logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Рустам ШОҲМУРОД,
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Конститутсияи давлати мо дар шароити вазнини таърихӣ барои миллати тоҷик таҳия ва қабул гардид. Бо вуҷуди он, ин санади олии ҳуқуқӣ тавонист мисли шаҳсутуни бинои давлатдорӣ тайи ин солҳо иморати давлати миллии моро устувор нигаҳ дорад. Маҳз дар заминаи он шакли идораи давлат, сохтори ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, муносибати тарафайни давлат ва шаҳрванд таҳия гардида, низоми ҳуқуқии кишвар роҳи таърихии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
 
Ҳуқуқу озодиҳои инсони озод, ки Конститутсия тавассути озодиҳои сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва ҳамкориҳоро кафолат додааст, заминаи бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандист. Зеро озодии ҷомеа аз озодии фардҳо ибтидо мегирад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсия бо эълон доштани як зумра ҳуқуқу озодиҳои  инфиродӣ ва дастаҷамъона шаклгирии ҷомеаи кушодаи худрушдкунандаро масъалагузорӣ менамояд, ки дар он субъектҳо имконияти озоди зиндагӣ ва назорати ҷамъиятии низоми идоракуниро ба дӯш доранд.
Конститутсияи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқиро ҳадафи худ қарор дода, инсонро дар маркази сиёсати ҳуқуқии давлат мегузорад. Эҳтиром ба қонун, арзишҳои олии инсондӯстона, муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз дастовардҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии хусусияти миллидошта ба ҳисоб мераванд.
Мавҷудияти озоди ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равияҳои гуногуни сиёсӣ, ки дар паҳнои гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ фаъ-олият намуда, ифодагари шаклҳои гуногуну озоди ҳамзистии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии шаҳрвандон аст, рукни муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати чунин фазои озоди гуногунандешӣ ва мафкуравӣ, роҳҳои қонунии фаъолияти онҳоро тавассути қонунҳои соҳавӣ пешбинӣ намудааст. Айни замон  дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2600 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳашт ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ, 35 иттифоқи касаба ба расмият шинохта шудааст. Гуногунандешӣ ҳамчун усули мавҷудияти инсонҳои озод, ботафаккур ва сатҳи фаҳмишу ҷаҳонбинии хоса имконияти озод ва табиии иштироки ҳар шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ фароҳам меорад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи кишвар заминаи рушд ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муҳайё кардааст.
Моддаи 8 Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст. Ин танҳо ба он хотир аст, ки унсурҳои иҷтимоӣ, қишрҳои ҷамъият ва фазои андешаи ҷамъиятӣ набояд пойбанди як назар ва биниш буда, доимо майдони озоди ташаккули андеша ва мафкураҳои созандаю бунёдгароёнаро таъмин созанд.
Маълум ва равшан аст, ки ҳаёти инсонӣ ва нигоҳи илмию назариявӣ доимо рушд ва такомул ёфта, дар ҳоли тағйирпазирию дигаргунӣ қарор доранд. Аз ин хотир, озод вогузор намудани паҳнои ғоя ва арзишҳои роҳнамои мафкуравӣ ва миллӣ гарави ҷомеаи солим ва рушдкунанда маҳсуб ёфта, ба ҳар ҳизб, гурӯҳ, иттиҳодия ва ҳатто инсонҳои ҷудогона имкон фароҳам меорад, ки фикру андеша ва назари худро барои пешрафт ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ баён ва пешниҳод намоянд.
Ҷомеаи шаҳрвандии давлати мо рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои динию ҷамъиятӣ мафкураҳоеро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид созанд, ки онҳо ба муқаддасоти миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми  қонунияти давлатӣ латма ворид кунанд. Зеро ин озодӣ ва гуногунандешӣ низ сарҳади худро дорад, ки он дар манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати миллӣ нуҳуфтааст. Маҳз ба ҳамин хотир, моддаи 8 - и Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи  зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст. Ҳамзамон, дар шароити гуногуншаклии мафкуравӣ инкор кардани мафкураи давлатӣ, ки ба сатҳи низоми меъёрии ҳуқуқӣ бардошта шудааст, мумкин нест, зеро он метавонад дар амал ба коҳиши сохти давлатӣ оварда расонад. Маҳз ҳуқуқ ва қонун асоси ба ҳам наздикшавии манфиатҳои умумӣ ва мақсадҳои давлат ва ҷомеа мебошанд.
Роҷеъ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаи фардҳои озод, ки манфиатҳои шахсиашон дар паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ қомат афрохта, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар равиши арзишҳои умумидавлатӣ риоя ва татбиқ мегарданд, изҳори назар намуда, оид ба се нуқтаи калидии чунин ҷомеа, ки Конститутсияи давлати мо пешбинӣ намудааст, бояд изҳори назар намуд.
Унсури аввалин ва умдаи чунин ҷомеа - дастрасии халқ ба ҳокимияти давлатист. Моддаи 6 Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, таҳкурсии ҷомеаи озоди худрушдкунандаро дар шаклгирии ҳокимияти давлатӣ тарҳрезӣ намудааст.  Рукни дуюми ҷомеаи шарҳвандӣ - инсонҳои озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки моддаи 5 Конститутсия ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, моддаи 14 мақсад, мазмуни қонунҳо ва фаъолияти ҳамаи  шохаҳои ҳокимияти давлатиро тобеи риоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон гардондааст. Ва ниҳоят, гуногунандешии сиёсӣ ва таъмини фазои озоди мафкуравӣ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар се унсури асосӣ ва таҳкурсии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсия ва қонунҳои давлати мо ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудаанд. Муҳим он аст, ки аз ин неъмати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ба манфиати худ ва давлатамон дуруст ва самаранок истифода барад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2016    №: 215    Мутолиа карданд: 2159

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед