logo

фарҳанг

ХУҶАНД МИЗБОНИ МАҲФИЛИ АДИБОН

Машварати омӯзишии адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 нафар эҷодкорро аз тамоми гӯшаву канори кишвар дар шаҳри Хуҷанд сарҷамъ кард. Ин чорабинӣ бо иштирок ва суханронии муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, шоирон ва арбобони илми Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
 
Ҷавонони боистеъдоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар давоми чор рӯз ба бахшҳои назм, наср, очерку публитсистика, асарҳои ҳаҷвӣ ва шеъри кӯдак тақсим шуда, осори тозаэҷоди худро ба баррасии устодону донишмандон гузоштанд.
- Ин машварат бори дигар собит менамояд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи тамаддуну фарҳанг оқилонаву саривақтӣ буда, барои тарбияи насли воқеан ҳам мутамаддину огоҳ мусоидат мекунад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат дар аксари суханрониву вохӯриҳо фарҳангу адабро яке аз омилҳои асосии бақои миллат хонда, рушди босуботи илму маорифро таҳрики тоза мебахшад. Дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз «Ман шоиронро дӯст медорам», гуфтани Пешвои миллат далели рӯшани меҳру самимияти Президенти мамлакат ба зиёиёну адибони кишвар буд, -  изҳор дошт раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим.
Машварату муҳокимаи осори адибони ҷавон дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ сурат гирифт. Барои баррасии эҷодиёти навқаламон олимону шоирон Матлубаи Мирзоюнус, Нуралӣ Нурзод, Абдуҷаббори Суруш, Адибаи Хуҷандӣ, Озарахш ва дигарон ҷалб гардиданд.
- Баргузории машваратҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои тозазуҳуркардаи адабиёт мусоидат карда, дар рафти он эҷодкорон бояд аз устодону мутахассисони соҳа омӯзишу муҳокима, таҳриру таҳлил ва қоидаву қонуни адабиёт ва жанрҳои маъмули онро ба дурустӣ биёмӯзанд, - тазаккур дод Аҳмадҷон Раҳматзода, котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
5 октябр дар робита ба қадрдониву арҷгузории забони тоҷикӣ дар Кохи Арбоб Рӯзи забони давлатӣ таҷил гардид. Дар ин ҷашни бошукӯҳ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Вализода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва доираи васеи аҳли фарҳанг иштирок доштанд. Муовини раиси вилоят таъкид намуд, ки рушду инкишофи забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин мазмун, дар замони соҳибистиқлолии кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар корҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт. Имрӯз забони тоҷикӣ ба унвони забони милливу давлатӣ  ба рамзи ҳабастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Адибони кишвар пос доштани расму оин ва анъанаҳои ниёгонро дар вилоят хуш пазируфта, бо ибтикори Пешвои миллат ва иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба Ватани худ бозовардани хоки турбати Камоли Хуҷандӣ ва бунёди мақбараи ӯро нишони эҳтироми бепоён ба фарҳангу тамаддун хонданд. Дар рафти маҳфил шоирони ҷавон, ки чун истеъдодҳои тоза шинохта шуда буданд, шеърхонӣ карда, аз ҷониби раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо Девони Камоли Хуҷандӣ, китоби дуҷиладаи Фарзона, маҷаллаи «Камолшиносӣ» ва чандин китобҳои тозанашри маркази камолшиносӣ қадрдонӣ гаштанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 3141

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед