logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо  Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.


- Кадом намудҳои фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд?
П. Ғоибназарова, сокини ноҳияи Рӯшон
 
- Мувофиқи моддаи 8 - и Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд:
Фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоркардашудаи давлатӣ алоқаманд мебошанд; фаъолияти эҳсонкорӣ; фаъолияти динӣ; фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ; фаъолияти муассисаҳое, ки аз ҳисоби муассис маблағгузорӣ карда мешаванд ва аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро гардидани кори кироя.
Қонунгузор, инчунин, намудҳои зерини фаъолиятро аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намекунад, ба шарте ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосӣ набошад:
Ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзӣ; ба иҷора додани молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул; додани молу мулк ба идоракунии боэътимод; харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он; харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар.
* * *
- Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ бо тартиби судӣ ситонда мешавад, чӣ қадар аст?
Н. Парзшоева, сокини шаҳри Хоруғ
 
- Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ аз волидайни онҳо, ба шарте ки ҷойи кори муайян дошта бошанд, ҳар моҳ ба андозаҳои зерин алимент рӯёнда мешавад:
Чоряки музд ё дигар даромад (25 дарсад) – барои як кӯдак; сеяки музд ё дигар даромад (33 дарсад) – барои ду кӯдак; нисфи музд ё дигар даромад (50 дарсад) – барои се ва зиёда кӯдак. Масалан, агар маоши расмии ҳамсар 550 сомонӣ бошад ва андозаи алимент барои 2 кӯдак 1/3 маоши ҳамсарро ташкил диҳад, пас дар ин ҳолат андозаи алимент 181,5 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
* * *
- Ба кадом мақомот ваколати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ вогузор аст?
Шаҳноза, шаҳри Қӯрғонтеппа
 
- Ҳар як тиҷорат (фаъолияити соҳибкорӣ) бояд дар мақомоти дахлдор ба қайд гузошта шавад. Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 19 майи соли 2009, таҳти № 508 мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 2700
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед