logo

маориф

ДАРГОҲИ УМЕД

Мактаб - интернати кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод  яке аз калонтарин муассисаҳои парастории кӯдакони камбизо-ат мебошад. Дар ин даргоҳ даҳҳо кӯдакони оилаҳои ниёзманд ба ҷуз аз навоҳии водии Рашт, инчунин  аз шаҳру навоҳии Душанбе, Кӯлоб, Данғара, Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ таълиму тарбия мегиранд. 
 
Дар суҳбат бо мо директори мактаб - интернати мазкур Афзалшо Раҳматуллоев аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки имсол 8 нафар хатмкунандаи ин муассиса,  аз ҷумла 3 нафар тариқи квотаи ҷудонамудаи Прези-денти мамлакат ба мактабҳои олӣ ва 6 нафар ба техникуму коллеҷҳо  дохил шудаанд. 
Имсол биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ, ки аз се ошёна иборат мебошанд, аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Инро мо ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти мактаб-интернат мушоҳида намудем. Ростӣ, сифати таълим, ҷараёни дарсҳо, интизоми хонандагон ва тозагию тартиботи он аз аксар муассисаҳои таълимии дигар тафовут дорад. Зимни мулоқот мо аз чеҳраҳои хандону самимии духтарону писарон  эҳсос намудем, ки аз шароити мусоиди зист ва имконоти хуби таҳсил қаноатманданд.
Мактаб -  интернати кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод соли 1954 дар базаи мактаби № 1-и ноҳия таъсис шуда, соли 1997 бо мақсади дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики-стон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим табдил шуд.
 Мактаб – интернат барои 200 нафар сохта шуда, айни ҳол дар он 208 нафар, аз ҷумла 151 нафар писар ва 57 нафар  духтар таълиму тарбия мегиранд. Ба таълиму тарбияи онҳо 21 нафар омӯзгор ва 13 нафар мураббиён машғуланд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2016    №: 208    Мутолиа карданд: 5732

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед