷойгузин шудаанд. Адлу инсоф ин талаботи ахлоқие мебошанд, ки ҳам ахлоқи иҷтимоӣ, ҳам сиёсати давлату ҳукуматдорон, ҳам хислатҳои умдаи инсониро муайян мекунанд. Адлу инсоф ҳам талаботи ахлоқӣ ва ҳам меъёри ҳар гуна муносибати ахлоқӣ мебошад. Албатта, вақте сухан дар бораи адлу инсоф дар давлат ва сиёсати давлатӣ меравад, ин мафҳумҳо татбиқи худро дар меъёри қонунҳо пайдо мекунанд ва ҳукми қонунро ба худ мегиранд. Вале дар ин маврид ҳам иҷрои онҳо ба афроди ҷомеа алоқаманданд ва аз адлу инсофи онҳо то ҳадде вобастагӣ доранд. Бинобар ин адлу инсофи мансабдоронро Абӯҳанифа шарти муҳими адли иҷтимоӣ медонад ва зимни баёни ҳукми худ ба гуфтаҳои Қуръони карим такя мекунад. Дар Қуръон ду мафҳуми ифодагари адлу инсоф мавҷуд аст: адл ва қист. Ва бештар аз 20 маротиба «қист», яъне «адл», ба маънои адлу инсоф омадааст, ки он аз муҳимии масъалаи мазкур дарак медиҳад. Дар Қуръони карим маънии онҳо хеле васеъ ва ҳамзамон амри Худованд дар ин маврид хеле мушаххас аст. Масалан, ояти 90-и сураи Нахл фармудааст: «Ҳамоно Худо ба инсофу накӯкорӣ ва ато кардан ба хешовандон амр мекунад ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва бедодӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад, ки шумо пандпазир шавед». Аз тафсирҳо бармеояд, ки Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ ин оятро аз ҷомеътарин оёт донистаанд. Адлу инсоф ба ҷуз маънои иҷтимоӣ инчунин ба рафтори ҳар фард рабт дорад. Аз ҷумла дар фурӯши коло. Азбаски адолат ба маънии баробарвазнии ду палаи тарозу ҳам ҳаст, дар сураи ал – Мутаффифин ба онҳое, ки аз тарозу барои худашон кам карда мефурӯшанд, нигаронида шудааст ва хушдор медиҳад. Дар оятҳои аввали ин сура таъкид мешавад, ки «табоҳ аст ҳоли он мардуме, ки аз тарозуву паймона кам мекунад». Риояи адлу инсоф ин ҷо ҳарчанд дар нисбати фурӯшандагон таъкид шуда бошад ҳам, он ба ҳамаи ашхосе, ки ба ҳаннотӣ ва фиреб даст мезананд, тааллуқ дорад. Онҳое, ки имрӯз дар бозорҳо ба фиребу найранг машғуланд ва гаронфурӯшӣ мекунанд, бояд донанд, ки ислом онҳоро бим кардааст ва аз рафтори ношоистаи худ оқибат пушаймон хоҳанд шуд. Имоми Аъзам бар зидди гаронфурӯшӣ на танҳо аз нигоҳи таълимотӣ зид будааст, дар фатвоҳояш онро маҳкум кардааст, балки бо рафтори шахсиаш нишон додааст, ки он ҳаргиз амали нек ва хоси шахси мусулмон нест. Абӯҳанифа, ки низ тоҷир буд, ҳар колоро мувофиқи арзишаш нархгузорӣ мекард. Боре маводи ба фурӯшгузоштаи ӯ айбе дошт ва ба ходим таъкид кард, ки ҳангоми фурӯш ин айбро ба харидор гӯяд. Аммо ходим ин таъкиди Абӯҳанифаро фаромӯш кард ва бидуни зикри ин айб онро гаронтар фурӯхт. Имоми Аъзам, вақте аз ин ҳодиса хабардор шуд, дастур дод, ки харидорро ёфта, бақияи пулашро ба ӯ баргардонанд. Аммо ин вақт харидор аз Кӯфа ба Мадина сафар карда буд, Абӯҳанифа аз Кӯфа ба Мадина рафта, маблағи зиёдатиашро баргардонид. Имоми Аъзам дар таълимоти ахлоқӣ ба ҷуз адлу инсоф ба се рукни дигари илми ахлоқ, ки минбаъд дар китобҳои илми ахлоқ тафсири худро пайдо карданд, эътибор додааст.
Абӯҳанифа дар фиқҳи худ адл ва шаклҳои он: адли иҷтимоӣ, адли фардӣ ва адл чун меъёри дигар рафторҳоро ба таври пурра тавзеҳ додааст.
Фиқҳи Абӯҳанифа меъёрҳои ахлоқиро бо меъёрҳои ҳуқуқӣ тавъам сохта, риояи онҳоро шарти камолоти инсонӣ мешуморад. Дар таълимоти Абӯҳанифа пайванди ҳуқуқ ва ахлоқ ба назар мерасад, ки тибқи он ҷомеаи инсонӣ наметавонад дар сатҳи даркорӣ танҳо аз арзишҳои ахлоқӣ ва ё ҳуқуқӣ баҳраманд гардад. Ҳукмҳои шаръӣ ҳатто дар баъзе мавридҳо доираи иҷрои меъёрҳои ахлоқиро васеътар сохтаанд. Адлу инсоф бо ҳақиқат ва ҳақиқатҷӯӣ низ пайваст аст. Ҳақиқат чун меъёри ахлоқӣ дорои низоми муайян аст, ки дурустӣ ё нодурустӣ, қубҳу ҳусни адлу инсоф, росткорию ростқавлӣ ва дигар талаботи ахлоқиро нишон медиҳад. Бузургон дар ҳама давру замон ростӣ ва ҳақиқатро сутудаанд ва ҳукми Қуръони Карим аст, ки «суханони хуши рост ва некӯ ба сӯи Худо боло мераванд». (сураи Хотир, ояти 15). 
Абӯҳанифа дар шариати исломӣ ба ростию ҳақиқат мавқеи бузург қоил аст. Ҳақиқатро ӯ меъёри амалҳои шаръӣ гардонида, худ низ ҳақиқатро дар рафтору кирдораш мустаҳкам ҷой дода буд. Вақте халифа Мансур аз ӯ фатвои ҷазо додани аҳли Мавсулро тақозо намуд, ӯ бо сароҳат чунин ҳақ надоштани халифаро исбот кард. Ҳақиқатро бо вуҷуди бар ҷони худ  хавфи ҷиддӣ доштанаш пинҳон надошт ва рӯирост баён намуд. Абӯҳанифа ахлоқи шаръиро ба вуҷуд оварда, талаботу меъёрҳои ахлоқиро бо аҳкоми меъёрҳои шаръӣ пайвастааст, ки муҳаққиқони баъдӣ аз ӯ илҳом гирифта, осори барҷастаи ахлоқӣ эҷод кардаанд ва таъсири он на танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафӣ аст, балки таъсири онро ба дигар мазҳабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби имом Шофеӣ, мушоҳида мешавад. Абӯҳанифа аз осори гузаштагони огоҳ буда, онҳоро дар фиқҳи худ истифода бурдааст. Ба ҷуз осори ахлоқии Аҷам, инчунин Абӯҳанифа шояд бо осори ахлоқии Афлотун ва Арасту, ҳарчанд дар ҷое аз ин ду ном набурдааст, ошноӣ дошта бошад, зеро дар хилофат ин осор дар солҳои охири умри Абӯҳанифа хеле паҳн шуда будааст, ки Ибни Надим дар «Феҳрист»-и худ беш аз чиҳил асари ахлоқиро ном мебарад. Дар асри ХI зери таъсири фиқҳи исломӣ ва тарҷумаи осори ахлоқии давраи бостон мавзӯъҳои ахлоқ тақсимбандӣ шудаанд. Аз ҷумла дар «Ахлоқи Носирӣ»-и Насириддини Тӯсӣ илми ахлоқ ба се тақсим мешавад. Масъалаи аввал – ахлоқи нек доштан ва тарбияи ахлоқ аст. Масъалаи дуввум – одоби оиладорӣ, покии муносибатҳои оилавӣ (шояд дар партави таълимоти Абӯҳанифа, ки дар китобҳои ахлоқӣ ба унвони илми тадбири манзил ном бурда мешавад). Ниҳоят масъалаи сеюми илми ахлоқ ахлоқу одоби ҳокимон ва мулкдорон, сарварони давлат, яъне одоби давлатдорӣ ва сарварӣ мебошад.
Ахлоқ дар зиндагии шахсии инсон, оила ва ҷомеаю давлат мавзӯъҳои таълимоти ахлоқии Абӯҳанифаро ташкил додааст, ки ба нафси инсон ва ихтиёрдории ӯ марбут буда, дараҷаи баланди хислатҳои инсон – нафси нотиқаро баён доштааст ва ба таъкидҳои Қуръон роҷеъ ба фазилати инсон, бартариҳои ӯ аз дигар мавҷудоти олам такя мекунад. Ахлоқи инсон ҳарчанд ба қазову қадари илоҳӣ вобаста бошад ҳам, Абӯҳанифа имкони тарбияи ахлоқӣ, камолоти ахлоқии инсонро таъкид сохтааст. Ҳусну қубҳи одоби инсонӣ ба кӯшишу фаъолияти ӯ пайвастагӣ дорад. Дар осори ахлоқӣ ва фиқҳи ҳанафӣ беҳтарин ҷанбаи одоби давлатдорӣ раъиятпарварӣ аст. Расидан ба саодат мақсади фаъолияти ахлоқӣ мебошад. Дарёфти саодат минбаъд дар осори бузургони илму адаби халқи тоҷик яке аз масъалаҳои муҳими ахлоқӣ гардид ва чандин китобҳо дар ин мавзӯъ навишта шудаанд, аз ҷумла, «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили – с – саодат»- и Форобӣ ва «Танбеҳот ва ишорот»-и Ибни Синоро метавон ном бурд. Адабиёти классикии тоҷику форс аз асри 1Х шурӯъ карда то имрӯз ба баёни масоили ахлоқӣ пардохтааст. Ҳоҷат ба баён нест, ки чи асарҳои бузурги ахлоқӣ мисли қасидаҳои устод Рӯдакӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Хирадномаи Искандарӣ»-и Низомии Ганҷавӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ эҷод шудаанд ва оғози ин равандро Абӯҳанифа дар фиқҳи худ баён доштааст. Абӯҳанифа на танҳо зимни масоили фиқҳӣ афкори ахлоқиашро баён кардааст, балки насиҳатномаҳои махсуси панду ахлоқӣ низ аз худ ба мерос гузоштааст, аз ҷумлаи  насиҳатномаҳои эшон, ки дар радифи аввал қарор доранд, насиҳатномаҳое ҳастанд, ки ба риояи адлу инсоф, росткорӣ, илмомӯзӣ бахшида шудаанд. Насиҳатномаҳои ӯ на танҳо ба зиндагии шахсӣ ё фардии одамон дахл доранд, балки дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҷамъиятиро ба таври куллӣ фаро мегиранд. Онҳо ба ислоҳи ҳаёти ҷомеа равона шудаанд. Андешаҳои ахлоқии Абӯҳанифа дар ин насиҳатномаҳо чунон баён шудаанд, ки касро зери таъсири амиқи худ қарор медиҳанд ва аз ҳар ҷиҳат омӯзанда ва арзишманданд. Онҳо барои ҳамаи замону давраҳо дахл доранд ва метавонанд дастуруламали зиндагии фарду ҷомеа қарор гиранд. Муҳаққиқон насиҳатномаҳои зеринро аз Абӯҳанифа зикр кардаанд: Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Юсуф ибни Халиди Самтӣ; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абӯисмат Нӯҳ ибни Абӯмарям дар бораи қазо; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба ҷамъе аз ёрон ва шогирдонаш.
Дар насиҳатнома ба Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим, ки муддатҳои зиёде қозии хилофат буд, доир ба муносибат бо подшоҳ, мардум, бо ҳамсар ва хонавода, баёни тақво, меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайра фикрҳои ҷолибе баён шудаанд. Дар насиҳат ба Юсуф ибни Халиди Самтӣ бештар ба муносибат бо дӯстон, одоби муошират ва баҳс кардан таъкид кардааст. Яке аз нуктаҳои муҳим дар ин маврид муносибат бо пайравони динҳои дигар мебошад. Дар робита Абӯҳанифа таъкид сохтааст, ки бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро бояд ба роҳ монд ва дар паи ҳамзистӣ бо онҳо бояд буд. Омӯзиши илм дар ҳамаи насиҳатҳои Имоми Аъзам мавқеи асосӣ дорад. Дар айни замон метавон ривоятҳоеро аз рафтори ӯ ёдовар шуд, ки пандомез буда, иҷрои насиҳатҳояш дар амал мебошанд. Масалан, насиҳати Имоми Аъзам дар бораи он ки ҳар кӣ барои бародараш чоҳ биканад, худаш дар он меафтад, дар амал дар мулоқот бо халифа Мансур амалӣ мешавад. Робеъ, яке аз дарбориён хост, ки Абӯҳанифаро назди халифа муттаҳам созад, вале худ ба он дармонд. Робеъ бо овардани суханон аз Абдуллоҳ ибни Аббос, яке аз саҳобаҳои кибор, таъкид бар он дошт, ки агар кас савганд хӯрад ва баъди як-ду рӯз «иншоаллоҳ» гӯяд, гунаҳгор намешавад. Вале Абӯҳанифа, бар хилофи ибни Аббос фатво дода, гуфтааст, қасамхӯранда агар якҷоя бо қасам «иншоаллоҳ» нагуфтааст, гунаҳкор мешавад. Мансур пурсид: «Оё Робеъ дуруст мегӯяд». Имоми Аъзам фармуд: «Эй, амирулмӯъмин! Агар назари Робеъ дуруст бошад, пас байъат (савганди итоат) гирифтани ту аз мардум фоидае надорад, касе назди ту байъат мекунад, вақте ба хонааш бармегардад, «иншоаллоҳ» мегӯяд ва савгандаш беасар мешавад ва дар сурати шикастани савганд гунаҳкор намешавад». Мансур аз шунидани ҷавоби Абӯҳанифа ба Робеъ гуфт: «Ту наметавонӣ ӯро маҳкум кунӣ». Пас аз поёни маҷлис Робеъ ба Абӯҳанифа гуфт: «Имрӯз наздик буд қабзи рӯҳ шавам». Имом фармуд: «Ту айнан ҳамин амрро барои ман дар назар доштӣ. Аммо ман фақат аз худам дифоъ кардам» (Шиблии Нӯъмонӣ. Симои Имоми Аъзам (р), Душанбе, с. 113-114). Ҳамин гуна ривоятҳо дар бораи ҷавоби Абӯҳанифа бо хориҷиҳо тасдиқи он аст, ки «доно тавоност»».
Дар насиҳатҳое, ки ба Абуюсуф кардааст, сухан аз одобу муносибат ба подшоҳ меравад. Дар ин ҷо чанд нуктаи муҳимро аз рукнҳое, ки муносибатро бо подшоҳ ифода мекунад, ном бурдан мумкин аст, аз ҷумла дурӯғ нагуфтан дар ҳузури подшоҳ, худдорӣ аз рафтуомади зиёд ба назди вай, пургӯӣ накардан, шинохтани қадру қимати худ ва дигарон, надониста қабул накардани вазифа, дурӣ ҷустан аз атрофиёни подшоҳ, то вақте дар хизмати ӯ ҳастӣ. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Абӯҳанифа ба идоракунии кишвар, камолоти ходимони давлат ва рафтори шоиста эътибори ҷиддӣ медодааст, зеро намехостааст диққати роҳбар ба дигар ҷониб ҷалб шавад, вақти подшоҳ беҳуда сарф гардад ва ӯ аз масоили муҳими давлатдорӣ ғофил монад, бо дурӯғе гирифтори роҳи ғалат бошад. Дурустии кору рафтор, муомилаю кирдори писандида дар байни мардум ва ҷомеа, ғамхорӣ нисбати кӯдакону пиронсолон аз муҳимтарин воҷиботи ахлоқӣ дониста шудаанд. Раҳму шафқат ва меҳрубонӣ сифати неки инсонӣ ва исломӣ аст, зеро Паёмбари ислом (с) фармудааст: «Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест». Ин ҳадиси шариф дар баёни ахлоқии Абӯҳанифа ва хусусан дар насиҳатномаҳои ӯ зикри худро ёфтааст.
Ончунон, ки дар баёни илми ахлоқ омада буд, насиҳатҳои Имоми Аъзам ҳам ҷомеа, ҳам оила ва ҳам ҳар як фардро фаро гирифтааст. Агар бихоҳем, ки таълимоти ахлоқии Абӯҳанифаро хубтару возеҳтар бишиносем, бояд сараввал ба осори гаронбаҳои ин нобиғаи дину миллат рӯ биёрем ва сониян, ба осори таърихӣ ва фармудаҳои шогирдону ҳамасронаш муроҷиат кунем. Дар ин маврид шоистаи он аст, ки масъалаи ҳусну қубҳ ва саодат, инчунин масоили марбути оилаву оиладорӣ, ки ба ахлоқ пайваст аст, ахлоқро хубтар зоҳир мекунанд, аз назар гузаронида шаванд. Маълум аст, ки дар ҷомеаи инсонӣ як гурӯҳи рафторҳо ба некӣ ва гурӯҳи дигар ба бадӣ тавсиф мешаванд. Абӯҳанифа аз нигоҳи шариати исломӣ ҳусну қубҳро ба ҳамаи талабот алоқаманд карда, онҳоро аз ҳамин меъёрҳои исломӣ муайян намудааст. Ҳусну қубҳро вобастаи хайру шарр дониста, тавсифи хайрро ривоҷ дода, аз шарр (бадӣ) мардумро нигоҳ доштааст. Вай аз рӯи эътиқоди худ, ки хайру шар марбут ба қадари илоҳӣ аст, инсонро бинобар иродаи озоди ӯ масъул донистааст. ӯ таълим медиҳад, ки хубу бадро бояд қаблан шинохт ва баъд дар пайравӣ аз афъоли нек кӯшиш намуд, то ки инсон нафси худро ба рафторҳою андешаҳои нек зиннат диҳад ва аз  корҳои бад бипарҳезад.
Бисёре аз ин таълимот имрӯз ҳам барои пешрафти ахлоқии ҷомеа заруранд. Ҳалли масоили иҷтимоӣ дар партави ин таълимоти ахлоқӣ ба ҳусни ҷомеа ҳусн афзуда, пешрафти онро таъмин месозад ва риояи онҳо ҷомеаи моро аз баъзе мушкилоте, ки имрӯз дорад, озод мегардонад.
Тоҷикистон, ки дар як давраи бозсозии фарҳангӣ қарор дорад ва рӯ ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳодааст, таҳкими ахлоқи иҷтимоӣ дар он ба масъалаи муҳими стратегӣ табдил ёфтааст. Ахлоқи иҷтимоии ҷомеаи имрӯз ва рушди он ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ масъалаҳоеро фаро мегиранд, ки ногузир симои маънавии ҷумҳуриро дар оянда муайян мекунанд. Ин пеш аз ҳама татбиқи озодиҳои шахс, гуногунандешӣ, омезиши унсурҳои ахлоқи муосир ва суннатҳои ахлоқӣ, баландшавии масъулият барои имрӯзу фардои ҷумҳурӣ, ривоҷи аслҳои мусолиҳа, ҳилму накӯкорӣ, даст кашидан аз ҳар гуна фишору хушунат, ки меъёри ахлоқи фард ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ гардад, татбиқи эҳтирому эҳсоси бародарӣ дар ҷомеа мебошанд. Оё имрӯз дар ҷомеаи мо дар ин самт корҳое анҷом гирифтаанд? Бешак, чорабиниҳои муҳиме дар ин росто амалӣ шудаанд. Аз ҷумла қонуну кодексҳое қабул шудаанд, ки озодию фаъолияти озодонаи шаҳрвандонро ба низом медароранд, қонунҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд, барномаҳое, ки дар соҳаҳои маориф, фарҳанг амалӣ мешаванд  ва ба болоравии  ахлоқи  иҷтимоӣ  ҳидоят  мекунанд ва ваҳдату ҳамбастагии ҷомеаро қувват мебахшанд. Барои мисол ислоҳоти соҳаи  маорифро, ки тамоми аҳли ҷомеа аз неъматҳои он бархурдоранд, ном бурдан ҷоиз аст. Он ҷиҳати ҷорӣ намудани роҳу равишҳои нави таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи ахлоқӣ мақоми муҳимро ишғол кардааст. Ё ба шарофати рушди фарҳанги муосир дар Тоҷикистон бисёр суннатҳо ва арзишҳои фарҳангӣ эҳё гашта, бо унсурҳои фарҳанги муосир омезиш ёфтаанд ва ғояҳои асосии ин осори фарҳангӣ василаи тарғиби ахлоқи хуҷиста гардидааст. Дар тарбияи ахлоқии ҷомеа се унсури муҳими муосир ҷой гирифтааст: ҳукумати қонун- мутобиқ будани ҳар амали инсон барои иҷрои талаботи қонун; асли қонун барои ҳама, аз ҷумла ҳукумат, шаҳрванд; масъулияти давлат дар ташкили фазои мусоид. Барои ҷорӣ шудани ин унсурҳо дар ҷомеа корҳои зиёде анҷом гирифтаанд. Имрӯз мо шоҳиди фаъолияти озодонаи 8 ҳизб ва тақрибан 1,5 ҳазор созмони ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ мебошем. Фаъолияти пурсамари онҳо таъмин шуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ дар Шӯрои ҷамъиятӣ аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳо баррасӣ  мегардад. Ба воситаи ташкили фаъолияти онҳо унсурҳои ахлоқи ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон таҳким меёбад ва ривоҷ пайдо мекунад. Эътиборе, ки дар ҷомеа ба тарбияи ахлоқӣ, хусусан ҷавонон, дода мешавад, имкон медиҳад, ки дар оянда таъсири аслҳои олии ахлоқӣ дар байни табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ вусъат пайдо карда, симои ахлоқии ҷомеаи моро чун ҷомеаи муосири демократӣ бештар намудор созад. Аммо тарғиби ахлоқи муосир ба он равона гардидааст, ки дар маҷмӯъ бо анъанаҳои ахлоқи миллӣ, фаъолии табақаҳои иҷтимоӣ, самаранокии фаъолияти ҳар шахс ва ҷомеаро ба таври куллӣ ҳусни тоза бахшад. Дар паёмади он зикр бояд намуд, ки як навъ коҳиши ахлоқӣ дар ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба назар мерасад. Албатта, барои кишварҳое, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ доранд, ба душвориҳои мухталиф рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандон амри воқеист. Ин кор дар дигар мавридҳо мушоҳида шавад, вале мушкилиҳои иқтисодии ҷомеа миқдори онҳоро андаке бештар сохтаанд. Аз ин ҷо вазифаи давлат ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки шароити хубтаре барои кору фаъолият, роҳҳои беҳтар ва ахлоқии дарёфти ризқу рӯзиро барои тамоми аҳли ҷомеа муҳайё созад ва тарбияи ахлоқиро дар оила, мактаб ва тамоми ҷомеа баланд бардорад.
Мақоми оила дар тарбияи фарзанд, болоравии сатҳи маълумот ва вобаста ба ин ривоҷи хушахлоқӣ бояд бештар бошад. Бисёр сарварони оилаҳо бо вуҷуди сарватманд будан, ба тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд, бо мактаб робитаи  зич надоранд. Дар натиҷа фарзандон дар чунин оилаҳо солеҳ тарбия намеёбанд.
Абӯҳанифа муносибатҳои софу покро дар хонавода тарғиб намуда, мақоми волои зан, қадру эҳтироми падар, шавҳар ва тарбияи дурусти  фарзандонро нишон додааст. ӯ таъкид менамояд, ки оила бояд дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва  эҳтироми якдигар бунёд шавад. Аз нигоҳи шаръӣ вазифаи зану мард, волидон ва фарзандро асоснок намуда, муносибати оилавиро ба тадвин даровардааст. Никоҳу талоқ, ирсу мерос ва ҳуқуқи ҳар узви оила дар фиқҳи ӯ муайян шуда, аз рӯи он талаботи зиндагии оилавӣ, дар тӯли асрҳо бунёд шудааст.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар таълимоти Имом ба назар мерасад, ин эътирофи ҳуқуқҳои оилавӣ мебошад.
Дар муносибатҳои оилавии имрӯзаи мардуми мо таъсири аслҳои мавриди назари Абӯҳанифа ҷой дорад ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба татбиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иборат аз меъёрҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки зери таъсири меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳони имрӯза ба вуҷуд омада бошанд, балки он рӯҳу мазмуну суннати динии мардуми моро низ ба эътибор гирифтааст.    
Абӯҳанифа ахлоқро ё низоми ахлоқиро аз ахлоқи таҷвизӣ (дастурӣ ё усули ахлоқӣ), ахлоқи тавсифӣ ва ахлоқи назарӣ  иборат медонад. Ахлоқи таҷвизӣ аз донистани рафтори дуруст ва нодуруст иборат мебошад. Ин навъи ахлоқро Абӯҳанифа дар фиқҳаш асоснок кардааст. Ахлоқи тавсифӣ пеш аз ҳама, фикри мардум дар бораи хуб ё бад будани ин ё он амал аст, ки дар тавсифи ахлоқ ба назар гирифта мешавад. Ахлоқи назарӣ бештар ба ҳукму шарҳи мафҳуму меъёрҳои ахлоқӣ машғул аст. Дар осори фиқҳии худ Абӯҳанифа ба ин нуктаҳо баҳо дода, мӯҳсиноти ахлоқиро аз нигоҳи шариати исломӣ муайян карда фикри мардумро нисбати рафторҳои неку бад ба назар гирифтааст. Аз ин ҷиҳат урф, яъне анъана ва таомули мардумро манбаи аҳкоми шаръӣ қарор дода, ба бисёр рафторҳои инсон аз нигоҳи урф баҳо медиҳад. Воқеан, мардум худ дар бораи кори неку бад қазовати дуруст мекунад. Сарчашмаи меъёрҳои нек ва бади ахлоқие, ки дар байни мардум қабул гардидаанд, аз фитрати инсонӣ буда, ба шарҳу баён ва далели изофӣ эҳтиёҷ надоранд. Мақсад аз ахлоқ он риштаи усул ва низоме аст, ки амал ба он суботи ҷомеаро ҳамеша барқарор нигоҳ медорад. Масъалаи усули амонатдорӣ асли ахлоқие аст, ки ҳамаи аҳли ҷаҳон ба он иттифоқи назар доранд. Пас, хулқ ва рафтори хуб дар ҳама замону макон хуб аст ва тамоми инсоният яксон ба онҳо доварӣ мекунад ва ҳеҷ навъи тамаддун онро тағйир дода  наметавонад, яъне ахлоқ аст, ки инсонро аз мавҷудоти дигар фарқ мекунонад, ҳарчанд афзалиятҳои дигар ҳам барои инсон вуҷуд доранд, мисли тафаккур ва забон, вале дар ҳар сурат ахлоқ шоистатарини фарқи инсон, афзалияти ӯст. Ҷомеаи мутамаддин, ки мо дар бунёди он ҳастем, бояд дорои чунин ахлоқе бошад, ки зебу зиннати ҷомеа гардад. Аз ин рӯ моро мебояд суннатҳои ахлоқии худро такмил бахшида, баҳрамандшавии тамоми аҳли ҷомеаро аз онҳо таъмин созем ва меъёрҳои ахлоқи умумибашариро пурра ҷорӣ кунем. Ҷомеаи мо ба таври куллӣ дорои сифатҳои хуби ахлоқӣ аст, вале он дар амалу рафтори на ҳамаи аҳли ҷомеа ҷойгузин шудааст. Дар байни ҷавонон шахсоне дучор мешаванд, ки ба амалҳои зишт даст мезананд, бо рафтору кирдори зишташон ба ҷомеа зарар мерасонанд, муҳити атрофиёни худро носолим месозанд. Албатта, ба баъзеи чунин рафторҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар қонун муайян шудаанд, баҳо медиҳанд ва пеши роҳи амалҳои зиштро мегиранд, вале дар ҳама маврид дар муносибати одамон бояд ахлоқ мавқеи асосиро ишғол кунад. Меъёрҳо ва рафторҳое ҳастанд, ки ба онҳо аз ҷиҳати инсонгарӣ баҳо дода мешавад, яъне нисбати онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд, онҳоро худи ҷомеа ба воситаи тарғиби ахлоқи нек тарбия ва ислоҳ менамояд. Дар ин маврид омӯзишу тарғиби ахлоқи нек, хусусан ақидаҳои ахлоқӣ ва рафторҳои неки гузаштагонамон, метавонанд мақоми шоистаро ишғол кунанд.
Дар фиқҳи Абӯҳанифа хирад, адл камоли инсонӣ тавсиф гашта, зулм мояи нуқси ахлоқ дониста шудааст, яъне манъи зулму ситам, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон мақоми хос пайдо кардааст. Дар он баён шудааст, ки ҳусни адл ва қубҳи зулм сарчашмаи фитрӣ доранд ва аз масоили виҷдонӣ мебошанд. Ин ақидаи Абӯҳанифа баъдтар дар илми ахлоқ вусъати бештар пайдо карда, дар инкишофи назарияи ахлоқии умумиҷаҳонӣ самараи худро пайдо кардааст.
Ба ақидаи Имоми Аъзам, Офаридгор пояҳои камол ва саодатро дар хулқу дили инсон ҷой медиҳад, то он омили камоли ахлоқии инсон гардад ва ақл бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳидоятҳои фитрӣ амали инсонҳоро муайян месозад. Инсон дар оинаи фитрат фазилатҳо ва ҳамчунин разолатҳоро дида, онҳоро аз ҳам фарқ мекунад ва аз ин ҷиҳат адолат, покдоманӣ, ибрат, ҷавонмардӣ ва ғайраро нек мешуморад. Дар ин маврид чунин хусусиятҳои омили фитриро, ки Имоми Аъзам баён доштаанд, метавон фарқ кард. Амалҳои фитрии ахлоқӣ ба замону макон, миллату нажод вобаста нестанд, хусусияти умумӣ доранд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоятҳо дар бораи фаъолияти Имоми Аъзам нишон медиҳанд, ки рафтору ахлоқи шахсии ӯ дар тӯли асрҳо намунаи пайравӣ гаштааст. Ба ӯ сифатҳои беҳтарини инсониро муҳаққиқон нисбат додаанд. Муҳаммади Ансорӣ мегӯяд: «Дар ҳар як ҳаракати Имом Абӯҳанифа, ҳатто дар гуфтугӯ, нишасту бархост ва ғайра аломатҳои донишмандӣ ва фаросат намоён буд». (Симои Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) тарҷумаи «Сират-ун-Нӯъмон»-и Шиблии Нӯъмонӣ, Душанбе, 2009 с. 161). Алӣ ибни Осим менависад: «Агар ақли нисфи мардони дунёро дар як паллаи тарозу ва ақли Имом Абӯҳанифаро дар як паллаи дигар биниҳанд, паллаи Имом Абӯҳанифа вазнин мешавад». (Ҳамон ҷо, с. 101-102). Дар рафтори Имоми Аъзам хусусиятҳои адолатҷӯӣ, инсофу тақводорӣ, тезҳушӣ, фурӯтанӣ, таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ, оромӣ, хайрхоҳӣ дар авҷи аъло ва дар сатҳи баланди камолот мушоҳида шудаанд. Дар ин бора ривоятҳои зиёде ба назар мерасанд, ки намунаи олии хушахлоқии Имоми Аъзамро нишон медиҳанд. Масалан, раҳмдилии ӯ ба андозае будааст, ки аз дидани шахсони мусибатзада бисёр андӯҳгин мешудааст. Як мартаба шахсе ба ҳалқаи дари масҷид омада гуфтааст, ки фалонӣ аз сақф афтодааст. Билофосила, Имоми Аъзам давону побараҳна ба тарафи хонаи он шахс рафтааст ва машғули ғамхорӣ, муолиҷаи ӯ шудааст ва то поёни муддати бемориаш ҳар субҳ ба хабаргириаш мерафтааст. Вале агар худаш дучори ҳодисае мешудааст, бурдбору босабр будааст. Аз ғайбат парҳез мекардааст ва забонашро аз олудагиҳо нигоҳ медоштааст. Бисёр зоҳид ва обид будааст. Бо алоқаи фаровон ибодат мекардааст. Зоида (яке аз фақеҳони номии асри Имом) мегӯяд: «Мехостам як масъалаи заруриро аз Имом Абӯҳанифа бипурсам. Рафтам ва намози хуфтанро пушти сари эшон хондам. Сипас мунтазир мондам, то пас аз адои нафовил (намози нафл) масъаларо бипурсам. Эшон машғули тиловати Қуръон шуданд. Замоне ки ба ояти «Ва-вақоно азоба-с-самуми» (сураи Тур, ояти 1) расиданд (маънои оят «Аз азоби саропо шӯълаи оташи дӯзах маро ба дур дошт»), ин оятро то субҳ такрор карданд». Аз дигар сифатҳое, ки муҳаққиқон пайваста дар асарҳояшон такрор намудаанд, саховатмандӣ ва росткории Абӯҳанифа аст. Ба қавли шогирдаш Абуюсуф, ки муддати дарозе қозии хилофат буд: «Бисёр саховатманд буд. Ниёзашро пеши касе матраҳ намекард, мансабу мақом ва иззати дунявиро ҳақир мешумурд. Ҳамин тавр, ки аз молаш саховат мекард, дар нашру сарфи илм низ бисёр саховатманд буд». Боре имом ба аёдати мариз (касал) мерафт. Дар роҳ бо касе рӯ ба рӯ омад, ки аз имом қарздор буд. Он кас роҳашро дигар кард, вале Имоми Аъзам ӯро хонд ва пурсид, ки чаро роҳашро дигар кард. Ҷавоб дод: «Ман аз Шумо ҳазор дирҳам қарздорам, бо сабаби он ки то ба ҳол онро адо карда натавонистаам, хиҷолат намудам». Имом Абӯҳанифа қарзи ӯро бахшид.
Дар нисбати ҳурмати волидайн Имоми Аъзам на танҳо дар фиқҳи худ ин масъалаҳоро дар партави оёти Қуръон ва ҳадис ҳал кардааст, балки худаш намунаи ибрат будааст. Пеш аз расидан ба балоғат Абӯҳанифа аз падар маҳрум мешавад ва зери парастории модар мемонад. Абӯҳанифа доимо дар хидматаш камар баста буд. Модараш ба воизон (онҳое, ки дар масҷидҳо ваъзу суханронӣ мекарданд) эътимод дошт. Дар Кӯфа воизе бо номи Амр ибни Зар зиндагӣ мекард, ки модари Абӯҳанифа ба ӯ эътиқоди зиёд дошт ва ба писараш дастур медод, ки масъалаҳоро маҳз аз ӯ пурсад. Амри модарро иҷро карда, ҷавоби масъалаҳоро аз ӯ мепурсид ва ба модараш мерасонд. Вале Амр доимо узр мехост ва мегуфт: «Чӣ тавр метавонам дар пеши Шумо лабкушоӣ кунам». Абӯҳанифа мефаҳмонд, ки ин хоҳиши модараш аст. Дар аксари маврид Амр ҷавоби масъаларо намедонист ва аз Абӯҳанифа хоҳиш мекард, ки ҷавоби масъаларо бигӯяд ва ӯ онро такрор мекард. Баъзан худи модари Абӯҳанифа барои пурсидани ҷавоби масъала мерафт. Модар савора ва Абӯҳанифа пиёда. Бисёр иттифоқ меафтод, ки Амр ҷавоби масъаларо намедонист ва аз Абӯҳанифа мепурсиду ба модари Абӯҳанифа ҷавоб мегуфт. Рӯзе модар ҷавоби масъаларо аз Абӯҳанифа пурсид. ӯ ҷавоб дод, вале модар барои он ки қаноатманд шавад, онро аз Амр пурсиду ҷавоби Абӯҳанифаро ба ӯ гуфт. Амр  гуфт: «Ҷавоби Абӯҳанифа дуруст аст». Модар қаноатманд шуд. Аз ин маълум мешавад, ки Абӯҳанифа бо вуҷуди ҷавобҳои саволҳои модарро худ доданаш амри ӯро бе камукост иҷро намуда, модарашро назди Амр мебурд ё ҷавоби саволҳоро аз Амр мепурсид, ки ин нишонаи баланди эҳтироми модар аст.
Фиқҳи ҳанафӣ дар назди шавҳар ва зан шартҳои муайянро гузоштааст, ки ризояти ҳар ду тараф, эҳтироми якдигар, тарбияи фарзанди солеҳ, муҳаббат, иффату покӣ, муайян кардани вазифаҳои ҳар яке, ҳам мард ва ҳам зан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз ҷумла вазифаи зан иҷрои корҳои хона, иффат ва покӣ дар муносибат, худдорӣ аз носозгорӣ бо шавҳар, таълими фарзанд, муомилаи хуб бо шавҳар, қаноатпешагӣ мебошанд. Ҳамчунин мард бояд нисбати зан ҷиддӣ ва бо таваҷҷӯҳ бошад, зану оиларо бе нафақа нагузорад. Мард эҳтирому каромат нисбати зан дошта бошад, ӯро беҳуда озор надиҳад, доимо муҳаббат ва шафқат зоҳир намояд. Иҷрои ин талабот оиларо хеле устувор месозад. Дини ислом, ки худ дини эътидол аст, рӯҳбониятро, ки яке аз ҷиҳатҳояш тарки дунё кардан ва хонадор нашудан аст, рад мекунад. Издивоҷро яке аз суннатҳо дониста мустаҳкамии оиларо ба ҳукми шаръӣ тақвият мебахшад, муносибати ғайриникоҳии зану мардро маҳкум месозад.
Муҳимтарин масъала тарбияи фарзанд аст. Осори Абӯҳанифа ва панду насиҳатҳои ӯ беҳтарин роҳнамо барои тарбияи фарзанд мебошанд. Абӯҳанифа таълими илмро ба фарзандон аз олитарин вазифаи падару модар медонад.
Вақте кас дар партави таълимоти Абӯҳанифа ба тарбияи фарзандон менигарад, бисёр камбудиҳои тарбияи фарзандро дар оилаҳои имрӯзаи ҷомеа дармеёбад. Барои мисол таъкиди Абӯҳанифа барои беҳуда сарф накардани вақт, одат накардан ба либосҳои пурнақшу нигор ва гаронбаҳо, пӯшидани либосҳои тоза, тарбия дар мисоли шахсиятҳои шинохта, пайвастагии тарбияи фарзанд дар оила бо мактаб. Ҷавонони донишҷӯ имрӯз бо пӯшидани либосҳои номуносиб, овехтани зару зевар чунон одат кардаанд, ки Вазорати маориф маҷбур шуд қарори махсус қабул намояд, то аз бесару сомониҳо дар либоспӯшӣ пешгирӣ шавад. Он чӣ ки меҳру муҳаббат ва шавқи ҷавонро нисбат ба хондан ва таълим заиф месозад, метавонад ҳар гуна худнамоӣ, карру фар ва рафтори беҳударо талқин созад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ масъалаи маориф ва таълиму тарбия аз масъалаи афзалиятнок ҳисоб мешавад. Ҳукумат ба рушди маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, маблағгузориро ба он мунтазам зиёд карда истодааст. Диққати масъулонро ба он равона кардааст, ки сифати таълим беҳтар карда шавад, дараҷаи маълумоти хонандагон баланд бардошта шавад ва ҷавонон ба омӯзиши касбҳои нави мутобиқи талаботи замон машғул гарданд ва мактаб ҷавобгӯи меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ шавад. Дар ин замина гузаштан ба усулҳои нави таълим, аз ҷумла маълумоти кредитӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Дар тарбияи насли ҷавон ҳамкории оила ва мактаб шарти асосии муваффақият ва пешравӣ мебошад. Давлат кӯшиш дорад, ки шароити мувофиқи ҳамкориро дар байни онҳо муҳайё созад. Алалхусус, дар баландшавии дараҷаи дониш, шавқу завқи хонандагон ба таълим ва бартараф намудани ҳар гуна мамониате, ки ба ин кор халал мерасонанд, аз ҷумла истифодаи телефонҳои мобилӣ, истифодаи беҷои мошинҳои сабукрав, машғул шудан ба корҳое, ки ба раванди таълим халал мерасонанд, кӯшиш мекунад.
Абӯҳанифа ба алоқамандии дину ахлоқ чун ду ҷузъи бо ҳам пайваст нигариста, парвариши фазоил ва рафторҳои неки инсонро зарур медонист ва кӯшиш мекард, ки аз тариқи панду насиҳат ғубори ғафлатро аз чеҳраи фитрат бияфшонад. Дин на танҳо ба парвариши фазлҳои нек мепардозад, балки аз сифатҳои зишту бад пешгирӣ мекунад. Баъзе оятҳо ба монанди дастурҳои ахлоқӣ мебошанд, ки зомини саодати инсон дар зиндагии ӯ ҳастанд ва парҳез аз рафтори зиштро таъкид сохтаанд. Масалан, оятҳои 151-153-и сураи Анъом, ки сифатҳои некро таъкид карда, аз сифатҳои зишт дурӣ ҷустанро баён доштааст, даҳ дастури ахлоқиро пешниҳод менамояд:«Бигӯ, биёед он чиро парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: 1-чизеро шарики Худо қарор надиҳед; 2-ба падар ва модар некӣ кунед; 3-фарзандонро аз тарс (фақр) макушед, мо шумо ва онҳоро рӯзӣ медиҳем; 4-наздики корҳои зишт наравед, чи ошкор ва чи пинҳон; 5-нафсеро, ки Худованд муҳтарам шумурда ба қатл мерасонед, магар ба ҳақ ин чизест, ки Худованд моро ба он супориш додаст; 6-ба моли ятим ҷуз ба наҳви аҳсан наздик нашавед, то ба ҳадди балоғат бирасад; 7-ҳаққи паймона ва ваҷҳро ба адолат адо кунед; 8-ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноӣ таклиф накунед; 9-ҳангоме, ки сухан мегӯед, ҳарчанд дар бораи хешовандон, адолатро риоя кунед; 10-ба аҳди Худо вафо намоед. Ин чизест, ки худованд шуморо ба он супориш мекунад, то бувад, ки ба ақл дарёбед. Ин роҳи мустақими Ман аст. Аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои мухталиф ва инҳирофӣ пайравӣ манамоед, ки шуморо аз роҳи ҳақ дур месозад. Ин чизе аст, ки Худованд шуморо супориш мекунад, то парҳезгор шавед». Ин даҳ дастури ахлоқии қуръонӣ асоси назария ва амалияи ахлоқии мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам маҳсуб мешаванд, ки худ онҳоро риоя мекард ва ба дигарон талқин менамуд.
Дарёфти молу мулк дар фиқҳи ҳанафӣ амри ғаризаӣ бошад ҳам, он ғайримашрӯъ нест, кору касб ва фаъолияти солим подоши бузург дорад ва сарвати ҳалоле, ки инсон пас аз худ боқӣ мемонад, номи хайр дорад. Дар айни замон аз дунёпарастӣ ва сарватандӯзӣ аз роҳҳои нодуруст ва судхӯрӣ пешгирӣ мекунад. Осори фиқҳии Абӯҳанифа  масъалаеро равшан месозад, ки инсон ва ҷомеа набояд ба бебандубории ҳавою ҳавас, сарватпарастӣ машғул шаванд, зеро дар ин сурат ҷомеа дучори фасоди ахлоқӣ мегардад. Майлу хоҳишҳои волои инсонӣ бошад, баръакс, ҷомеаро ба арзишҳои баланди башарӣ ҳидоят мекунад, покию осудагиро ворид месозад ва дар айни замон рушди ҷомеаро таъмин мекунад. Дар ин замина метавон гуфт, ки барои солим гардонидани ахлоқи ҷомеа дин хизмати бузургеро анҷом медиҳад, зеро аз уфуқи боло, ки ҳидоятгари шахси диндор аст, сухан мегӯяд, аз он аҳкоме, ки бар инсони диндор ҳоким аст ва барои дарёфти арзишҳои баланди ахлоқӣ ёрӣ мекунад. Албатта, ба ақлу фитрати инсонӣ дарки бисёр арзишҳои ахлоқии инсон муяссар мегардад, вале он роҳ мушкил ва олудаи гумону нобовариҳо буда, замонати дурустии онро бисёр касон дарк карда наметавонанд. Дар ин маврид маҳз таълимоти баланди хушахлоқӣ дар инсон таконбахши кӯшиши инсон барои дарёфти арзишҳои ахлоқӣ мебошад ва кас агар таълимоти бузурги ахлоқиро, ки дар фиқҳи ҳанафӣ ифодаи худро ёфтааст, бо фитрат ва ақли солими худ бисанҷад, аз бузургии таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа дар шигифт мемонад. Ҳар гоҳ мизоне дар шинохти ҳусни амал ё қубҳи он бошад, ба осонӣ аз фиқҳи ҳанафӣ метавон дарёфт кард, аз рафтори неку бад метавон ба хубӣ огоҳ шуд. Таълимоти фиқҳи ҳанафӣ шинохти қубҳ ва ҳусни ахлоқиро амри ақлӣ ва виҷдонӣ муаррифӣ мекунад ва дар ҳукми онҳо виҷдонро шоҳид ва гувоҳ мегирад. Пас виҷдон дар ҳукми худ ва усули муайяни шинохти ахлоқӣ мебошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон аслҳои озодии виҷдон, ки худ намунае аз арзишҳои ахлоқӣ мебошад, ба ҳукми қонун озодиҳои ба даст овардаи инсонро ҳимоят мекунад. Озодии виҷдон, ки қабл аз ҳама озодии эътиқоди динӣ ва ҳар гуна дигар шаклҳои эътиқод аст, аз нигоҳи ҳуқуқӣ пурра таъмин шудааст. Қонуни нави қабулшуда дар бораи озодии виҷдон тамоми имконро барои диндорон, рушди камоли онҳо, вусъати ибодат ва таълими динӣ фароҳам сохтааст. Ҳар шаҳрванд дар интихоби эътиқоди динӣ ва иҷрои маросимҳои он комилан озод буда, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯро давлат кафолат медиҳад. Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо меъёрҳои байналмилалии озодии виҷдон мувофиқ буда, ҳамаи он ӯҳдадориҳоеро, ки бо имзои санадҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст, инъикос кардааст. Ҷиҳати муҳими ин қонун алоқаманд будани меъёрҳои он бо арзишҳои ахлоқӣ мебошад, ки ахлоқ ва одоби арзишманди мардуми тоҷикро ифода кардаанд.
Ахлоқи ҷомеа масъалаест, ки аз ҳудуди як миллат ва давлат берун рафта, хусусияти умумибашарӣ дорад ва арзишҳои ахлоқӣ бо доираи махсуси одамон маҳдуд намегарданд. Он аз як тараф рафтору кирдори ҳар фарди ҷомеа, гурӯҳи миллати муайянро дар бар гирад, аз дигар тараф арзишҳое вуҷуд доранд, ки рафтори тамоми башариятро ифода мекунанд. Вале вазифаҳои ҳар фард ва ҳар қавму миллат ва давлат мушаххас аст. Вазифаи имрӯзаи мардуми ҷумҳурии мо такомули ахлоқии он дар партави чи арзишҳои миллӣ, динии халқи тоҷик ва чи умумибашарӣ мебошад. Аз ин ҷо баҳрамандшавии мардум аз таълимоти бузургони илму фарҳанг, дину мазҳаб, ки на фақат бо арзишҳои ахлоқии ҷомеаи муосир мувофиқат доранд, балки дар аксари маврид ифодагари идеали ахлоқӣ мебошанд, ба пешрафти ахлоқию маънавии ҷомеа ёрӣ мекунад. Дар ин замина муҳимтарин масъала тарбияи ахлоқии ҷавонон аст. Маҳз аз ахлоқи насли наврас бунёди муҳити солими ахлоқӣ, такмили маънавии ҷомеа ва ояндаи миллату кишвар вобаста аст. Ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам ва тарғиби таълимоти ахлоқии ин нобиғаи миллат ба дарку омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, беҳтар сохтани муҳити ахлоқӣ ва болоравии сатҳи маънавии мардум аз ҳар ҷиҳат ҳидоят мекунад, дар ҷомеа адлу инсоф, рафтори хубу некро ривоҷ мебахшад, ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳу осоиш ва рифоҳи ҷомеа қувват мебахшад.


Баёни ақида (1)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 12370

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед