logo

иқтисод

90 СОЛ. СУХАН ДАР БОРАИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ МЕРАВАД

Дирӯз дар Кохи Ваҳдат бахшида ба 90 - солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
 
Дар он намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Молдова ва Беларус,  вазорату идораҳои давлатии кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуда, вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби соҳаи обуҳавошиносӣ андешаронӣ карданд.
Муовини раиси кумита Ойхон Шарифова ва директори агентӣ Расулзода Ҳомид ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, фаъолияти қариб якасраи агентиро бо назардошти дастовардҳои назаррас, ки дар тамоми ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат нақши он пурра эҳсос мешавад, мусбат арзёбӣ намуданд. Дар ташаккули Агентии обуҳавошиносӣ татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ, дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ҳамчунин, таъсиси экспидитсияи муҳташами илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба омӯзиши вазъи кунунии пиряхҳо, дастрасӣ ба техника ва таҷҳизоти муосир нақши калидӣ гузошт. Ба гуфтаи намояндаи ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Ван Жан,  маҳз ҳамкории ҳамаҷонибаи агентӣ бо минтақаҳо имконият фароҳам овард, ки Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар бартарафсозии хавфи офатҳои табиӣ саҳми бештар гирад. Александр Фралов, роҳбари Хадамоти федералии «Росгидромет», дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории пурмаҳсул бо кишвари дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат, махсусан соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии об, энергетика ва нақлиёт тавассути пешрафти Агентии обуҳавошиносӣ диққати махсус дод. Ба гуфтаи ӯ, тақвияти ҳарчи зиёди мушоҳидаҳои гидрологӣ дар бахши муайян кардани сатҳ ва сарфаи об, ҳарорати об, барқарор ва зиёд гардондани шумораи дидбонгоҳҳо дар болооби кӯлу дарёҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифати ҳавопаймоӣ ҷиҳати дастрасии дақиқи маълумот оид ба вазъи боду ҳаво муҳиму манфиатовар аст.
Дар охири ҷамъомад як гурӯҳ кормандони Агентии обуҳавошиносӣ бо ифтихорнома, нишони сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Маросим бо тамошои филми мустанади «90 соли роҳи пуршарафи агентӣ» ба анҷом расид.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2374

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед