logo

туризм

ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ. ЧАРО ОНРО ДАР РАШТ РУШД НАДИҲЕМ?

Рашт яке аз ноҳияҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои табиати рангин ва ёдгориҳои таърихии зиёд мебошад. Обҳои софу мусаффо чор фасли сол ҷорианд. Дараҳои хушманзару овозадори Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва мавзеи таърихии Фолума дили ҳар бинандаро тасхир месозанд.
Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристӣ нишон доданд, ки ноҳияи Рашт вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёди рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароити нодири табиӣ, манзараҳои дилфиреб, мероси фарҳангӣ ва фарҳанги этникии мардуми маҳал дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳад. Барои ташаккул ва рушди туризми экологӣ  маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим аст.
Сайдаҳрор Сайҷалолов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, гуфт, ки дар шароити иҷрои пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ҳамасола ташрифи зиёда аз 300 нафар сайёҳи хориҷӣ ва зиёда аз 1000 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳияи Рашт пешбинӣ шудааст. Баҳри татбиқи талаботи барномаи мазкур қарори раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди туризм дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2015-2017» қабул ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия гардидааст. Тайи як соли охир роҳбарияти ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии  аҳолӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида, шоҳроҳи ҳудуди ноҳия ва роҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баровард.
Мавзеъҳои тамошобоби ноҳия метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб созанд. Ҳусни маркази ноҳия низ хеле зебо гардидааст. Туризми дохилӣ дар ноҳия ба ҳадди лозимӣ    фаъолият дорад, вале туризми хориҷӣ то ҳол мувофиқи матлаб роҳандозӣ нагардидааст.    
Бино ба гуфтаи С. Сайҷалолов, мушкилоти асосии ин самт набудани ширкатҳои сайёҳӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа мебошад. Ҳамчунин, соҳибкорони маҳаллӣ бо сабаби надоштани сармоя ва баланд будани фоизи қарзии бонкҳо имконияти  сохтани марказҳои хизматрасониро дар мавзеъҳои тамошобоби кӯҳӣ надоранд. Ташкил кардани хатсайрҳо, харитаи мавзеъҳои тамошобоб ва паҳн намудани иттилоот дар шабакаи интернет ба рушди соҳаи туризм дар ноҳия низ мусоидат хоҳад кард.
- Татбиқи самараноки барномаи рушди туризм дар ноҳияи Рашт ва дастгирии соҳибкорон дар ин самт  ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти туристии маҳаллӣ ва воридшавии ноҳия ба низоми бозори хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд. Зеро дар натиҷаи таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ соҳаи сайёҳӣ метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти ноҳия мубаддал гардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 8163

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед