logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, 4 октябри соли 2016

Ҳамватанони  азиз!
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.  
Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Хушбахтона,  миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.
Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст. Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре ки таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Бори дигар кулли ҳамватанони азизамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, яъне воситаи муҳимтарини муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати фарҳангии тоҷик табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми тоҷик суботу оромӣ, ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун ва ба забони давлати соҳибистиқлоламон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 12460

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед